Сомонаи пешина | Пш, 24 Октябр 2019 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии раиси ВМКБ бо аҳли зиё

Ба ифтихори Рӯзи муаллим дар шахри Хоруғ вохўрии раиси вилоят Ёдгор Файзов бо омўзгорон ва аҳли зиё доир гардид.

Нахуст ба меҳмонони чорабинӣ намоиши дастовардҳои соҳаи маориф пешкаш карда шуд,ки дар он гӯшаҳои гуногун таҳти унвони "Маориф дар даврони Истиклолият", дастовоардхои омўзгорон, ғолибони озмуни "Муаллими сол", дастовардҳои толибилмон, ҳунарҳои дастии толибилмони мактаби санъат, давтовардҳои толибилмон дар соҳаи варзиш ва ғайра ба маъраз гузошта шуда буданд.

Дар рафти чорабиниӣ барои бархе аз омӯзгорон нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипосномаву ифтихорномаҳо, мукофотҳои пулию молӣ тақдим карда шуданд.

Дар анҷом аз ҷониби ахли фарҳанги вилоят барномаи пурмўҳтавои фарҳангӣ манзури тамошобинон гардонида шуд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тахким бахшидани накши омўзгори даврони сохибихтиёрии ватан дар рушду нумўъи чомеа ва тарбияи насли солим, насли худогоҳу ояндасози миллат дар асри навин буд.