Сомонаи пешина | Пш, 24 Октябр 2019 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳисоботи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар 9 моҳи соли 2019

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2019 баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии кишвар ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ фаъолияти худро тибқи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии кишвар, амалисозии дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд, ба роҳ монда, барои истиқболи 28-солагӣ ва омодагӣ ба 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, доир ба иҷрои вазифаҳои сол ва таҷлили ҷашнҳои муҳими милливу таърихӣ корҳои муайянро анҷом дод.

I.ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ САНЪАТ ВА НАМОИШҲОИ ТЕАТРИЮ КОНСЕРТӢ

Муассисаҳои театрию консертии вазорат дар нуҳ моҳи соли 2019 баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии кишвар ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ фаъолияти худро равона намуда, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуктаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидаро мавриди роҳбарӣ ва иҷро қарор дода, дар кишвар чорабиниҳо дар робита ба ҷашнҳои муҳими милливу таърихӣ бо мазмуну мундариҷаи нав дар сатҳи баланд доир карда шуда, ҷашнҳои 26 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди Модарон, Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Норак, Душанбе, таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Кўлоб, ноҳияҳои Муъминобод, Данғара, Ховалинг, маросими ба истифода додани агрегати дуюми НБО “Роғун”ва дар барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба ташрифи меҳмонони олимақом фаъолона иштирок намуданд.
Дар таҷлили 26 – солагии Артиши миллӣ чорабинии пуршукўҳи фарҳангӣ 23 феврали соли 2019 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” дар сатҳи баланди касбиву эҷодӣ баргузор гардида, барнома бо шеъру оҳангҳои тозаэҷод дар васфи Тоҷикистон, ифтихор аз ватану ватандорӣ, сулҳу амният, меҳру муҳаббат ба ин марзу буми аҷдодӣ таҳия гардид.
Яке аз рўйдодҳои муҳими фарҳангии давраи ҳисоботӣ муаррифии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 15 марти соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо иштироки Пешвои миллат, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва аҳли зиёи кишвар буд.
Иди байналмилалии Наврўз чун ҳамасола дар сатҳи баланди эҷодиву ташкилӣ таҷлил гардида, ба ғайр аз тамоми шаҳру ноҳияҳо рўзҳои 21, 22, 23, 24 ва 25 март дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ, Устод Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Боғи Ирам, боғи ба номи А.Мироненко ва Майдони 800-солагии Москва дар ҳамоҳангӣ бо мақомотҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо ҷалби гурўҳҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ ва таълимӣ 20 барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ таҳия ва пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуданд.
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 март дар хиёбони Рўдакии шаҳри Норак, 21 март дар майдони Дўстии шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии “Шодиёнаи наврўзӣ” (карнавал) ва шоми 22 март дар муассисаи давлатии “Наврўзгоҳ”-и пойтахт намоиши пуршукўҳи театрикунонидашудаи умумиҷумҳуриявӣ бо пешниҳоди барномаҳои рангину хотирмон ва истифодаи техникаи муосир тантанаҳои Наврўзи байналмилалӣ баргузор гардиданд.
Аз 15 то 22 апрел дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту- 2019» бахшида 80 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов баргузор гардид, ки дар он 18 театри касбӣ ширкат варзида, намоишҳои беҳтарини тайи ду соли охир таҳиякардаи худро ба қазовати мухлисони сершумор ва ҳайати ҳакамони ҷашвора пешниҳод намуданд.
Дар кори Фестивал-озмун мунаққидон аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ўзбекистон ба ҳайси аъзои ҳакамон ширкат намуда, ба рушди санъати театрӣ дар кишвар баҳои баланд доданд.
Дар ҷараёни баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ- «Парасту-2019» ду мизи мудаввар бо иштироки коршиносони соҳа дар мавзўи «Маҳмудҷон Воҳидов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик» ва“Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон”. (Андешаҳои мунаққидон ва театршиносон дар бораи асарҳои ба Фестивал-озмун пешниҳодшуда) доир гаштанд, ки дар кори онҳо проблемаҳои рушди драматургияи тоҷик, тақвият бахшидан ба мактаби режиссураи театрӣ, сайқал додани маҳорат ва малакаи ҳунармандон, таҳким бахшидани базаи моддӣ-техникии муассисаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ барои намоиши «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода дар таҳияи Султон Усмонов сазовори“Шоҳҷоиза”-и Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту - 2019» гардид. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барои операи Амирбек Мусоев – “Хусрав ва Ширин”, либреттои Гулназар Келдӣ дар таҳияи Шавкат Холов ва Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Т. Фозиловаи шаҳри Конибодом барои намоиши “Қорӣ Ишкамба” аз рўи асари Садриддин Айнӣ дар таҳияи Музаффар Муҳиддин сазовори ҷои якум гардида, Театри давлатии русии ба номи Вл. Маяковский барои намоиши “Тартюф”-и Жан Батист Молйер дар таҳияи Баҳодур Миралибеков ва Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов барои намоиши “Вақте ки кўҳҳо сукут мекунанд”-и Чингиз Айтматов дар таҳияи Нозим Меликов сазовори ҷои дуюм ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барои намоиши “Карим Девона”-и Турахон Аҳмадхонов дар таҳияи Қурбонмуҳаммад Шукуров сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Аз 15 то 22 майи соли 2019 Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи ҷолиби консертӣ ва намоиши мусаввараву аксҳо, ки муаррифгарисанъатиҳунари миллӣ буданд, дар шаҳрҳои Пекин ва Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сатҳи баланди эҷодиву ташкилӣ баргузор шуда, доир гардидани чунин чорабиниҳо баҳри тавсеаи робитаҳои минбаъда, дар пешрафту муаррифии санъату ҳунари тоҷик ва дастовардҳои кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки 14-15 июни соли 2019 бо иштироки роҳбарони 27 кишвари дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, 8 барномаҳои фарҳангӣ барои иштирокчиёни ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ дар сатҳи баланди ғоявию бадеӣ таҳия ва баргузор карда шуданд, ки дар он саҳми муассисаҳои консертӣ назаррас буд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 22-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ тадбирҳои муҳим роҳандозӣ гашта, як қатор чорабиниҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар сатҳи баланди ташкиливу эҷодӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, тибқи Нақшаи чорабиниҳо аз 23 то 26 июни соли 2019 дар ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор аз ҷониби ҳайатҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ пешниҳоди сокинони ин навоҳии дурдаст гардида шуданд. Ҳамчунин, дар доираи таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе ва дар пояи шаршараи Наврўзгоҳ чорабиниҳои фарҳангӣ бо ҷалби ҳунарпешагону гурўҳҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ бо шукўҳ ва дар руҳияи идона баргузор шуданд.
Тантанаҳои асосии ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ рўзи 26 июни соли 2019 дар варзишгоҳи ноҳия Рашт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонону аҳли ҷамоатчигии кишвар барномаи муҳташами фарҳангӣ, ки дар он беҳтарин санъаткорони кишвар, гуруҳҳои ҳунарӣ ва ҳунарпешагони муассисаҳои консертии пойтахт ва вилоятҳо бо суруду оҳангҳои тозаэҷоди тараннумгари Ваҳдату Истиқлол ҷалб гардида буданд, доир гардид.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тадбирҳои муҳим роҳандозӣ гашта, як қатор чорабиниҳои муҳташами фарҳангӣ дар шаҳрҳои Душанбе ,Кўлоб ва ноҳияи Муъминободу Данғара дар сатҳи баланди ташкиливу эҷодӣ баргузор гардиданд. Ҳамчунин, дар арафа ва таҷлили ин ҷашни муҳми сиёсӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рўзҳои 6-10 сентябр чорабиниҳои фарҳангӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт ва дар театрҳои касбӣ намоишномаҳоаз ҷониби муассисаҳои консертиву театрӣ ташкилва манзури сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе гардонида шуд.
Тантанаҳои асосии ҷашнӣ шоми 9 сентябр соли 2019 дар муассисаи давлатии “Наврўзгоҳ” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонону аҳли ҷамоатчигии кишвар бо барномаи муҳташами фарҳангӣ, ки дар он беҳтарин санъаткорони кишвар, гурўҳҳои ҳунарӣ ва ҳунарпешагони муассисаҳои театрию консертӣ бо суруду оҳангҳои тозаэҷодӣ тараннумгари Истиқлолиятдар сатҳи баланди касбиву эҷодӣ доир гардиданд.
Дар робита бо мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” аҳли санъату ҳунар дар НБО-и “Роғун” бо пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ тамоми мардуми кишварро шодбошӣ намуданд.
Ҳайати ҳунарии театрҳои касбии кишвар дар баргузории ҷашни Рўзи Модар ва Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Душанбе, Норак, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2019” бахшида ба 80-солагии М.Воҳидов, таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ фаъолона иштирок намуда, баҳри пуршукўҳ ва дар сатҳи баланди эҷодиву бадеӣ доир гардидани ин чорабиниҳо саҳми назаррас гузоштанд.
Ҳайати эҷодии Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ дар ин давра намоиши нав аз рўи асари С.Улуғзода “Фирдавсӣ” дар таҳияи С.Усмонов, ки он ба шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2019” қадр гардид. Ҳамчунин дар ин давра асари “Писари ситора”- О.Уайлд дар таҳияи Б.Қурбонзода саҳнавӣ гардид.
7 июн дар театр маҳфили ҳунарии Ҳунарпешаи халқииТоҷикистон Ортиқ Қодиров ва 18 июн шоми шеър бо иштироки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир гардид.
Аз 23 то 28 сентябр ҳайати эҷодии театр бо намоиши “Фирдавсӣ” дар шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон барои ширкат дар Фестивали байналмилалии театрии “Арт-Ордо” сафари ҳунарӣ намуда, дар ҷашнвора Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбон Собир ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”-ро сазовор шуд.
Ҳайати эҷодии муассиса 166 намоишро барои 27 372 тамошобинпешкаш гардониданд. Нақшаи молиявии муассиса 86,3%-ро ташкил медиҳад.
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барои дўстдорони санъати касбӣ намоиши бачагонаи “Зебосанам ва девсиришт” дар таҳияи С.Усмонов пешниҳод намуд. Мавриди зикр аст, ки 13 феврал нахустнамоиши операи “Хусрав ва Ширин”-и А.Мусоев бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайати эҷодии театр пешниҳод гардид, ки дар чанд соли охир падидаи фараҳбахш маҳсуб меёбад ва он сазовори ҷои якуми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2019” гардид.
Аҳли ҳунари театр дар барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба Рўзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди байналмилалии Наврўз, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои бовари дар Осиё, рўзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт ва чорабиниҳо бахшида ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки ҳамкории театр бо театрҳои кишварҳои хориҷӣ дар сатҳи муносиб ба роҳ монда шудааст. Дар ин зимн, муассиса 25 майи соли равон консерти Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сайфулло Юсуповро бо ҷалби ҳунарпешагони Ҷумҳурии Қирғизистон Оксана Шутова ва Нурлан Суймоналиев баргузор намуд.
12 сентябри соли 2019 барномаи фарҳангии “Шоми дўстӣ” бо иштироки ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Полша ва Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Ҳамчунин, бори аввал дар ҳамкорӣ бо Сафорати Итолиё дар Тоҷикистон театр 29 сентябр консерти оркестри симфонии Россини ва солистон Франческо Панни, Ҷорҷия Пачи, Ҷулио Боскетти аз шаҳри Пезарои Итолиё пешкаши меҳмонон ва шаҳрвандони шаҳри Душанбе гардонид.
Театр вобаста ба вусъат додани корҳои ободониву кабудизоркунии бино ва атрофи он корҳҳои назаррас анҷом додааст.
Театр дар давоми нуҳ моҳ 72 намоиш ва барномаҳои ҳунариро манзури тамошобинон гардонида, нақшаи молиявиро 101% иҷро намуд.
Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов намоишҳои тозаэҷодро аз рўи асари Шодӣ Солеҳ - «Шер омад», дар таҳияи Ҷ.Пўлод,“Бозгашти Маугли” – и Р.Киплинг ва “Вақте, ки кўҳҳо сукут мекунанд”-и Ч.Айтматов саҳнавӣ намуд.
Ҳайати эҷодии театр аз 15 сентябр бо намоиши “Гумроҳон” ба шаҳру ноҳияҳои Суғд сафари ҳунарӣ анҷом дода, 21 сентябр бо намоиши “Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ...”-и М.Бахтӣ мавсими нави театриро оғоз намуд.
Дар ин давра муассиса 119 намоишро барои 20608 тамошобин ба маблағи 134 334 сомонӣ, ки 67% нақшаро ташкил медиҳад, пешниҳод намуд.
Ҳайати эҷодии Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский дар ин давра намоиши навро аз рўи асари Ҳ. Ҳ. Ниёзӣ «Найрангҳои Майсара» дар таҳияи Х. Мустафоев саҳнавӣ гардонид.
Ҳайати эҷодии муассиса дар ин давра ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари ҳунарӣ анҷом дод.
Дар маҷмўъ театр 151 намоишномаро ба 14 304 нафар шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳри Душанбе манзур намуд.
Кормандони Театри давлатии лўхтаки шаҳри Душанбе дар давоми нуҳ моҳ намоиши «Достони Рустам»-и А.Фирдавсӣ дар таҳияи Ғ.Ҳамроев ва “Се хоҳаракон”-и И.Бухориев ба саҳна гузоштанд.
Дар ин давра ҳайати эҷодии театр ба вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Ваҳдат сафари ҳунарӣ намуд.
Аҳли ҳунари театр дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доштанд.
Театр 108 намоишро ба 14 006 нафар мухлисони хурдсол пешкаш намуда, фазои фарҳангии кишварро ғанӣ намуд.
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов намоиши нави «Шоҳзодаи хурдакак»-и А.Сент-Экзюпери дар таҳияи С.Қосимова ва намоиши бачагонаи “Чароғи сеҳрноки Аловиддин”, Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ- драмавии ноҳияи Данғара дар ин давра намоишро аз рўи асари А.Қодирӣ «Аз ноумедиҳо басо умед аст» дар таҳияи Қ.Давлатов ва асари Ҷ.Қуддус “Марги сафед” дар таҳияи Т.Раҷабов, “Баҳори Фаронса”-и Т.Маҳмадризоев ва “Беватан”-и С.Сафаров дар таҳияи С.Додарбеков,Театри мусиқӣ –мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонов намоишномаи “Карим девона”-и Т.Аҳмадхонов, Театри мусиқӣ -драмавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғасари Ҷ.Қуддус “Чароғаки сеҳрноки Аловуддин” ва “Ҳамлет”-и У.Шекспир дар таҳияи У.Хисравов,Театри лўхтаки “Афсона”-и шаҳри Бохтар намоиши “Қиссаи Хирс ва Хорпушт”-и Ф.Чориев дар таҳияи А.Абдураҳмонов,Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд асари “Буратино дар шаҳри Зумуррад” дар таҳияи С.Шехов, Театри тамошобини навраси ба номи О.Назарови шаҳри Хуҷанд намоишномаи нави “Хубони эрка”-и Я.Мирсаков, “Пораи дили модар”-и Ҳ.Шариф ва “Харгўшаки ҷасур”-и Г.Веберро дар таҳияи Э.Ҳомидов, Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бўстон намоишномаи “Тақдир”-и Н.Шарипов дар таҳияи Р.Раҳматуллоева ва “Кулоҳсурхак”-и С.Астраханцев, Театри давлатии лўхтаки шаҳри Бўстон намоишномаи “Зумрат ва Қимат”-и Н.Маҳкамова дар таҳияи Ф.Хоҷаев ва “Саргузашти Буратино”-и А.Толстой дар таҳияи Н.Ахмедова, Театри давлатии драмавии ўзбекии ба номи Ш.Бурҳонови ноҳияи Спитамен намоишномаи нави “Ҷоруби аҷуза” ва “Муқаддас”-и У.Усмоновдар таҳияи Т.Маликов, Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт асари Ҳ.Шарифов “Подоши ранҷ” ва Театри давлатии мусиқӣ -драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом намоиши “Роҳзан”-и М.Музаффарро рўи саҳна оварданд.
Муассисаҳои консертӣ низ дар ҳамаи чорабиниҳо фаъолона иштирок намуданд. Ҳайатҳои ҳунарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев дар давраи ҳисоботӣ дар чорабиниҳо бахшида ба ҷашни “Сада”, 26-солагии Артиши Миллӣ, Иди Модарон, Ҷашни байналмилалии Наврўз, Рўзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок намуда, ба ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Зафаробод, Фархор, Файзобод, Рўдакӣ, Муъминобод, Рашт ва шаҳрҳои Бохтар, Кўлоб, Турсунзода, Ҳисор, Роғун, Ваҳдат ва ғайра сафарҳои ҳунарӣ намуданд. Гурўҳҳо ва ансамблҳои муассиса 92 оҳанг ва суруду рақсҳо эҷод намуда, 8 шаби эҷодии ҳунарпешагон ва маҳфилҳоро аз ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Лоиқ ва Одина Ҳошим баргузор карданд.
Иттиҳодияи давлатии гурўҳҳои эҷодию консертӣ дар нуҳмоҳаи соли равон дар 89 чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ташрифи меҳмонони олиқадр фаъолона иштирок намуда, 21 барномаҳои консертиро ба тариқи шартномавӣ ташкил ва нақшаи молиявии худро иҷро намуд.
Дар ин давра ансамблҳои муассиса- ансамбли рақсии “Ҷаҳоноро” ва ҳунарпешагони оркестри эстрадии “Гулшан” ба Аморати Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Корея сафари ҳунарӣ намуданд. Дастоварди муассиса дар ин давра сазовор гардидани Ансамбли кўдаконаи рақсии “Зебо” ба ҷоизаи фестивали байналмилалии рақсии қудакона дар Ҷумҳурии Туркия маҳсуб меёбад.Ҳамчунин, ҳунарпешагони оркестри эстрадии “Гулшан” ва ансамбли рақсии “Ҷаҳоноро” дар Рўзи Тоҷикистон дар “ЭКСПО-2019”, ки 20 августи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид, санъату ҳунари миллии моро ба иштирокчиёни ин чорабинии муҳташами байналмилалӣ муаррифӣ намуданд.
Боиси зикри хос аст, ки бо ибтикори муассиса 22 июни соли 2019 бахшида ба 55-солагии фаъолияти оркестри эстрадии “Гулшан” дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев бори аввал бо ҷалби ситорагони санъати эстрада- Махфират Ҳамроқулова, Умар Зиёев, Раҳима Шалоэр, Исматулло Холиқов, Баҳодур Неъматов, Тамара Катаева, Татьяна Барило, Маҳбуба Боҳирова ва ҳунарпешагони ҷавон барномаи ҷолиби консертӣ ташкил ва баргузор гардид.
Ҳайати ҳунарии муассиса ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои Сангвор, Муъминобод ва Данғара сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, 63 суруду рақсҳо эҷод ва дар барномаҳои консертӣ иҷро шуданд.
Муассиса нақшаи молиявиро 136,4% иҷро намуд.
Кормандони Муассисаи давлатии сафарию хунарии «Базморо» дар ташкил ва баргузории барномаи консертӣ бахшида ба 26-солагии Артиши миллӣ, Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳри Душанбе, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2019” 25-солагии Қушунҳои сарҳадии КДАМ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Рўзи Ваҳдати миллӣ ва дар 12 чорабиниҳо бахшида ба ташрифи меҳмонони олиқадр фаъолона иштирок намуд.
Муассиса тибқи вазифаҳои низомномавии худ дар ин давра сафарҳои ҳунариро ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Аморати Муттаҳидаи Араб, шаҳри Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон, дар ҳамкорӣ бо ширкати “Ал-Роян” – и давлати Қатар 10 барномаи консертиро бо иштироки ансамбли рақсии “Падида” ва гурўҳи мутрибон дар шаҳри Доха, дар ҳамкорӣ бо Ансамбли давлатии академии Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ сафари ҳунарии театр-студияи рақсии “Падида” ба шаҳри Владикавказ ва Сочи, намоиши аксҳо дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ташкил ва баргузор намуд. Ҳамчунин, тибқи созишномаи ҳамкориҳо бо муассисаи “Ўзбекконсерт” гурўҳи кории муассиса ба вилоятҳои Фарғона, Намангон, Сирдарё, Тошкент, Самарқанд ва Бухоро сафар намуда, масъалаҳои марбут ба ташкили сафарҳои ҳунарӣ дар ин минтақаҳои Ҷумҳурии Ўзбекистон гуфтушунид анҷом дода, дар навбати худ ҳунарпешагони шинохтаи Ўзбекистон Юлдуз Усмонова, Севинч Муминова, гурўҳи “Фарҳод ва Ширин” ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ намуданд.
Бо иқдоми муассиса бахшида ба таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ 10-18 августи соли равон силсилабарномаҳои консертии ансамбли фолклории “Помир”дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Истаравшан ташкил карда шуд. Ҳунармандони муассиса дар фестивал озмуни “Шарқ тароналари” ширкат варзида, дар байни 73 кишвари иштироккунанда ҷои сеюм гирифтанд.
Муассиса як ҷо бо филиалу намояндагиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, А.Ҷомӣ, Фархор, Зафаробод силсила барномаҳои фарҳангиро ташкил ва баргузор карда, нақшаи молиявиро 71,4% иҷро намуд.
Ҳайати ҳунарии Ансамбли «Сомон» дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва барномаҳои нақшавӣ иштирок намуда, дар ин давра 9 асари нави мусиқиро эҷод ва пешниҳоди мардум карданд.
Тибқи нақша дар доираи таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ ҳайати ҳунарии муассиса дар ноҳияи Лахш бо барномаи идона баромад намуда, ба ноҳияҳои Рашт, Рўдакӣ ва шаҳри Роғун сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст.
Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода баҳри дар сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронидани ҷашнҳои 26-солагии Рўзи Артиши миллӣ, Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳри Душанбе, Машварти ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Рўзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳо бо 17 рақс ва 8 суруду оҳанги нав баромад намуданд. Ансамбл дар Фестивали байналмилалии мероси Шориқа, ки аз 1 апрел то 13 апрели соли 2019 дар шаҳри Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид ва дар галаконсерти “Форуми байналмилалии тамадунҳои Осиё” дар Ҷумҳурии Мардумии Чин (7-18 майи соли 2019) санъату ҳунарии миллии тоҷикиро муаррифӣ намуд.
Ҳайати эҷодии Сирки давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли ҷорӣ бо намоиши “Шоу барномаи солинавии сиркӣ”оғоз намуда, тибқи қарордод бо мақсади тавсеаи робитаҳо аз 15 март то 7 апрели соли 2019 Сирки Федератсияи Россия бо барномаи “Сирки калони илюзион” даъват гардид, ки аз ҷониби тамошобинон гарму ҷўшон пазируфта шуд.
Ҳунарпешагони муассиса дар дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Душанбе ва Норак, Рўзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳо ширкат намуда, ба ноҳияи Шаҳринав ва шаҳрҳои Роғун, Турсунзода ва Норак сафарҳои ҳунарӣ намуданд ва дар ҷашни Истиқлолияти давлатӣ аҳли ҳунари муассиса намоишҳои сиркиро ба сокинон ва меҳмонони пойтахт пешниҳод намуд.
