Сомонаи пешина | Чш, 20 Ноябр 2019 | 10:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Рӯзи театри тоҷик ҳунарпешаҳо ва ҳаводорони санъати театриро ҷамъ овард

 

7 ноябри соли 2019 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба ифтихори Рӯзи театри тоҷик чорабинии бошукӯҳи идона ба вуқуъ пайваст.

Дар чорабинӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Бобошозода, аҳли зиё, собиқадорону ҳунармандони театрҳои ҷумҳурӣ, устодону донишҷӯён ва дӯстдорони санъату фарҳанги мамлакат иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо намоиши «Гирдбоди Айнӣ», ки ҳунарпешагони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов манзури бинандагон гардониданд, ҳусни оғоз пазируфт.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳунармандони мамлакатро ба муносибати Рӯзи театри тоҷик самимона шодбош гуфта, зикр кард, ки миллати тоҷик дар гузашта ва имрӯз низ‚ пеш аз ҳама, бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. “Фарҳанги миллии мо дар тарбияи худшиносӣ‚ ҳисси миллии мардум‚ махсусан ҷавонон нақши муҳим бозида‚ дар ташаккули маънавиёти ҷомеа‚ ватанпарастиву расидан ба қадри неъмати бебаҳо – Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъсири амиқ мерасонад”,-зикр намуд Вазири фарҳанг.

Ӯ инчунин илова намуд, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон театри тоҷик марҳилаи тоза касб карда, дар интихоби барнома, таҳияи асарҳои гуногунжанри дорои арзишҳои баланди бадеӣ озоду соҳибҳуқуқ гардида, ба майдони хеле васеи тарғиби суннату арзишҳои миллӣ табдил ёфтааст. “Умедворем‚ ки минбаъд ҳам аҳли ҳунари театр дар тарғибу ташвиқи арзишҳои волои маънавии мардуми тоҷик ва дастовардҳои даврони истиқлолияти мамлакат саҳми муносиб мегузоранд”,-иброз дошт Шамсиддин Орумбекзода.

Муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Бобошозода ҳозиринро ба муносибати ин санаи фархунда табрик гуфта, иброз дошт, ки “театри тоҷик дар тӯли мавҷудияти худ барои тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва ғановати фарҳангии мамлакат хидматҳои пурарзиш кардааст. Дар ин давра театр марҳилаҳои мухталифу таҳаввулоти зиёди эҷодиро аз сар гузаронида, чандин насли ҳунармандонро дар оғўши худ ба камол расонидааст”.

Сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Умарҷон Эмомалӣ ба табрики ҳунарпешагону собиқадорони театри тоҷик омада, аз номи Вазири корҳои дохилӣ ба онҳо туҳфаҳои арзишнок супорид.
Зимни ҳамоиши идона зикр шуд, ки Рӯзи театри тоҷик ба таъсиси Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ иртибот дорад, зеро театри мазкур 7 ноябри соли 1929 таъсис ёфтааст.

Дар идомаи чорабинӣ ҳунарпешагон аз театрҳои ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи театри тоҷик сухан гуфта, хотироти хешро нақл карданд. Инчунин аз намоишҳои беҳтарин порчаҳо нишон дода шуданд.

Саҳнаи театр бо аксҳои лаҳзаҳо аз намоишҳои зиёде, ки тӯли солҳо ба саҳна гузошта шуда буданд ва расмҳои калони ҳунармандоне, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, оро ёфта буд.

Ҳофизони шинохтаи ҷумҳурӣ бо барномаҳои рангину ҷолиб табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Дар фарҷом ҳунарпешагону кормандони театрҳои ҷумҳурӣ бо мукофот ва унвони “Аълочии фарҳанг”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.