Сомонаи пешина | Чш, 20 Ноябр 2019 | 09:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили 25-солагии Рўзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Бадахшон

5 ноябри соли 2019 дар Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М. Назаровии шаҳри Хоруғ Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Чорабинии идона бо сухани муќадимавии раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ҳусни ифтитоҳ ёфта, номбурда дар бораи аҳамияти ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, ки дар радифи панҷгонаи беҳтарин Конститутсияҳои дунё қарор гирифтааст, ҳарф зад ва ҳамагонро бо ин рўзи таърихӣ табрику шодбош гуфт.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ аҳли фарҳанги вилоят хотири иштирокдоронро бо барномаи ҷолиби консертӣ шод намуданд.
Дар доираи чорабинӣ дар толори театр инчунин намоиши китобӣ вобаста ба мавзӯи дахлдор ташкил гардида буд, ки меҳмонони чорабинӣ аз он баҳраи маънавӣ бардоштанд.