Маркази эҷодии «Илҳом», ки таҳияи барномаҳои театришудаифарҳангӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз дар Муассисаи давлатии “Наврўзгоҳ”-и шаҳрҳои Душанбеву Норак ва Рўзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт ва барномаи театришуда бахшида ба таҷлили Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Наврўзгоҳи шаҳри Душанберо ба зимма дошт, фаъолияташро куллан беҳтар намуда, тамоми чорабиниҳоро дар сатҳи баланди эҷодиву касбӣ доир намуд.
Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон. Ҳунармандони муассиса дар ин давра дар чорабиниҳои ҷашни “Сада”, Рўзи Модар, Артиши миллӣ, барномаҳои наврўзӣ , таҷлили “Рўзи фарҳанг”, Рўзи ҷавонон, Рўзи байналмилалии муҳофизати кўдакон, Рўзи Ваҳдати миллӣва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат намуданд. Муассиса дар арафаи ҷашнҳои миллӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва дигар мақомотҳо дар арафаи таҷлили Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барномаи идонаи консертиро ташкил ва баргузор намуда, 23 ва 30 сентябр бо иштироки наврасону ҷавонони соҳибистеъдод маҳфилҳои “Рўдакихонӣ” ва “Мавлавихонӣ”-ро созмон дод.
Дар маҷмўъ, муассисаҳои театрию консертии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нуҳмоҳаи соли 2019-ро бо нишондодҳои хуб ҷамъбаст намуданд.
Бояд қайд кард, ки дар нўҳмоҳаи соли 2019 дар театрҳои касбии кишвар 30 асари нав саҳнавӣ гардид. Аз ин шумора, дар театрҳои пойтахт 11 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 19 намоиш рўи саҳна омад. Аз 30 асари наве, ки рўи саҳна омаданд, 18 асари драматургони тоҷик ва 12 асари муаллифони хориҷӣ мебошанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Театри мусиқӣ –мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кўлоб ва дар давраи ҳисоботӣ ягон намоиши навро рўи саҳна наовардааст ва муассисаҳои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский, Театри давлатии мусиқӣ -драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом, Театри мусиқӣ –мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонов, Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт, Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд,Театри лўхтаки “Афсона”-и шаҳри Бохтардар ин муддат 1 асари саҳнавӣ намуданд. Ҳол он ки тибқи репертуари солонаи тасдиқгардида театрҳои мазкур бояд дар нуҳмоҳаи соли равон се асари навро таҳия ва манзури тамошобинон мегардониданд. Зимнан бояд тазаккур дод, ки аксарияти театрҳои ҷумҳурӣ репертуари тасдиқгардидаро риоя намекунанд ва даст ба таҳияи намоишҳое мезананд, ки аз лиҳози мавзўю мундариҷа ба талаботҳои рўз, касбият ва завқи тамошобини имрўз ҷавобгў нестанд. Бинобар ин, зарур аст, ки роҳбарони театрҳо дар самт чора андешида, муқаррароти репертуари солонаро пурра таъмин намоянд. Дар сурати зарурати истеҳсолӣ бояд ба вазорат расман муроҷиат намуда, пас аз гирифтани ризоият иваз намудани ин ё он намоишномаро мавриди корбарӣ қарор диҳанд.
Дар баробари ин дар театрҳои музофотӣ бе мувофиқа бо Вазорати фарҳанг директорон ва саркоргардонҳо аз ҷониби мақомотҳо ҳокимияти давлатии вилоятҳо таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, ки ин раванд ба фазои эҷодии муассисаҳо таъсири манфӣ расонида истодааст.
Дар нуҳмоҳаи соли 2019 муассисаҳои консертӣ дар тамоми чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, пазироии меҳмонони олиқадр фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар доираи таҷлили 26-уми солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди Модарон, таҷлили Иди байналмилалии Наврўз дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе, Рўзи пойтахт, Рўзи “Шашмақом”, 25-солагии Қушунҳои сарҳадии КДАМ, Машварти ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Рўзи Ваҳдати миллӣ, таҷлили Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ба истифода додани агрегати дуюми НБО “Роғун”, вазорату идораҳо, пазироии меҳмонони олиқадр чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардиданд, ки дар маҷмўъ 118 чорабиниро ташкил медиҳанд.
Бинобар ҳамасола афзудани теъдоди чорабиниҳои фарҳангии ройгон бо ҷалби ҳайатҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ ва ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ аз буҷа ба фарсудашавии базаи моддию техникии муассисаҳо, паст рафтани сатҳу сифати барномаҳо, мақому манзалати ҳунарпешагон ва халалдор гардидани фазои эҷодӣ оварда расонида истодааст.Ин тамоюл боиси он гардидааст, ки истеъдодҳои ҷавон хоҳиши дар муассисаҳои консертӣ фаъолият намуданро надоранд.
Вазъи имрўзаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев, ҳамчун базаи асоси санъати касбии кишвар ба талаботу меъёрҳои замони муосир ҷавобгў набуда, ислоҳоти куллиро дар ҷодаи эҷодӣ, маъмурӣ ва фанниву кадрӣ тақозо мекунад. Фаъолияти минбаъдаи ансамбли “Сомон” низ таҷдиди ҷиддиро мехоҳад. Нишондиҳандаҳои иҷрои нақшаи молиявии ҳарду муассиса мутаносибан 34% ва 6% ташкил додааст.Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода бошад нақшаи молиявиро ҳамагӣ 27, 8% иҷро намудааст
Фаъолияти муассисаҳои Иттиҳодияи давлатии гурўҳҳои эҷодию консертӣ ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ҷиҳати иҷроиши нақшаи молиявӣ дар нўҳмоҳаи соли ҷорӣ назаррас буда, нақшаро барзиёд иҷро намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки айни замон як қатор мушкилоте мавҷуданд, ки садди роҳи фаъолияти пурсамари театрҳо ва муассисаҳои консертӣ гашта, ба фаъолияти пурмаҳсули онҳо монеа эҷод менамоянд:
Бинобар сабаби зиёд будани чорабиниҳои фарҳангӣ масъалаи гузаронидани аттестатсия кормандони муассисаҳои театрию консертӣ, махсусан Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев ба таъхир афтода, бояд дар моҳи октябр ҳатман гузхаронида шавад.
Бо назардошти вазъи имрўзаи театрҳои музофотӣ ва паст рафтани сатҳу сифати намоишҳо тасмим гирифта шудааст, ки бо мақсади фароҳам овардани фазои солими эҷодӣ, муҳокимаи касбии намоишҳои тозаэҷод ва дар ин замина тақвият бахшидани фаъолияти пурсамари муассисаҳои театрӣ дар назди раёсатҳои фарҳанги ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон аз ҳисоби коршиносони мустақили соҳа Шўрои бадеӣ фаъол карда шавад.
Бинои Театри давлатии мусиқӣ -драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом дар ҳолати ногувор қарор дошта, масъалаи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ҳалли худро наёфтааст.
Инчунин норасоии техникаи саҳна дар театрҳо ва муассисаҳои консертӣ аз қабили воситаҳои рўшноидиҳанда, дастгоҳҳои тақвияти садо, таҷҳизоти саҳна, асбобҳои мусиқӣ ва воситаҳои нақлиётӣ қариб ба ҳамаи муассисаҳо хос аст.
Барои беҳбудӣ бахшидани вазъи моддию техникӣ ва баланд бардоштани ҳавасмандии аҳли эҷод минбаъд тибқи шартнома ба роҳ мондани чорабиниҳои фарҳангии вазорату идораҳо ва корхонаҳо, ки теъдоди онҳо дар як сол беш аз 200 барномаҳо мебошад, хеле муҳим аст.
Бо назардошти мушкилоти ҷойдошта ва ҳалли саривақтии онҳо пешниҳод карда мешавад, ки дар солҳои минбаъда дар буҷет ба муассисаҳои театрию консертӣ барои мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ маблағҳо пешбинӣ карда шаванд. Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати муассисаҳои фарҳангии давлатӣ имтиёзҳо муайян ва ба мақомотҳои иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳору ноҳияҳо ҷиҳати дастгирии муассисаҳои касбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур ироа гардад.

II. ФАЪОЛИЯТ ВА РУШДИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Дар ин муддат кормандони муассисаҳои фарҳангӣ лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»-ро мавриди омўзиш қарор дода, хулосаву тавсияҳоро оид ба ворид намудани тағйиру илова ба онҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаанд.
Тибқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мардуми кишвар нақшаи чорабиниҳои вазорат ба тасвиб расидааст, ки дар доираи он чорабиниҳои мушаххаси фарҳангию фароғатӣ, конфронсу фестивалҳо, мулоқоту вохўриҳо ва дигар тадбирҳо амалӣ гашта истодаанд.
Тўли ин муддат дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 7317 чорабиниҳои гуногун доир гардиданд, ки ҳадафи онҳо амалӣ гардондани сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззам доир ба рушди устувори деҳот ва ҳунарҳои бадеии халқӣ, ҷалби сайёҳон ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва ба ин васила тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги волои халқи тоҷик мебошад.
Тибқи нишондоди банди 14 Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02.2016, №53) аз 2 то 9 апрели соли равон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони “Кашшофи падидаҳои наврас” ва даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№АП-1165 аз 09.02. 2019) миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Ҷиҳати баргузории фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» аз ҷониби гурўҳи корӣ дастури таълимӣ–методии «Кашшофи падидаҳои наврас» таҳия ва бо теъдоди 170 адад нашр гардида, дар рўзҳои баргузории Фестивали мазкур зиёда аз 55 000 нусха китоб ба намоиш гузошта шуда, зиёда аз 60 500 нафар хонанда ба китобхонаҳо ҷалб гардиданд.
Қобили зикр аст, ки рўзҳои 27–28 феврали соли равон семинари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар мавзўи «Китоб равшангари дилҳо» дар доираи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» ва рўзҳои 2–3 май дар Китобхонаи давлатии патентию техникӣ Конфронси ҷумҳуриявии “Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа” баргузор гардид, ки дар доираи он семинар – машварати омўзишӣ оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» сурат гирифт.
Тибқи Қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №1/5 аз 09.01.2019 моҳҳои март – май Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони “Дунёи саодат” дар ду давр баргузор гардида, даври аввали он бо иштироки 51 ансамблҳои оилавӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва даври дуюм бо иштироки 13 ансамблҳои оилавӣ санаи 15 май бахшида ба Рўзи байналхалқии оила дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Моҳҳои апрел – июл Озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ таҳти унвони «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» (қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.01.2019, №1/6) бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, моҳи июл бо иштироки беҳтарин муассисаҳои клубӣ аз рўйи 10 номинатсия ҷамъбаст гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» (фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.06.2019, №95) шурўъ аз моҳи июн дар се давр доир гардида, 4 сентябр бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи китоб ҷамъбаст шуд, ки дар даври ниҳоӣ 36 нафар ғолибону иштирокчиёни фаъол аз тамоми минтақаҳои кишвар ширкат варзиданд. Дар маҷмўъ аз тамоми минтақаҳои кишвар зиёда аз 3200 нафар ҷавонону наврасони китобдўст ба китобхонаҳо фаро гирифта шуданд.
Дар муассисаҳои фарҳанги вилояти Суғд бахшида ба санаҳои таърихӣ, иду ҷашнҳо, аз қабили Соли нав, Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи Модар, Наврўзи байналмилалӣ, Иди Ғалаба, Рўзҳои оила, ҷавонон, муҳофизати кўдакон, Ваҳдати миллӣ, табибон, варзишгарон, 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, инчунин, оид ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, оид ба “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм” силсилаи чорабиниҳо, вохўриву сўҳбатҳо, баромади дастаҳои ҳаваскорони санъати бадеӣ, намоиши театришуда, мизи мудаввар, конфронсу семинарҳо, намоиши китобию матбуотӣ, намоиши асарҳои рассомон, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои консертӣ ташкил ва гузаронида шуданд.
