Сомонаи пешина | Яш, 20 Октябр 2019 | 09:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фестивали гурӯҳи эҷодии кӯдаконаи «Ҳафтранг»

19 январи соли 2018 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали гурӯҳи эҷодии кӯдаконаи «Ҳафтранг» бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид. 

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар ифтитоҳи чорабинӣ иштирокчиёни Фестивал ва наврасони соҳибистеъдодро, ки дар соли сипаригардида санъати халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, дар озмуну фестивалҳо соҳиби ҷойҳои намунавӣ гардида буданд, табрик гуфта, ба онҳо дар ҷодаи ҳунар ва санъат боз парвози баландтарро таманно намуд ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳангро супорид.

Сипас, барномаи ҷолиби консертӣ, ки аз намунаҳои беҳтарини мусиқии классикиву муосир, сурудҳо бо забони тоҷикиву русӣ ва фаронсавию англисӣ, инчунин рақсҳои дилангез иборат буд, манзури тамошобинон гардонида шуд.

Нафарони зерин бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардиданд: 

- Ҷаннат Ҳусейнзода - донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов,

- Идибек Тошев - хонандаи Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев,

- Мадина Ақназарова - донишҷӯи соли 4-уми бахши сурудхонии академии Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов,

- Зафар Абдуалимов - ҳунарпеша,

- Некрӯз Зребунов - донишҷӯи соли 1-уми факултаи санъати сарояндагии эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов,

- Дилноза Абдуалимова - донишҷӯи соли 1-уми кафедраи фортепианои тахассусии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов,

- Амал Ҳафизова - хонандаи синфи 11-и Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8 шаҳри Душанбе,

- Томирис Илназарова - хонандаи синфи 7-и Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6 шаҳри Душанбе,

- Табрез Халилов - хонандаи синфи 7-и мактаби мусиқӣ ба номи Шоҳназар Соҳибов,

- Таҳмина Рамазонова - солисти гурӯҳи «Авесто», роҳбари студияи овозии «Ҳафтранг».

Боиси зикр аст, ки соли 2017 Амал Ҳафизова дар озмуни телевизионии «Бо тамоми овоз», ки дар Федератсияи Россия баргузор гардида буд, сарояндаи беҳтарин байни духтарон интихоб гардида буд. Дилноза Абдуалимова, Томирис Илназарова ва Некруз Зребунов низ дар озмуни мазкур ҳунарнамоӣ карда, дар мусобиқаи гурӯҳӣ байни намояндагони давлатҳои ИДМ сазовори ҷои дуввум гардида буданд.

Консерти камеравии Ҷаннат Ҳусейнзодаи 10-сола моҳи декабри соли 2017 дар қароргоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Пекин бо даъвати Котиботи СҲШ дар доираи силсилаи «Нӯҳ нотаи сеҳрофар» баргузор гардида, истеъдоду ҳунари навозандагии тоҷикдухтари хурдсол ҳамаро мафтун карда буд.

Идибек Тошев соли 2017 дар XII Бозиҳои Делфии Россия ва кишварҳои ИДМ, ки дар вилояти Свердсовски Федератсияи Россия баргузор гардида буд, иштирок намуда, дар навозиши рубоби прима маҳорати беҳамто нишон дод ва байни 2318 нафар иштирокчиён сазовори медали тилло гардид.