Сомонаи пешина | Чш, 20 Ноябр 2019 | 08:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

“Бар фарози қуллаҳо” армуғони Истиқлолият аст

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон китоби нави Раҷабалӣ Қудратзода «Бар фазои қуллаҳо» ба табъ расид.

итоб маҷмӯи мақолаҳои адабӣ-публитсистиро дар бораи истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, шукӯҳу азамати неругоҳи барқии Роғун, Наврӯзи Аҷам, инчунин қаҳрамониҳои ниёгони мо, аз ҷумла давлати Сомониёнро дар роҳи озодиву соҳибдавлатӣ фаро гирифтааст.

Инчунин як силсила мақолаҳо зери унвони «Ёдҳо ва хотираҳо» чоп шудаанд, ки хонандагон бо рӯзгори ибратомӯз ва осори безаволи Қаҳрамонони Тоҷикистон Устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ошно мегарданд. Лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёт ва эҷодиёти адибону донишмандон мисли устод Лоҳутӣ, Саид Нафисӣ, Саҳбо, Туғрал, Ҳайрат, Академик Зариф Раҷабов, Абдусалом Деҳотӣ, Боқӣ Раҳимзода, Раҳимӣ, Зеҳнӣ, Ҳабибулло Назаров мавриди тасвир қарор гирифтаанд.

Академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Маҳмадулло Лутфуллозода ва нависандаи халқии Тоҷикистон устод Ӯрун Кӯҳзод дар сарсухани худ асарро армуғони сазовори Истиқлолият дониста, гуфтаанд:

«Китоби Раҷабалӣ Қудратзода «Бар фазои қуллаҳо» асари таърихӣ, фарҳангию адабӣ, илмию оммавӣ буда, аҳамияти муҳими тарбиявӣ дорад. Он ба торҳои нозуки эҳсос нохун зада, хотираи таърихиро меафзояд, дар қалбҳо ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ваҳдату ифтихори миллиро бедор менамояд».