Муассисаҳои фарҳанги вилояти Хатлон ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дар мўҳлати сипаригашта 6211 адад чорабиниҳоро бо шумораи 925878 нафар иштирокчӣ доир намуданд, ки нисбати ҳамин давраи қаблӣ 2060 адад чорабинӣ ва 577028 нафар иштирокчӣ зиёд ба ҳисоб гирифта шудааст. Дар китобхонаҳои вилоятӣ ва шаҳру деҳоти вилояти Хатлон дар ин муддат чорабиниҳои гуногун, аз қабили конференсияи хонандагон, намоиши китобӣ, суҳбату вохўриҳо, мизҳои мудаввар бахшида ба ҷашну идҳо, зодрўзи адибон, қироати шеър, хониши баланд, субҳи адабӣ, семинарҳои омўзишӣ, озмунҳо, тарғиби Паёми Сарвари давлат ва иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 5790 адад чорабинӣ бо иштироки 356184 нафар, дар осорхонаҳои ҳудуди вилоят ба миқдори 83 адад чорабинӣ бо иштироки 15480 нафар, дар театрҳои касбӣ ва халқӣ ба миқдори 54 намоишнома бо иштироки 35325 нафар доир гардиданд. Ансамблҳои касбии вилоят дар ҷашну чорабиниҳо ва сафарҳои ҳунарӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Норак, Кўлоб ва Душанбе бо 63 адад барномаҳои консертӣ диққати 74340 нафар иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуданд. Ансамблҳо, филармонияҳо ва театрҳои халқии вилоят бо 171 адад чорабиниҳои гуногунмазмун теьдоди 70911 нафар иштирокчиро фарогир шуданд.
Дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ Шуъбаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва сохторҳои он зиёда аз 100 адад чорабиниҳои гуногунмазмунро ташкил ва баргузор намуданд, ки дар онҳо зиёда аз 110853 тамошобинон ширкат варзиданд.
Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик такмил ёфта, дар сомонаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Пажўҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҷой дода шуда, аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Адиб» бо теъдоди 200 нусха чоп гардид. Феҳристи мазкур иборат аз 6 фасл буда, ба он наздики 300 номгуйи намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ворид карда шудаанд.
Дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби кормандони бахши раёсати фарҳанги минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон ба «Феҳристи ҳунармандони халқӣ» 1416 нафар ҳунарманд аз рўи 180 намуди ҳунар омода гардид.
Вобаста ба тарғибу ташвиқи ҳунарҳои бадеии халқӣ, дастгирии ҳунармандон ва муаррифии маҳсули эҷоди онҳо бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.2018, №АП-1140 «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» тасдиқ карда шуд.
Тибқи ҷадвали мазкур як қатор фестивалу озмунҳо, аз ҷумла Фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омўз…», Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесў», Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», Фестивали «Сад ранги чакан» (чакандўзӣ), Фестивали ҷумҳуриявии «Атласу адрас», Фестивали ҷумҳуриявии “Ҷилваи рангҳо”, Озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг», «Дастархонороӣ», «Кадбонуи беҳтарин», «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ», «Кулолгарӣ, чўбтарошӣ ва сабадбофӣ» ва ғайраҳо доир гардиданд, ки дар оянда низ баргузории ин гуна фестивалу озмунҳо идома меёбанд.
Ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои таърихиву ёдгориҳои табииву фарҳангӣ, ҳунарҳои бадеии халқӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар кишвар ҳамарўза тавассути шабакаҳои телевизиониву радиоӣ барномаҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ ва таблиғотӣ инъикос мегарданд, ки мутахассисони вазорат дар онҳо фаъолона ширкат меварзанд.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№АП-1165 аз 09.02.2019) оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ” дар тамоми шуъбаҳои хизматрасонӣ ва китобхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гўшаҳои махсуси тарғиботӣ ташкил гардидаанд. Даври аввали он дар сатҳи баланди адабию маънавӣ баргузор шуда, Муассисаи давлатии “Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар” тўли ин муддат 920 адад чорабиниҳоро доир намуд.
Дар Системаи марказонидашудаи китобхонаҳои шаҳри Душанбе дар ин муддат 680 адад чорабиниҳои гуногунмазмун, аз қабили конфронси хонандагон, маҳфилҳои адабӣ, намоишҳои китобӣ, шабҳои саволу ҷавоб, соатҳои адабӣ, суҳбатҳо, хонишҳои баланд, хулосаҳои библиографӣ, вохўриҳо, рафҳои мавзўӣ, сайри китоб, озмунҳо доир гардиданд.
Дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т.Асирии вилояти Суғд давоми нўҳ моҳи соли равон 905 чорабиниҳои мухталиф, аз қабили 268 намоиши китобию матбуотӣ, 89 вохўрӣ, 166 сўҳбатҳо, 6 озмун, 10 маҳфили дўстдорони китоб, 31 муаррифи китоб, 24 картотекаи мавзўгӣ, 5 конфронс, 36 маҳфилҳо, 22 лавҳаҳо, 143 хулосаи китобшиносӣ, 45 рўйхати тавсиявӣ, 60 гўшаи тарғиботӣ бо иштироки 55 ҳазору 392 нафар доир гардид. Дар китобхонаи мазкур 165 ҳазор маводҳо дар шакли электронӣ мавҷуд буда, аз он миқдор 35 ҳазорашро китобҳо ташкил медиҳад. Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 27 феврали соли 2019, №85 озмуни вилоятии “Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2019” баргузор гардид. Шоҳҷоиза насиби китобхонаи марказии ба номи Қувват Давлати ноҳияи Мастчоҳ, ҷойи якум насиби китобхона-филиали №20 ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи дуюм насиби китобхона-филиали №3 шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, ҷойи сеюм насиби китобхона-филиали №8 деҳаи Сарои ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт гардид.
Дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳии вилояти Суғд давоми нўҳ моҳи соли равон 94 чорабиниҳои мухталиф бо иштироки 4089 нафар доир гардиданд.
Дар китобхонаҳои вилоятии ба номи Ш.Шоҳини шаҳри Бохтар, ба номи С.Айнӣ ва китобхонаи бачагонаи шаҳри Кўлоб, китобхонаҳои оммавии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон суҳбату вохўриҳо бо хонандагон дар мавзўҳои “Қадами аввалин ба китобхона”, “Қоидаҳои муносибат бо китоб”, “Ифоданок ва таъсирбахш қироат намудани ашъор”, “Роҳнамои довталаб 2019”, тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Рўзи ҷаҳонии занон дар соҳаи илм”, “Рўзи ҷаҳонии ҳадяи китоб”, “Илм, техника, навоварӣ ба хотири рушд”, “Занон ва рушди муосир”, “Рўзи компютерчиён”, “Китоб дўсти беҳтарин” баргузор гардиданд.
Айни замон дар вилоят хазинаи умумии китобхонаҳо 2 млн. 523 988 нусхаро ташкил намуда, 122792 хонандаро дар бар мегирад.
Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин ба маблағи 22 165 сомонӣ 6253 нусха китобҳои дарсию бадеӣ ворид гардиданд.
Инчунин аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонаи марказии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Бохтар, ноҳияи Шаҳритус ва ба ноҳияи Носири Хусрав китобҳои тозанашр дастрас шуданд.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 хариди китобҳои тозанашр аз ҳисоби буҷа 2310 нусха ба маблағи 54122 сомонӣ, аз ҳисоби китобдорон 1382 нусха ба маблағи 13 643 сомонӣ, китобҳои тўҳфашуда аз муассисаҳои давлатӣ 5246 нусха, аз муассисаҳои ғайридавлатӣ 91 нусха ва аз ҳисоби шахсони алоҳида 1779 нусха мебошад.
Дар Китобхонаи вилоятии ба номи А. Рўдакии ВМКБ бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва 21 намоишҳои китобӣ баргузор гардиданд, аз ҷумла «Расму оинҳои миллӣ ва танзими онҳо», «Поянда бод сулҳу ваҳдати мо», «Забони мо давлати мост», «Аз Паём то Паём», «Ҷавонон пайравони Пешвои миллат», «Артиши миллӣ – такягоҳи сулҳ», «Ваҳдат ва Истиқлолият ду мафҳуми ҷудонопазиранд» ва ғайраҳо пешкаши хонандагон гардонида шуд. Инчунин, китобхонаи вилоятӣ дар ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Дар Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ низ дар ин муддат якчанд намоишҳои китобӣ, аз ҷумла намоиши китобӣ таҳти унвони «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Наврўз ҷаҳонӣ шуд», «Бе зан зиндагӣ нест» ва ғайраҳо доир шуданд.
Теъдоди осорхонаҳо дар ҷумҳурӣ ба 115 расида, фонди осорхонаҳои ҷумҳуриро 337436 адад экспонат ташкил медиҳад, ки аз ин 45000 адад дар фонди осорхонаи миллии Тоҷикистон, 125418 адад дар фонди осорхонаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг, 44340 адад дар осорхонаҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, 48132 адад дар осорхонаҳои вилояти Суғд, 37383 адад дар осорхонаҳои вилояти Хатлон, 14801 адад дар осорхонаҳои ВМКБ, 22362 адад дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маҳфуз аст.
Таҳияи “Феҳристи давлатии Фонди осорхонавии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тибқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар солҳои 2018–2019 идома дорад.
Дар ин замина, бо мақсади суръат бахшидан ба раванди таҳияи Феҳристи фонди осорхонаҳо, бақайдгирии ашё ва коллексияҳои осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нишондоди қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» новобаста аз шакли моликияташон анҷом дода мешавад.
То имрўз раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанги вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии шаҳри Турсунзода, Осорхонаи санъати амалии деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода, Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии ноҳияи Шаҳринав, Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳияи Файзобод, Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии вилоятии ба номи «Авесто», вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур феҳристро дар шакли дуруст пешниҳод намуданд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор рўйхати осорхонаҳо ва фонди осорхонавие, ки дар тобеияти Вазорати фарҳанг қарор доранд, ҷамъоварӣ кардааст. Вале аксари вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо бе мувофиқаи Вазорати фарҳанг дар назди сохторҳои худ осорхона ташкил намудаанд. Барои ба танзим даровардани кори осорхонавӣ, татбиқи санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқии соҳа вазорат аз 10 феврали соли 2017, №1-03/330 ва такроран аз 21 июни соли 2017, №1-03/1579 ба унвонии вазорату идораҳо бо мақсади ба рўйхат гирифтан ва таҳияи Феҳристи давлатии фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол карда буд. То имрўз қисман посухи мактубҳо ба Вазорати фарҳанг ворид гардида, боқимонда дар ҷараёни корӣ қарор дорад.
Зимнан, мағозаҳо, шахсони алоҳида, ташкилотҳои гуногун, бахусус бонкҳо, ки коллексияи хусусии сарватҳои пурқимати нодири таърихию фарҳангиро ташкил намуда, ба хариду фурўши онҳо машғул ҳастанд, бе мувофиқа бо Вазорати фарҳанг фаъолият доранд. Дар ин росто, пас аз қабул гардидани санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқии болозикр масъалаи мазкур низ ба танзим дароварда хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки яке аз сабабҳои коста будани фаъолияти осорхонаҳо ин норасоии мутахассисони касбӣ, воҳидҳои корӣ, таҷҳизоти технологияи муосири мансуб ба кори осорхона ва дигар лавозимот мебошад.
