Сомонаи пешина | Яш, 24 Январ 2021 / 15:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ҚАБИЛАИ ДУГОНИКҲО, КИ СОҲИБИ ЧЕҲРАИ ХУД ШУДАНД

Санъаткорони Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров ба кӯдакон ва наврасон намоиши ҷолиберо аз рӯи пйесаи Мансур Суруш «Қабилаи дугоникҳо» тақдим намуданд. Коргардон — басаҳнагузорандаи он  Умед Хусравов мебошад.

Дар намоиш сухан дар бораи қабилае меравад, ки дар он одамон бо ҷодуи Деви даҳшатнок, ки онҳоро ғулом кардааст, ҳама як чеҳраро гирифтаанд, то агар бигурезанд, шинохта ва баргардонида шаванд. Аммо як чӯпони ҷавон, ки нақши ӯро Ҷобиршо Хубоншоев бозидааст, дар кӯҳҳо чашмаи муқаддаси ҳаётбахш меёбад. Пас аз шустушӯ дар оби он ҳар шахс аз қабила чеҳраи худро пайдо мекунад. Баъд одамон муттаҳид шуда, Деви асиркунандаро шикаст доданд ва аз юғи ғуломӣ раҳо ёфтанд.

Ғояи худшиносии миллӣ, муҳаббат ба сарзамини ниёгон ва рағбати абадии одамон ба озодӣ асоси намоишро ташкил медиҳанд. Воқеан, маҳз ҳамин идея аз тамоми нутқҳо ва суханрониҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун хати сурх мегузарад.

Театри Хоруғ қаблан ба эҷодиёти нависанда, драматург, рӯзноманигор ва тарҷумон, лауреати ҷоизаҳои ба номи С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ, шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур Суруш муроҷиат карда буд. Пештар дар ин театр тамошобинон намоишеро бо номи «Вирод» дида буданд, ки маънояш дар тарҷума аз забони шуғнонӣ «Бародар» аст.

АМИТ «Ховар»