Сомонаи пешина | Пш, 24 Октябр 2019 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вазири фарҳанг ва Вазири маориф ба хатмкунандагони Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн дипломҳо супориданд

8 октябри соли 2019 дар толори нав аз таъмир баровардаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ” ва “Рӯзи муаллимон” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардида, хатмкардагон ва магистрони муассиса соҳиби дипломҳо гардиданд.

Ба чорабинии мазкур ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таъсис ёфта, имрӯз дар он шароити хуб барои таълими донишҷӯён ва дар хобгоҳи он шароити хуби зист фароҳам оварда шудааст. Дар охири суханрониҳои худ ректори донишкада минатдории хешро ба Роҳбари давлат, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчиён ва сохтмончиён баён намуд.

Сипас Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид суханронӣ намуда, ба хатмкардагони донишкада барору муваффақият ва фарзанди арзандаи миллату ватан буданро таманно намуданд. Дар идома Вазири фарҳанг ва Вазири маориф ба гирандагони дипломҳои аъло дар вазъи тантанавӣ ҳуҷҷати хатми мактаби олиро супориданд.

Чорабинии фарҳангии аз ҷониби донишҷӯён ташкил гардида иборат аз рақсу суруд ва намоиши ҷолиби муд, ки корҳои дипломии донишҷӯён мебошанд, писанди меҳмонон гардид.

Лоиқ ба таъкид аст,ки донишкада дорои 21 ихтисос буда, ба донишҷӯён беҳтарин дизайнерон, кандакорон, ҳайкалтарошон, Арбобони ҳунари Тоҷикистон бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири таълим дарс мегӯянд. Айни замон шумораи донишҷӯёни донишкада 1570 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳамаи синфхонаҳо дорои шароиту имкониятҳои муосири таълим буда, бо таҷҳизоти пешрафта таъмин мебошанд. Самти таълим дар донишкада асосан ба эҷодиёт нигаронида шуда, донишҷӯён бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири донишомӯзӣ, махсусан технологияи компютерӣ ба омӯзиш ва корҳои илмию эҷодӣ ҷалб карда мешаванд. Таълим дар донишкада бо забонҳои давлатӣ ва русӣ ба роҳ монда шуда, дар он мутахассисони рақобатпазир ба бозори меҳнат омода карда мешавад. Зикр мегардад, ки донишкада дорои синфхонаҳои муосири таълимӣ, китобхона, китобхонаи электронӣ, устохонаҳо, ҳуҷраҳои омӯзгорон, ошхона ва толори фарҳангӣ мебошад.