Имрўз зарурат пеш омадааст, ки дар назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода факултаи махсуси осорхонашиносӣ таъсис дода шуда, хатмкунандагони он барои фаъолияти пурсамар ба минтақаҳои ҷумҳурӣ сафарбар карда шаванд. Зеро теъдоди донишҷўёне, ки имрўз дар шўъбаи осорхонашиносӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ–фарҳангии кафедраи фарҳангшиносӣ ва педагогикаи донишкадаи мазкур дар соли хониши 2018-2019 хатм доранд, 15 нафарро ташкил медиҳанд ва албатта ин теъдод ба талаботи осорхонаҳо ҷавобгў нестанд. Инчунин, ташкили курсҳои такмили ихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар низ ба мақсад мувофиқ аст.
Дар ҳудуди вилояти Суғд як Осорхонаи ҷумҳуриявӣ, як Осорхонаи вилоятӣ, 9 осорхонаи таърихӣ- кишваршиносӣ фаъолият менамоянд. Ҳамчунин, 4 осорхонаҳои шахсӣ дар шаҳри Исфара ва 6 хона-осорхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият доранд.
Дар Фонди осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 48349 адад нигораҳо мавҷуд буда, аз осорхонаҳо 45 600 нафар тамошобинон дидан намуданд. Дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшида ба ҷашну санаҳои таърихию фарҳангӣ 380 чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ, аз қабили вохўриву сўҳбатҳо, мизи мудаввар, лексияҳо, конфронсҳо, намоишҳо бо иштироки таърихчиён, олимон, мутахассисони соҳа ва омўзгорони фанни таърихи муассисаҳои таълимии вилоят доир гардида, 1121 сайри илмӣ гузаронида шуд.
Дар ин давра аз Осорхонаи таърихии вилоят 21 432 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ дидан ба амал оварда, аз таъриху тамаддуни тоҷикон бархурдор гардиданд.
Бахшида ба Рўзи байналмилалии осорхонаҳо санаи 17 май дар осорхонаи навтаъсиси “Курушкада”–и ноҳияи Спитамен конфронси илмӣ ва сайри осорхона таҳти унвони “Дар сўҳбати қарнҳо” бо иштироки нозирони ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, директорони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ва олимону устодони донишгоҳҳои вилоят баргузор гардид. 18 май дар тамоми осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба муносибати Рўзи байналмилалии осорхонаҳо Рўзи дарҳои кушод ташкил карда шуд.
Дар вилояти Хатлон 20 адад осорхонаҳо бо теъдоди 31946 адад нигораҳо фаъолият доранд, ки нисбати ҳамин давраи қаблӣ 2611 адад нигора ва 1 адад осорхона зиёд мебошад. Осорхонаи мардумии ноҳияи Балҷувон ва осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии ноҳияи Ёвон дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар ноҳияҳои Дўстӣ, Ҷайҳун, Вахш, Кўшониён, Панҷ, Восеъ, Муъминобод, Ш.Шоҳин ва Данғара осорхонаҳои таъриху кишваршиносӣ то ҳол таъсис дода нашуданд.
Дар Осорхонаи вилоятии ВМКБ бахшида ба рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Артиши миллӣ – сипари боътимоди давлат» акси афсарон ва аскарон ба намоиш гузошта шуд. Бахшида ба «Рўзи Модар» дар як гўшаи осорхона бо фарогирии 20 адад аксҳои занони барўманди вилоят таҳти унвони «Бонувони шарафманд» ба намоиш гузошта шуд. Тайи ин муддат ба фонди осорхона 55 адад экспонат ворид гардид, ки шумораи умумии экспонатҳоро ба 8269 адад расонид. Инчунин, ба осорхона 245 нафар ташриф оварданд, ки аз ҳисоби онҳо 418 сомонӣ фоида ворид гардид. Ҳамзамон, осорхонаи вилоятӣ дар озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» иштирок намуд.
Фаъолияти театрҳои халқӣ ва ансамблҳо дар ин давра сифатан беҳбудӣ ёфт. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 17 ансамблҳои рақсӣ, аз ҷумла дар шаҳри Бўстон ансамбли рақсии “Ёсуман”, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ансамбли “Бунафша”, дар шаҳри Гулистон “Сафина”, дар шаҳри Истиқлол “Садбарг”, дар ноҳияи Ашт “Малика” ва “Саодат”, дар ноҳияи Айнӣ ансамбли рақсӣ, дар шаҳри Исфара “Зумрад”, дар шаҳри Панҷакент, дар ноҳияи Ҷ.Расулов “Таманно”, дар шаҳри Хуҷанд “Парниён”, дар шаҳри Конибодом “Гулдаста” фаъолият мебаранд. Инчунин, дар назди Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ансамблҳои рақсии “Чаманоро”, “Маҳастӣ”, “Гулноз”, “Чаманоро”, дар назди Кохи фарҳанги “Суғдиён” ансамбли рақсии ба номи “Ғаффор Валаматзода”, “Зебо” ва дар назди ансамбли фолклорию этнографии “Фалак” ансамбли рақсӣ таъсис дода шудааст. Дар назди бахши фарҳанги ноҳияи Деваштич 3 ансамбли рақсӣ-“Гулоро” бо 8 нафар, “Гулчин”бо 8 нафар, “Парасту” бо 13 нафар, дар ноҳияи Спитамен “Анора” бо 8 раққоса ва “Сафина” бо 24 раққоса, дар ноҳияи Шаҳристон “Чаманоро” бо 10 нафар, дар ноҳияи Зафаробод бо 12 нафар ансамбли рақсӣ бо номи “Навои Суғд” бе воҳиди корӣ бо ҷалби хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият мебаранд.
Кормандони Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи М.Назарови Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар ин муддат зиёда аз 55 маротиба намоишҳои консертӣ ва намоишҳои театриро пешкаши тамошобинон гардониданд, ки дар онҳо 3968 нафар тамошобинон иштирок намуданд. Инчунин, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Парасту – 2019» бо асари У. Шекспир «Ҳамлет» баромад намуданд. Моҳи сентябр ҳайати эҷодӣ намоишномаи Ҷ. Қуддус «Зани шаҳрӣ» - ро пешкаши тамошобинон гардониданд.
Ҳунармандони ансамбли «Навои Бадахшон» моҳи майи соли равон ба сафари ҳунарӣ баромада, дар ноҳияи Роштқалъа ва қисми ҳарбии 0410 барномаи консертиро пешкаши сокинони ноҳия ва аскарону афсарон намуданд.
Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Хоруғ дар баргузории иди Наврўз, Ваҳдати миллӣ ва 28–солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барномаи театрикунонидашударо пешниҳоди сокинони шаҳри Хоруғ гардониданд.
Теъдоди боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ дар давраи ҳисоботӣ ба чанд? расиданд. Дар ҳудуди вилояти Суғд 21 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ фаъолият дошта, 19 боғҳо давлатӣ ва Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии “Наврўзгоҳ” ва “Ғалаба”-и шаҳри Хуҷанд боғҳои хусусӣ мебошанд.
Дар Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилоят 52 аттраксион, 62 чархофалакҳои хурду калони гуногун, 9 лимпопо, 25 тақвияти овоз, 2 нақлиёти хизматӣ ба мардум хизмат мекунанд ва аксарияташон аз нав барқарор гардиданд.
Дар боғҳои фарҳангӣ-истироҳатӣ ҳамаи атраксионҳо, курсиҳои нишаст таъмир ва рангубор карда шуда, бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ шиору овезаҳо омода гардида, аз рўи мавзўъ ва мундариҷа иваз карда мешаванд. Тибқи Накша-чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмиру таҷдид карда хоҳанд шуд. Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияҳои Зафаробод ва Деваштич бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав таҷдид гардида, бо иштироки меҳмонони олиқадр дар арафаи таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Барқароркунии боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Истаравшан давоми соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Барои бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар ноҳияи Айнӣ санги асос гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад. Инчунин, бо қарори раиси ноҳия барои бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ замин ҷудо гардида, тибқи нақша то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба истифода дода хоҳад шуд.
Дар шаҳри Кўлоб зимни ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чор боғи нав бунёду мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Р.Мурчаеви шаҳри Бохтар ҷиҳати корҳои сохтмонӣ, сафолакшинонӣ, чароғонкунӣ, гулу ниҳолшинонӣ, харидории арғунчаку атраксион аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар 1 млн.370 000 сомонӣ ва аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бо маблағи 3 млн сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шуданд.
Таҷрибаи аз тарафи соҳибкорон бунёд ва таъмиру тармим кардани боғҳо дар вилояти Хатлон торафт равнақ меёбад. Ҳамзамон барои ободонии боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кўлоб 11-адад техникаҳои пуриқтидор ва 94 нафар сохтмончиён сафарбар гардидаанд. Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Шаҳритуз 1-ҷуфт Аквопарк дар ҳаҷми 25Х25 м2 насб шуда истодааст.
Дар бобати сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои фарҳангӣ дар бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ корҳои муайян анҷом дода шуданд.
Моҳи марти соли равон дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен Қасри фарҳанг бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шуд. Бо қарори раиси ноҳияи Айнӣ 01.05.2018, №302 клуби деҳаи Анзоб, ки соли 1968 бунёд гардида буд, аз тавозуни хоҷаги деҳқонии ба номи М.Асриддинов ба тавозуни бахши фарҳанг гузаронида шуд. Бо қарори маҷлиси умумии хоҷагии деҳқонии Вашан аз 7.02.2019, №01 клуб ба тавозуни бахши фарҳанги ноҳия гузаронида шуда, ба фаъолият оғоз кард. Бо фармони мудири бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ 3.01.2019, №2 тибқи талабу дархости сокинони деҳаҳои Чоре ва Пойи Мазор дар деҳаи Пойи Мазор китобхона бо ҷудо намудани воҳиди корӣ таъсис дода шуд.
Қасри фарҳанги шаҳри Кўлоб ба маблағи 76 000 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳал таъмир гардида, дар ноҳияи Балҷувон бо дастгирии Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 265706 сомонӣ тақвияти овоз ва ба маблағи 80 000 сомонӣ 111 ҷуфт либосҳои саҳнавӣ харидорӣ карда шуд.
Корҳои таъмиру азнавсозии саҳнаи Кохи Ватани шаҳри Бохтар бо паспарда, пешпарда, ороиши банерӣ ба маблағи 35 000 сомонӣ ба анҷом расонида шуд.
Дар ноҳияи Муъминобод аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба миқдори 25 000 сомонӣ дар назди «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» сохтмони мақбараи мунаққиди адабиёти тоҷик Соҳиб Табаров рафта истодааст.
Дар қалъаи Кўлоби шаҳри Кўлоб аз соли 2018 инҷониб аз ҳисоби ҳамоҳангсози иншооти инфраструктураи иҷтимоии шаҳри Кўлоб корҳои азнавсозӣ идома дорад. Мавзеи вохурии М.С.Ҳамадонӣ ва Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ бо маблағи 300 000 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб азнавсозӣ гардид.
Дар мақбараҳои Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно Нуриддин, мақбараи Шаҳид дар ноҳияи Данғара, мавзеи таърихӣ-табиии Имом Аскарӣ дар ноҳияи Ш.Шоҳин корҳои ободонӣ рафта истодааст.
Ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” китобхона-филиалҳои №4 ва 2 шаҳри Бохтар, китобхона-филиали №20 ноҳияи Ҷ.Балхӣ, китобхонаи марказии шаҳри Кўлоб, китобхонаи деҳаи Кафтархонаи ҷамоати деҳоти Х.Раҷабови ноҳияи Восеъ, дар деҳаи Фурузобаи ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод сохтмони китобхона аз тарафи мудири китобхона ва таъмиру бунёди китобхонаҳо дар дигар мавридҳо идома доранд.
Бинои китобхона – филиали №24, Ҷамоати деҳоти Бустонқалъа деҳаи Ниҳолпарвари ноҳияи Кўшониён, ки кўҳнаю фарсуда шуда буд, ба маблағи 14550 сомонӣ тариқи ҳашар сохта ба истифода дода шуд.
