Сомонаи пешина | Яш, 24 Январ 2021 / 14:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол-2020”

Рӯзи 31.12.2020 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол-2020” доир гардида, барои ғолибони китоби назм, наср, публисистика ва назму насри бачагона дипломҳо ва мукофотҳои пулӣ супорида шуданд.

Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол-2020” бахшида ба пешвози 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти беҳтарин асарҳои бадеӣ ва илмӣ-тадқиқотии муосири тоҷик, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, мазмуну муҳтавои онҳо мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амният, садоқат ба Ватан бахшида шудаанд, ҷамъбаст шуд.

Ба озмун аз тарафи муаллифон 39 унвон китобҳои тозанашри бадеии назму наср, публисистӣ ва назму насри бачагона пешниҳод гардид.

Дар бахши назми озмун Сафар Аюбзода Маҳзун барои таълифи китоби «Таронаборон», Бузургмеҳри Баҳодур барои китоби «Баҳор овардан осон нест...», Сафар Амирхон барои китоби Пайғом ва Шаҳрия Аҳтамзод барои китоби «Таронаҳои ватандорӣ» ғолиб гардиданд.

Дар бахши наср Сироҷиддин Икромӣ барои таълифи китоби «Подош» (маҷмӯаи ҳикояҳо), Неъматулло Худойбахш барои китоби «Ман хабаркаши модарам» ва Зулфия Атоӣ барои нашри китоби «Бе ситора нестам» қадрдонӣ карда шуданд.

Дар бахши асарҳои публисистӣ Ҳасан Асоев барои нашри китоби «НБО-и “Роғун”-кафолати рушди устувори минтақа», Сабрин барои китоби «Гули худрӯи Бартанг» ва Абдуғаффор Абдуҷаббор барои нашри китоби «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айтматов» ғолиб дониста шуданд.

Дар бахши асарҳои назми бачагона Гулназар Келдӣ барои таълифи китоби «Бо ҳам мо-Тоҷикистон» ва Муродалӣ Собир барои китоби «Чашмасор» қадрдонӣ карда шуданд.

Инчунин, дар озмун асарҳои насри бачагона низ ғолиб дониста шуданд. Аз ҷумла, нависанда Маҷид Салим барои асари «Шоҳпарак ва рангинкамон», Гулчеҳра Муҳаммадиева барои асари «Яке буд, яке набуд» ва Сайидо Шарафӣ барои ҳикоёти «Шодии талх» ғолиб дониста шуданд.

Бояд қайд намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол” тибқи нақшаи фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз соли 2007 инҷониб гузаронида мешавад.