Сомонаи пешина | Пш, 18 Июл 2019 | 19:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мардуми Восеъ Паёми Пешвои Миллатро роҳнамои кору зиндагӣ қарор доданд

 Чанде  қабл дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон сафари хизматӣ анҷом дода, оид ба моҳият ва самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли 2017 ироа гардид, вохӯриҳо баргузор намуданд.

Гурӯҳи корӣ, ки аз намояндагони сохтор ва мақомоти гуногуни кишвар иборат буд, дар шаҳраки Восеъ ва ҷамоатҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мирзоалӣ Вайсов, Абдӣ Авазов, Гулистон, Тугарак, Миралӣ Маҳмадалиев, Худоёр Раҷабов 56 вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, бо мардум аз наздик суҳбатҳо намуданд.

Боиси зикр аст, ки истиқоматкунандагони ҷамоати деҳот бо як ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ аз дастовардҳои мардумии маҳалҳо намоишҳо ороста, меҳмононро бо чорабиниҳои фарҳангӣ пешвоз мегирифтанд. Намоиши васеи ҳунарҳои мардумӣ – маҳсулоти корҳои дастии сокинони маҳалҳо дар ҷамоати деҳот гувоҳи он буданд, ки дар ноҳияи Восеъ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти хоса зоҳир менамояд. Раиси ноҳияи Восеъ  Мӯсо Ғафурзода барои ташвиқи истеҳсоли ҳунарҳои дастии мардумӣ баъзе аз маҳсулоти офаридаи мардумро барои истифода дар муассисаҳои томакбабӣ ва фарҳангӣ, тавассути дастгирии соҳибкорон харидорӣ менамуд.

Сокинон ҳар як суханронӣ ва баромади меҳмононро оид ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ бо диққат гӯш дода, фикру андеша ва суолҳои худро иброз медоштанд. Аз суханҳои сокинон аён буд, ки онҳо Паёми Пешвои миллатро роҳнамои кору зиндагӣ қарор додаанд ва вохӯриҳо бо ҳайати гурӯҳи корӣ ба онҳо таассуроти нек гузоштааст.