Сомонаи пешина | Пш, 16 Август 2018 | 04:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Зодрӯзи Саидои Насафӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои шахсони маъруфи ЮНЕСКО ворид гардид

Дар ҳошияи иҷлосияи 39 Конфронси генералии ЮНЕСКО номинатсияи 400-умин солгарди таваллуди шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Миробид Саидои Насафӣ барои ворид гардидан ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2018-2019 қабул гардид.

Бахшида ба таҷлили 400-умин солгарди таваллуди шоир Саидои Насафӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои 2018-2019 баргузории чорабиниҳои гуногун аз ҷумла, конфронсу семинарҳо, намоишгоҳҳо, мизҳои мудаввар, барномаҳои ҳунарӣ ва мубодилаи афкор дар ин мавзӯъ дар назар аст.