Сомонаи пешина | Пш, 24 Октябр 2019 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Тоҷикистон Рўзҳои фарҳанги Давлати Кувайт баргузор мегардад

 

Аз 14 то 18 октябри соли 2019 Рўзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии муштарак баргузор мегарданд.

Дар ҷараёни баргузории ин чорабинӣ аҳли фарҳангу ҳунари Давлати Кувайт барномаҳои ҷолибу рангини ҳунарӣ, намоишгоҳи китоб, аксу мусаввараҳо, базми шеър пешниҳод менамоянд.

Субҳи 15 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳайати расмии Рӯзҳо мулоқот анҷом медиҳад. Сипас барои ҳайати расмии ҷониби меҳмон сайри Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Ҳамон рӯз соати 16:00 дар фойеи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши мусаввараҳои рассомони кувайтӣ, аксҳо доир ба таърихи муносибатҳои дипломатии байни ҶумҳурииТоҷикистон ва Давлати Кувайт баргузор мегардад. Ифтитоҳи ботантанаи Рўзҳо соати 17:00 дар толори Театр дар назар аст. Барномаи ифтитоҳ аз филми мустанади синамогарони Кувайт ва барномаи консертии муштарак иборат аст.

16 октябр соати 11:00 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи китоб – нашри Шўрои фарҳанги Давлати Кувайт ва базми шеъри шоирони қувайтиву тоҷик доир мегардад.

Ҳайати ҳунарии меҳмонон рӯзҳои 17-18 октябр ба шаҳри Норак ва ноҳияи Варзоб рафта бо табиати биҳиштосои диёрамон шинос мегарданд ва якҷоя бо ҳунармандони тоҷик барномаҳои муштараки консертӣ доир менамоянд.

Ҳамчунин боздиди меҳмонон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Боғи “Парчами миллӣ” ва дигар мавзеъҳои таърихию фароғатии шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.