Сомонаи пешина | Чш, 20 Ноябр 2019 | 09:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштирокчиёни озмуни “Точикистон - Ватани азизи ман” дар даври ниҳоӣ қуввасанҷӣ мекунанд

6-10 ноябри соли 2019 ҳамарӯза соати 13:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор мегардад.

Даври ниҳоии озмун дар номинатсияи навозандагӣ рӯзи 6 ноябр сурат мегирад. 9 нафар иштирокчии бахши навозандаи анъанавӣ ва 5 нафар иштирокчии бахши навозандаи эстрадӣ дар назди тамошобинон ва аъзои ҳакамон барои ғолибият мубориза мебаранд.

Баҳогузории истеъдоди 5 нафар иштирокчии бахши навозандаи академӣ рӯзи 7 ноябр дар назар аст. Инчунин даври ниҳоии номинатсияи оҳангсоз бо иштироки 8 нафар довталаби пирӯзӣ низ дар ин рӯз, яъне 7 ноябр гузаронида мешавад.

8 ноябр дар вақти ишорашуда иштирокчиёни озмун дар номинатсияи ровӣ (8 нафар) ва шоирӣ (7 нафар) байни ҳам қувваозмоӣ мекунанд.

9 ноябр даври ниҳоии озмун дар номинатсияи сарояндагӣ доир мегардад. 7 нафар дар бахши сарояндаи академӣ, 8 нафар дар бахши сарояндаи анъанавӣ ва 9 нафар дар бахши сарояндаи эстрадӣ барои муваффақ шудан ба ҷойҳои намоён мубориза мебаранд.

Чамъбасти озмун 16 ноябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо баргузории галаконсерт ва муайян кардани барандаи шоҳҷоиза, инчунин супоридани диплому ҷоиза ба ғолибони озмун дар назар аст.