Сомонаи пешина | Яш, 24 Январ 2021 / 14:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Онлайн озмуни IX байналмилалии навозандагони ҷавон

Дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 1 июн то охири соли 2020, Озмуни IX байналмилалии навозандагони ҷавон оид ба мусиқии классикии касбӣ тариқи онлайн баргузор гардид. Озмуни мазкур аз ҷониби Маркази Ҷавонони “КАИНАТ”-и Ҷумҳурии Озарбойҷон дар се давр ташкил шуда, довталабон дар номинатсияҳои мухталифи созӣ-касбӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Туркия, Миср, Марокко, Тотористон ва Бошқирдистон ширкат варзиданд.

Даври ниҳоии озмун охири моҳи декабри соли 2020 ҷамъбаст гардида, дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар довталаб Ҷалолиддин Абдуллоев – хонандаи синфи 11 Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М.Атоев ва Муаттара Маликова – хонандаи синфи 4 Мактаби санъати бачагонаи №3 ба номи А.Ленскии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар натиҷа, Ҷалолиддин Абдуллоев бо Дипломи дараҷаи 2 дар сози фортепиано, Маликова Муаттара ҳамчун иштирокчӣ бо Сертифткати махсуси озмун ва Сангалӣ Ҳамидов ҳамчун аъзои ҳакамони озмун бо Сертификати махсуси озмун сарфароз гардонида шуданд.

Дар радифи ҳамкориҳо ва робитаҳои фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон тибқи супориши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил ва баргузории озмуни IX байналмилалии навозандагони ҷавонро муовини раиси Иттифоқи композторони Тоҷикистон Сангалӣ Ҳамидов ба зимма дошт.