Китобхона - филиали №5-и шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш аз тарафи китобдор Ташрифова Парвина ва китобхона – филиали №12 Ҷамоати деҳоти Айнӣ, деҳаи Ганҷина аз тарафи соҳибкор Акаҷонов Қурбон сохта шуданд.
Тибқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 дар ноҳияҳои Шуғнон ва Ванҷ қасри фарҳанг ба истифода дода шуда, сохтмони театри замонавӣ дар шаҳри Хоруғ идома дорад. Нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Рўшон ва Роштқалъа таъсис дода шудааст.
Базаи моддӣ – техникии муассисаҳои фарҳангӣ беҳбудӣ ёфта, бо дастгирии мақомотҳои маҳал ҷиҳати харидории сару либоси саҳнавӣ, воситаҳои тақвияти овоз, баргузории чорабиниҳо дар арафаи ҷашни Наврўз ва дигар ҷашнҳо шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Қубодиён, Темурмалик, Ёвон, Ҳамадонӣ, Ховалинг, Хуросон, Данғара, Восеъ, Муъминобод, Балҷувон, Панҷ, Дўстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ дар маҷмўъ ба маблағи 700347 сомонӣ маблағгузорӣ гардиданд, ки нисбати ҳамин давраи қаблӣ 415092 сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳисоби буҷаи маҳал барои ансамбли вилоятии “Шашмақом” ба маблағи 9 000 сомонӣ асбобҳои мусиқӣ харидорӣ гардидааст.
Дар нўҳ моҳи соли равон муассисаҳои фарҳанги ВМКБ ба миқдори муайяни асбобҳои техникии компютерӣ, молу амвол ва китобҳо таъмин гардиданд.

III. ТАБЪУ НАШР ВА МАТБУОТИ ДАВРӢ

Муассисаҳои нашриявии вазорат дар ин давра бо назардошти китобҳои дарсии нашрнамудаи ҶСШК “Матбуот” дар маҷмўъ 65 номгўй китоб, бо теъдоди 323930 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расонданд.
Муассисаи нашриявии «Адиб» нашри силсилаи 50-ҷилдаи «Ахтарони адаб»-ро идома дода, чор ҷилди он – «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Мунтахаботи»-и устод Садриддин Айнӣ, «Куллиёт»-и Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва «Мунтахаби ашъор»-и устод Абулқосим Лоҳутӣ дар ҷараёни нашр қарор доранд. Ҳамчунин асарҳои Мирзо Турсунзода «Сайёҳи Ҳинд», Ҷалол Икромӣ «Тахти вожгун», Бозор Собир «Мунтахаби ашъор», Лоиқ Шералӣ «Дасти дуои модар», Коллектив «Субҳи Роғун» ва дигарон дар нақшаи соли 2019 шомил гардидаанд.
Бояд зикр кард, ки дар нуҳ моҳи соли 2019 аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ панҷ номгўй – Сафар Амирхон «Пайғом», Равшан Раҳмонӣ «Наврўз дар Ўзбекистон» дар ҳаҷми 22,5 ҷузъи чопӣ, бо теъдоди 2000 нусха, Мавлоно Абдукаломи Озод «Куруши Кабир - Зулқарнайн» 12 ҷузъи чопӣ 2000 нусха, Гулчеҳра Муҳамадиева «Кабутари сулҳ» 5 ҷузъи чопӣ 2000 нусха, Рашиди Қодириён «Нури Раҳмон» 2, 75 ҷузъи чопӣ, 500 нусха ва бо тамғаи нашриёт 12 номгўй дар ҳаҷми 140, 25 ҷузъи чопӣ, бо теъдоди 3900 нусха китобҳо ба нашр расиданд.
Бо тавсия ва маблағгузории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Куллиёт»-и шоир ва орифи бузург Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар ҳаҷми 80 ҷузъи чопӣ бо теъдоди панҷ ҳазор нусха ва бо ороиши рангаву мунаққаш нашр гардид. Китоби мазкур рўзи 6-уми сентябр бо иштироки шоирон ва олимону донишмандон мавриди рўнамоӣ қарор гирифт.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 Муассисаи нашриявии «Адиб» ба Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» ва дигар корхонаҳову ашхоси инфиродӣ ба тариқи шартномавӣ ба маблағи 44802,45 сомонӣ ва ба тариқи нақдӣ 559488, 16 сомонӣ китоб ба фурўш баровард.
Инчунин дар ин давра 114 номўй китоб бо теъдоди 3780 нусха, ки маблағи умумиашон 131256,70 сомониро ташкил медиҳад, ба тариқи ройгон ба Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Бахши фарҳанги ноҳияи Данғара, мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №12-и ноҳияи Дарвоз, Китобхонаи Рашт, Қасри фарҳанги Данғара, шаҳри Красноярски Федератсияи Русия, Раёсати рушди фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ ва Консулгари генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар мақомотҳо ҳадя гардиданд.
Дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» бошад дар нуҳ моҳи соли 2019 китобҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Независимость Таджикистана и возрождение нации» (бо забони русӣ) ҷилди 16 бо теъдоди 1000 нусха, «Независимость Таджикистана и возрождение нации» (бо забони русӣ) ҷилди 17, бо теъдоди 1000 нусха, «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» китобҳои I-IV, (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) бо теъдоди 2000 нусха, китоби «Шукуҳи ваҳдат» дар ҳаҷми 12 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 180 нусха, ки дар маҷмуъ 4180 нусха ба маблағи 331400 сомонӣ ба нашр расида, китоби мусаввараи Тоҷикистон, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо теъдоди 1000 нусха омодаи чоп буда, китоби «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ҷилди 18 дар ҳаҷми 36,0 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 1000 нусха зери таҳрир қарор дорад.
Дар ин муддат Муассисаи нашриявии «Ирфон» аз ҳисоби додани тамға (гриф ва рақамҳои ISBN) ба китобҳо, ки миқдори 95 адад мебошанд, маблағи 11792 сомонӣ даромад ба даст овардааст. Аз фуруши китобҳо ки 963 адад мебошад маблағи 67674 сомонӣ даромад кардааст. Инчунин 582 нусха китоб ба маблағи 20465 сомонӣ ба таври ройгон дода шудааст. Дар анбори муассиса 24776 адад китоб ба маблағи 1039288 сомонӣ мавҷуд аст.
Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» 35 номгўйи асарҳои нақшавиро дар соли 2019 ба маблағи 140 ҳазору 980 сомонӣ, ки 39 000 нусха китобро дар бар мегирад, пурра ба табъ расонид.
Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» бо мақсади таъмини насли ҷавону наврас бо адабиёти бачагона аз осори бузургон асарҳои ҷолибро вобаста ба синну сол ва зеҳни кўдак пайваста омода намуда, нашр менамояд.
Муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик” дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 асосан ба тадвину таҳрир ва тасҳеҳи мақолаҳои «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ҷилди 8 (бо ҳарфҳои «И» ва «К» оғозшаванда), «Донишномаи Фарҳанги мардуми тоҷик» ҷилди 3 (Наврўз ва ҷашнҳои дигар), «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ҷилди 4 (таомҳои миллӣ) ва «Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои асри 21» машғул мебошад. Тақвими рангаи «Ёдгориҳои Саразм ва Ҳулбук» (50 нусха дар шакли А3), китоби «Ҳунармандии Хатлон дар замони Сомониён» ва «Мамнўъгоҳҳои таърихиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷмўъ 4 номгўй китоб бо теъдоди 3 350 нусха ба табъ расиданд.
Ба бойгонии Муассисаи давлатии “Агентии миллии СБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон” дар нуҳ моҳи соли 2019 зиёда аз 1180 нусха китоб, 2705 нусха рўзнома, 236 нусха маҷалла ва 347 нусхаи фишурдаи [автореферати] рисолаҳои илмӣ ворид гардид, ки таҳлилу коркарди библиографии матни онҳо барои ворид намудан ба феҳристи ҷории давлатии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” идома дорад. Кормандони муассиса ба зиёда аз 250 матбааву нашриётҳо, редаксияи маҷаллаву рўзномаҳо, донишкадаву донишгоҳҳо, мағоза ва дўконҳои фурўши китоб бо мақсади назорати фаъолият ва расонидани ёрии методӣ ташриф оварда, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» тибқи мароми солҳо маъмули фаъолият шурўъ аз оғози сол ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ дар мавриди фурўш ва харидории китоб, мушаххасозии нуқтаҳои фурўши китоб ба раисону роҳбарони шаҳру навоҳию вилоятҳо ва ба раёсатҳову бахшҳои фарҳанг дар маҷмўъ 130 адад мактуби расмӣ ирсол намуд.
Дар ду моҳи соли ҷорӣ аз тарафи бахшҳои фарҳанги Хуросон, Файзобод, Гулистон, Ванҷ ва мағозаи фурўши китоби №1 аз анбори КДТС “Китоб” ба маблағи умумии 22886 сомонӣ китоб харидорӣ гардидааст.
Ба ҳолати 01.06.2019 дар анбори корхона 108389 адад китоб ба маблағи 1074064 сомонию 81 дирам мавҷуд буда, мунтазам дар намоиш-фурўшҳо ширкат меварзад.
Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мукаммалгарадонии захираи китобхонаҳо, беҳтару хубтар намудани шароитии дастрасии аҳолӣ ба китоб тавассути Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб” дар доираи Барномаи давлатии “Рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” имсол Ҳаракати фарҳангии “Корвони китоб-2019” бахшида ба 22-юмин солгарди Рўзи маҳдати миллӣ дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ...” аз 17.06.2019 то 22.06.2019 ба ноҳияҳои минтақаи Рашт (Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш) роҳандозӣ гардид.
Имсол дар доираи барномаи давлатии мавриди назар 80 000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Бо ин маблағ 97 номгўй китоб бо теъдоди 1771 нусха китоб харидорӣ шуда, ба китобхонаҳои минтақа дастрас гардид.
Инчунин аз тарафи муассисаҳои тобеи Вазорати фарҳанги кишвар, минҷумла Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот 2235 нусха китоб, ҷузва, дастурҳои библиографӣ ва методӣ ба маблағи 53878,48 сомонӣ ва аз тарафи Хонаи китоби Тоҷикистон 1000 нусха Феҳрасти библиографии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маблағи 25090 сомонӣ ҷиҳати тақсими ройгон дар миёни китобхонаҳои навоҳии водии Рашт ҷудо гардид.
ҶСК “Матбуот” дар нуҳ моҳи аввали соли 2019 3 фармоишро иҷро намудааст, ки ҳаҷми умумии он 45 ҷузъи чопӣ буда, теъдоди он 270,000 нусха китобу ҷузваро ташкил медиҳад.
Аз ибтидои соли равон шумораҳои рўзномаю маҷаллаҳои соҳавии Вазорати фарҳанг – «Тоҷикистон», «Фирўза», «Истиқбол», «Илм ва ҳаёт», «Чашма», «Хорпуштак», «Баҳори Аҷам» ва «Анбоз» дар муҳлатҳои пешбинишуда нашр шуданд. Хабару мақолаҳои дар ин нашрияҳо батабърасида ба тарғибу ташвиқи сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳимтарин масоили фарҳангӣ, худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷавонону наврасон ва мубориза алайҳи зуҳуроти нангини ҷомеа, амсоли ришвахорию ришваситонӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ нигаронида шудаанд.
Муассисаи давлатии рўзномаи “Баҳори Аҷам” дар тўли нуҳ моҳи соли равон 28 шумораи рўзнома бо сифати баланд ва бо фарогирии маводҳои инъикосгари рўйдодҳои муҳими рўз ба табъ расонд, ки 1 шумора бештар аз нақша мебошад.
