Сомонаи пешина | Чш, 20 Ноябр 2019 | 09:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи Конститутсияи дар Китобхонаи вилояти Хатлон

Дар Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илми адабӣ таҳти унвони “Бахтномаи миллат” баргузор гардид. 

Дар чорабинӣ аҳли китобхона, хонандагону муштариён ва донишҷуёни Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар иштирок намуданд.

Муовини директори Китобхона Қ.Раҷабова дар сухани ифтитоҳии худ қайд намуд, ки 25 сол муқаддам рӯзи 6–уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, яъне бевосита аз ҷониби худи халқ бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи кишвар қабул карда шуд. Ин санади муқаддасу тақдирсоз ва ифодагари азму иродаи мардум роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян намуд. Инчунин дар конфронс китобдорони ҷавони китобхона Тоҷинисо Давлатова ва Мустафо Сатторов оиди рисолати бузург ва шарофати амали 25-солаи Конститутсия маъруза карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ маъмурияти китобхона ба роҳбарияти Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар ҷиҳати иштироки фаъолонаи донишҷуён дар чорабиниҳои китобхонавӣ китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “Уфуқҳои Истиқлол ” чун арзи сипос туҳфа карда шуд.

Т. Юсуфзода