Сомонаи пешина | Чш, 20 Ноябр 2019 | 08:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии муовини вазири фарҳанг бо мудири Котиботи иҷроияи Форуми ҳамкориҳои Корея бо Осиёи Миёна

 

5 ноябри соли 2019 муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода мудири Котиботи иҷроияи Форуми ҳамкориҳои Ҷумҳурии Корея бо Осиёи Миёна Ким Сонг-Инро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои равобити фарҳангӣ сӯҳбат намуданд. Мавзӯи ҳамкориҳои васеи фарҳангиву гуманитарӣ аз масоили умдаи музокироти ду ҷониб буданд. Омода намудани боздидҳои дуҷониба дар бахшҳои мавриди эҳтимоми тарафайн ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории чорабиниҳои мутақобилан судманд вобаста ба Ҳафтаи синамо, Рӯзи мусиқии кореягӣ дар Тоҷикистон ва сафари ҳайати Тоҷикистон дар ҷашни байналмилалии Наврӯз-2020 муҳимтарин масъалаҳо буданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар вохӯрӣ инчунин афзун намудани ҳамкориҳои самаранок ҷиҳати тавсеа бахшидани пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибот ва ҳаллу фасли чандин масоили марбут ба ин мавзӯъ низ муҳокима гардиданд.

Вохӯрӣ дар фазои хушу дӯстона сурат гирифт.