Муассисаи давлатии рўзномаи “Анбоз” дар нуҳ моҳи соли 2019 тибқи нақшаи таҳиягаштаи ҳайати эҷодӣ ва бо назардошти фармоишу супоришҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 шумораи рўзномаро аз чоп баровард, ки фарогири мавзўъҳои дархўрди кўдакону наврасон ва талаботи имрўзи ҷомеаи ҷаҳону Тоҷикистон мебошад.
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврўз, Иди модарон силсилаи мақолаҳо ба табъ расиданд. Гўшаҳои «Асрори илм», «Саволак», «Варзиши ақл», «Таърихи ҷуғрофӣ», «Афсонаҳои маҳтобӣ», «Аз аҷоиботи олам» ва «Фароғат» низ хонданбоб буда, ба боло рафтани ҷаҳони маънавии кўдакон мусоидат мекунад.
Муассисаи давлатии маҷаллаи «Истиқбол» маҷаллаи адабӣ-бадеии ҷавонон ва наврасон буда, дар се моҳ як бор ба нашр мерасад.
Дар шумораи нахустини маҷаллаи “Истиқбол” дар нуҳ моҳи аввали соли 2019 бо такя ба дастуру фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои гуногунро чоп кард: “Наврўзу навбаҳорон бар дўстон муборак”, “Китоби бетафсир”, “Номваре аз табори бузургон”, “Барои ҷавонон ҳоло ҳама шароит муҳайёст”, “Дўст дорам шамъ бошам”, “Базморо, базмҳоро нозанин оростӣ”, “Баҳористон” -- ҷўёи истеъдодҳо” нашр гардиданд.
Муассисаи давлатии маҷаллаи “Фирўза” дар ин муддат тавонист, ки бо маводҳои гуногун ҳаёти бонувони Тоҷикистон, ширкати фаъолонаи онҳоро дар пешрафти ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ пешкаши хонандагони хеш гардонад. Вобаста ба ташаббуси Роҳбари давлати мо – қабул гардидани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 - 2028 омода кардани як қатор мақолаҳоро ба нақша гирифта, чоп кард. Дар шумораи №№ 1-2 ҳамчунин мусоҳибаи проблемавии «Саратони сина ва пешгирии он» оид ба масъалаи доғи ҳаёти занон бахшида мақолаю лавҳаҳои «Модари мушфиқ», «Ҳунари авлодӣ», «Фариштаи ҳунар», «Зиндагии обод» бо сифати баланд ва пурмазмун чоп шуданд.
Маҷаллаи ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии «Тоҷикистон» асосан бо тарғиби дастовардҳои назарраси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми соҳибназари он нигаронида шудааст.
Дар шумораи 1-2 хабару мақолаҳо ва гузоришҳо, аз ҷумла гузориши мухтасар аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров, иштироки Пешвои миллат дар Ҷаласаи ХІХ Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ, иштироки Сарвари давлат дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 26 – солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки Пешвои миллат дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва инчунин хабарҳои ҷолиби фарҳангӣ, мақолаҳои «Сада- талеаи Наврўз», «Никоҳ барои тоҷикон муқаддас аст», «Зуҳуроти терорризм ва хатари он дар минтақа ва ҷаҳон», «Бонуи соҳибкасб», «Таърихи пайдоиши Наврўз», «Арзёбии самарабахшии назорати андоз», «Созандагӣ мароми онҳост» ва «Ҳунари заргарӣ»-ро дар бар мегирад.
Дар шумораи №3-4-и маҷалла мутобиқ ба талаботи боло, аз инъикоси тантанаҳои наврўзии мамлакат оғоз карда (шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғойиб «Наврўзи диёр», мақолаи «Арўси шоди наврўзӣ ба савти корвон омад» ва ғ.) мақолаҳои муҳиму ҷолиб, аз қабили «Аз саҳифаҳои таърихи маҷаллаи «Фирўза», «Рўзҳои таърихии хотирмон», «Достони меҳр», «Фариштаи заминӣ», «Модар – офарандаи ҳаёт», «Китоб – нури маърифат» ва ғайра ба нашр расиданд.
Муассисаи давлатии Маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» нашрияи илмиву оммавии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар як сол чор маротиба дар ҳаҷми 32 саҳифа, бо теъдоди 1000 нусха чоп ва тариқи обунаву фурўши озод паҳн мегардад.
Маҷаллаи ҷумҳуриявии ҳаҷвии «Хорпуштак» Муассисаи давлатии маҷаллаи ҳаҷвии“ Хорпуштак” дар 9 моҳи соли равон баҳри амалӣ намудани дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар ва Вазорати фарҳанг корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.
Дар ин муддат 8 шумораи рангаи маҷалла бо маводҳои хонданбоб дар мавзўҳои муҳими рўз ва аксу суратҳои ҷолиб ба табъ расид. Мазмуну мундариҷаи мавод ва аксу суратҳои чопшуда мавзуъҳои риоя нагардидани либосҳои миллӣ, дуздию қаллобӣ, ришва ва ришваситонӣ, қочоқи маводи мухаддир, риоя нагардидани Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, аз хизмати аскарӣ сарпечӣ кардани ҷавонон ва дигар масъалаҳои рўзмарраро дар бар мегиранд.
Муассисаи давлатии маҷаллаи «Чашма» бо замимаҳои худ маҷаллаи «Офтобак» ва рўзномаи «Зангўла» ҳар кадоме тибқи нақшаи тасдиқшуда то имрўз 4-6 шуморагӣ нашр шуданд ва шумораҳои 7ва 8 омодаи чопанд. Дар шумораҳои нашршуда вобаста ба супоришу дастури Ҳукумати кишвар доир ба Соли нави милодӣ, Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи модар, Иди байналмилалии Наврўз, Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», пешгирии нашъамандӣ ва гаравидани наврасон ба созмону гурўҳҳои манфиатталаби бегона ва дигар мавзўъҳои муҳим маводи ҷолибу хонданӣ ба нашр расид.

IV. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН

Соҳаи ҳуқуқи муаллиф фаъолияти худро бештар ба татбиқи қонуну қарорҳои соҳавӣ, таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими муносибатҳои корӣ бо вазорату муассисаҳое, ки бо объектҳои ҳуқуқи муаллиф сару кор мегиранд, таҳияи маводҳои аҳдномаҳои байналмилалӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи соҳавӣ, равона сохт.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2020» ва «Нақшаи кори Шўрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» шуъба дар бораи рафти корҳои иҷрошуда ба котиботи Шўро ва ба мақомоти дахлдор ҳисобот пешниҳод кард.
Кормандони шуъба дар ин муддат оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №691 «Дар бораи Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)» дар нўҳ моҳи соли 2019 маълумоти дахлдор таҳия намуда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод намуд.
27 феврали соли 2019 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар ҳузури Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева ба Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) намояндаи вазорат санади ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон зарардида ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбати асарҳои нашршуда»- ро супорид.
Корманди шуъба тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.06.2019с., №17574(29-8) дар ҳайати Гурўҳи кории доимоамалкунанда оид ба пешбурд ва пайгирии фаъолияти минбаъда ҷиҳати такроран ворид нагардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Феҳрести назоратии махсуси 301» шомил гардида, дар ҷаласаҳои Гурўҳи корӣ ширкат намуд, гузориш ва нақшаи чорабиниҳоро барои соли 2019 пешниҳод кард.
Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2019, №114351(29-8) корманди шуъба дар семинари гурўҳи коршиносони Осиёи Марказӣ оид ба ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, ки 17 – 19 сентябри соли 2019, дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок кард ва тибқи тартиби муқарраргардида аз натиҷаи он ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол намуд. Корманди шуъба дар семинари гурўҳи коршиносон дар бораи истифодаи дурусти барномаҳои компютерии иҷозатномадошта, интиқоли объектҳои моликияти зеҳнӣ тавассути сарҳад, нақши созишномаҳои соҳаи моликияти зеҳнӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба истифода ва ҳимояи барномаҳои компютерӣ маърўза намуд.
Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои шахсони нобино ва онҳое, ки қобилияти маҳдуди биноиш доранд ва мутобиқ намудани қонунгузории соҳаи ҳуқуқи муаллиф ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2018, №256 «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон зарардида ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбати асарҳои нашршуда» тасдиқ шуд ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки он 8 июни соли 2018 дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва он аз 27 майи соли 2019 барои Тоҷикистон эътибор пайдо кард. Ҳамчунин бо мақсади дар амал татбиқ намудани муқаррароти Шартномаи мазкур тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.05.2019с, №20212(29-11) бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоти Ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон 21 июни соли 2019 ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ин давра ба шуъба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷ аз кишвар барои гирифтани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ муроҷиати хаттӣ ва шифоҳӣ карданд, ки аксари онҳо дар натиҷаи пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва бо кумаки мақомоти дахлдор ҳал шуданд ва ё мавриди баррасӣ қарор доранд.
Ҳамчунин кормандони шуъба ба мактуб ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бевосита аз шуъбаву раёсатҳо ва мақомоти дигар ворид мешуданд, хулосаҳои ҳуқуқӣ доданд.
Дар ин давра муаллифон ва соҳибҳуқуқоне, ки асарҳояшонро барои сабти ном ба шуъба пешниҳод карданд, аз ҷониби кормандон ва коршиносон баррасӣ гардид ва тибқи «Тартиби бақйдгирии асарҳои муаллифон», ба 10 муаллиф шаҳодатномаи муаллифӣ дода шуд.
Кормандони вазорат бо мақсади шинос кардани ҷомеа бо қонуну санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва баланд бурдани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон лоиҳаи китоби «Маҷмўаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф»- ро таҳия намуданд ва дар рўзномаву маҷаллаҳо мақолаҳо нашр карданд.
Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои амволии муаллифон, мутобиқи низомнома ва ўҳдадориҳои соҳавӣ кормандони шуъба дар нуҳ моҳи соли 2019 маблаги 40432, 00 сомонӣ ба суратҳисоби шуъба ворид намуда ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (ФҲИА) (25%) 11948,97 сомонӣ, андоз аз даромади шахсони воқеъӣ 6213,43 сомонӣ, (ФҲИА) (1%) 3190,00 сомонӣ, маблағҷудокуниҳо аз даромадҳо оид ба маблағҳои махсус 3790, 00 сомонӣ, трансферҳои асосии дохилӣ ва ташкилотҳои давлатии молия (5%) 1705, 00 сомонӣ, хизматрасонии бонкӣ ба маблағи 278, 01 сомонӣ ва ба муаллифон ба маблағи 38392, 48 сомонӣ ҳаққи қалам пардохта шуд.
Бо дарназардошти васеъ гардидани фаъолияти соҳаи ҳуқуқи муаллиф, дар амал татбиқ намудани муқаррароти қонунҳои соҳавӣ, санадҳои байналмилалӣ, ҳуҷҷатҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) масъалаи тақвият бахшидани соҳаи ҳуқуқи муаллиф, ба роҳ мондани фаъолияти намояндагон дар вилоятҳои ҷумҳурӣ ва таҷдиди назар намудани сохтори шуъба, баррасӣ карда мешавад.

V. РУШДИ ИЛМ ВА ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Тибқи Нақшаи фаъолияти раёсату шуъбаҳои вазорат барои соли 2019 дар оғози сол Комиссия оид ба қабули имтиҳонҳои довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии фарҳангии Федератсияи Россия таъсис дода шуд. Дар натиҷаи кори Комиссия бо мақсади тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъат дар хориҷи кишвар тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия (58 нафар) барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар тавассути Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон (Россотрудничество) 38 нафар аз имтиҳонҳои қабул гузаштанд. Айни замон 38 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Россия таҳсил намуда истодаанд.
Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ кормандони шуъба дар чорабиниҳои фарҳангие, ки аз ҷониби муассисаҳои тобеи вазорат омода гардида, дар мавзеҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар Боғи Ирам, Боғи Куруши Кабир, Боғи Устод Рўдакӣ баргузор гардиданд, ширкат варзиданд.
Ҳоло аз 95 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг бевосита дар тобеияти Вазорати фарҳанг 11 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 3 мактаби олӣ 6 коллеҷи соҳавӣ ва 2 – мактаб - интернати махсусгардонидашудаи соҳаи мусиқӣ ва санъат фаъолият менамоянд.
Муасисаҳои таълимии соҳа дар иртибот ба эълон гардидани солҳои 2018-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар мавзўъҳои гуногун лексияю суҳбатҳо, вохўрию конференсияҳоро баргузор намуданд.
Дар ин муддат консертҳои ҳисоботии муассисаҳои таълимӣ баргузор гардида, дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи композиторони Тоҷикистон як қатор маҳфилҳои эҷодӣ ва вохўриҳои аъзои Иттифоқи композиторон бо хонандагону донишҷўён роҳандозӣ гардиданд, ки дар чорабиниҳои мазкур кормандони шуъба саҳмгузор ва иштирокчии бевосита буданд.
Донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва мактаб интернатҳои соҳа дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва берун аз он, аз ҷумла дар озмуну фестивалҳо, намоишҳои рассомон, консертҳо ва дигар чорабиниҳо фаъолона ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд. Аз ҷумла, дар Озмуни телевизионии «Парвин», 12 нафар донишҷўёни Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, фаъолона иштирок намуданд ва 6 нафари онҳо ба даври дуюми озмун роҳхат гирифтанд.
Дар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, 17 нафар донишҷўёни Коллеҷи мазкур фаъолона иштирок намуда, 12 нафар ба даври дуюми озмун роҳхат гирифтанд.
Коллеҷи санъати ба номи Содирхони Ҳофиз низ ҳамасола дар озмунҳое, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он баргузор мегарданд, фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷойҳои аввал мегарданд. Дар соли 2019 низ донишҷўёни коллеҷи мазкур дар пойтахти Қазоқистон ҳунарнамоӣ карда сазовори ҷойи аввал гардиданд. Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 10 нафар омўзгорону донишҷўёни коллеҷ иштирок намуда, 6 нафар сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Ҳамчунин, дастпарварони коллеҷи мазкур дар давраи ҳисоботӣ дар озмуни байналмилалии телевизионии Донак ширкат варзида сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Аз тарафи ҳамаи муассисаҳои таълимӣ омодасозии эълону рекламаҳо, варақаҳои ташвиқотӣ, дискҳо, буклетҳо, эълонҳо ба воситаи рўзнома, садо ва симо оиди дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимӣ ташкил ва фиристодани гурўҳҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳо бо мақсади ҷалб ва дарёфти ҷавонони болаёқат тибқи нақшаи кории комиссияҳои қабул фаъолона ба роҳ монда шуда, ҳамзамон дар ҳамаи ин муассисаҳо маъракаи «Рўзи дарҳои кушод» гузаронида шуданд.
Ҳамагӣ муассисаҳои таълимии соҳаро 1330 нафар, аз ҷумла, 771 нафар рўзона, 560 нафар ғоибона хатм намуда, бо роҳхат барои ҷобаҷокунӣ фиристонида шуданд.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 иҷрои лоиҳа ва мавзўъҳои илмӣ аз ҷониби ходимони илмии пажўҳишгоҳ тибқи нақшаҳои фардии корҳои илмию тадқиқотӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин давра аз ҷониби кормандони илмии пажўҳишгоҳ 120 кори илмӣ, пажўҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ ба табъ расидааст, ки аз онҳо 13 китобу дастур, 40 мақолаи илмӣ, 38 мақолаи илмию оммавӣ ва 29 нашри электронӣ мебошанд.
Иловатан, бештар аз 130-мақола доир ба фарҳангу ҳунар, воситаҳои ахбори омма, фарҳанги ғайримоддӣ ба саҳифаи тоҷикии Донишномаи озоди электронӣ – Википедия (tg.wikipedia.org) ворид карда шуд.
Ҳамчунин, бо ташаббуси олимони пажўҳишгоҳ 10 чорабинии илмӣ, аз қабили конфронсу мизҳои мудаввар баргузор гардид. Дар ин давра ходимони илмии пажўҳишгоҳ дар 32 ҳамоиши илмӣ, конференсия ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок ва бо маърўзаҳои илмӣ баромад карданд ва байналмилалӣ иштирок ва бо маърўзаҳои илмӣ баромад карданд.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ олимони пажўҳишгоҳ тибқи супоришҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳуҷҷатҳои номинатсияи “Меҳргон”-ро муштарак бо коршиносони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳаҷми 26 саҳифа таълиф намуда, барои сабт ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод намуданд. Ҳамчунин дар ин давра ҳуҷҷатҳои номинатсияи “Суманакпазӣ” ба забони тоҷикӣ омода гардида, ба Вазорати фарҳанг пешниҳод карда шуд.
Дар ин давра аз ҷониби ходимони илмии пажўҳишгоҳ 33 адад варақаи инвентаризатсионӣ оид ба пухтани таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла суманакпазӣ, сабадбофӣ, рўбобтарошӣ, оҳангарӣ, кабкбозӣ, пардозгарӣ ва ғайра пур гардидааст.
Роҳбарияти ПИТФИ дар ин давра тибқи мактуби дахлдори Вазорати фарҳанг 58 номгўи осори нашршударо ба теъдоди 4783 адад, ки маблағии умумиаш 114991 сомониро ташкил медод, ба таври ройгон ба Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб” барои “Корвони китоб” супорид.

VI. ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

Шоистаи зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои бениҳоят зиёдеро ба анҷом расонида истодааст. Саҳми миллати тоҷик дар як маврид бо арзишҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин бо фарзандони шоистаи хеш дар сатҳи ҷаҳонӣ басо назаррас мебошад.
Вазорат тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ» дигар санадҳои ҳуқуқии ватанӣ, инчунин байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда амал менамояд. Дар самти мазкур бо пешниҳоди мутахассисони шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бобати ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ қабул гардида, теъдоди зиёди маводҳои тарғибии чопӣ ва нашриявӣ вобаста ба таъриху фарҳанги миллӣ нашр гардидааст.
Вобаста ба татбиқи нишондоди Паём дар давоми соли 2019 кормандони шуъба мутобиқи моддаи 17 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ»-ро таҳия намуда, он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 таҳти №195 ба тасвиб расид. Бояд қайд намуд, ки таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ тибқи дастури Пешвои муаззам, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардидааст, бешак шуҳрати кишварамонро дар ҷаҳон афзун менамояд.
Ёдовар менамоем, ки вобаста ба коркарди иловагии номинатсияи «Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим» аз ҳисоби мутахассисони соҳавии Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО гурўҳи корӣ таъсис дода шуда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки ҳайати мазкур дар якҷоягӣ бо коршиноси минтақавии ЮНЕСКО, Президенти ИКОМОС-и Ҷумҳурии Қазоқистон Н.В.Турекулова оид ба баҳогузории рафти анҷоми корҳои номинатсионии «Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим» аз 19.08.2019 то 02.09.2019. дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе сафари хизматӣ анҷом доданд. Тибқи хулосаи коршиноси даъватгардида ва талаботи Нақшаи менеҷмент ҷиҳати тақвияти корҳои номинатсионӣ дар шаҳристони Ҳулбук ва шаҳрҳои такягоҳии он (Ҳулбак, Манзаратеппа, Золи Зар ва Қайнар) то охири соли 2019 (муҳлати баррасии номинатсия моҳи феврали соли 2020 пешбинӣ гардидааст) бояд ковишҳои иловагии бостоншиносӣ гузаронида шуда, далелҳои бостонии ин ёдгории беназири халқи тоҷик бештар ба маърази тамошои сайёҳон гузошта шавад.
Ҳамзамон, ҷиҳати тарғиби сазовори таъриху фарҳанги халқи тоҷик дар мисоли ёдгории «Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим» аз ҷониби мутахассисони соҳавии вазорат ва кормандони мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук тақвими «Саразм-Ҳулбук-2019», китобҳои «Ҳунармандии Хатлон дар замони Сомониён» ва «Ремесленное производство средневекового Хутталя» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, тавсияи методии «Кашф ва бақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мероси ғайриманқул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омодаи нашр гардиданд. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони соҳавии вазорат бо шабакаҳои телевизиону радиои ватанию хориҷӣ аз ҷумла «Сафина», «Тоҷикистон», «Баҳористон», «Синамо», «Ҷаҳоннамо» ва «Мир» наворҳои мустанад ва намоишҳои ҷолиб ба навор гирифта шуда, тавассути шабакаҳои телевизионӣ, расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ пайваста намоиш дода мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки корҳои номинатсионии «Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим» бо пуррагӣ ба анҷом расонида шуда, барои баррасӣ тавассути Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ба маркази мероси фарҳанги ҷаҳонӣ воқеъ дар шаҳри Парижи Фаронса пешниҳод карда шуд.
Ҷиҳати пешбурди фаъолияти самараноки соҳавӣ, инчунин мутобиқат бо талаботҳои байналмилалӣ ҳар сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ дар самти ҳифзи сарватҳои мероси ғайриманқул мукаммал мегардад. Кормандони шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорат вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» (№42 аз 06.08.2001с.) дар якҷоягӣ бо намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни болозикрро дар таҳрири нав омода намуданд, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 апрели соли 2019 №1593 ба тасвиб расид.
Ҳамчунин бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 18 апрели соли 2019, семинари ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо иштироки доираи васеи мутахассисони касбии кишвар баргузор гардид.
Бояд тазаккур дод, ки бақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз солҳои 1950 (қарори Ҳ.Ҷ.Т №35 аз 19.01.1950, ва соли 1971 (қарори Ҳ.Ҷ.Т №408 аз 31.12.1971) оғоз гардида буд.
Тибқи бақайдгирии солҳои 2017-2018 дар қайди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» №356 аз 31.08.2018с., 3413 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин миқдор мутаносибан 70,5%-бостонӣ 23,4%-меъморӣ ва 6% -ро монументалӣ ташкил медиҳанд.
Бояд қайд намуд, ки тибқи бақайдгирии ёдгориҳои мероси ғайриманқул дар солҳои 2017-2018 дар «Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2018, №356) 3413 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалии дараҷаи ҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин миқдор мутаносибан 70,6%-бостонӣ 23,4%-меъморӣ ва 6% -монументалӣ ташкил медиҳад. Теъдоди мазкур ниҳоӣ набуда, бо кашф ва бозёфт гардидани объектҳои мероси ғайриманқул, миқдори онҳо низ афзоиш хоҳад ёфт.
Тибқи омори бақайдгирӣ то моҳи сентябри соли 2019 теъдоди сайёҳон ва меҳмонони аз ёдгориҳои мероси ғайриманқули кишвар боздиднамуда, тақрибан ба 80 ҳазор нафар баробар мебошад.
Ҷиҳати таҳқиқ, омўзиши бостоншиносӣ, бақайдгирӣ ва таҳияи харитаи бостоншиносии ёдгориҳои мероси ғайриманқули кишвар тибқи дархости Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутахассисони муассисаи болозикр 14 адад иҷозатномаҳо - «Варақаи кушод» пешниҳод гардидаст.
Аз ҷониби мутахассисони соҳавии Вазорати фарҳанг дар ҳудуди ҷанубу шарқии деҳаи Тудабоёни Ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ду адад ёдгориҳои мероси ғайриманқул: нақби асримиёнагӣ ва иншооти хоҷагидорӣ бо боқимондаи хумҳои мансуб ба давраи кўшониён таҳқиқ гардида, ёдгориҳои мазкур ба қайди давлатӣ гирифта шуд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз проблемаҳои ҷойдошта, интиқоли ғайриқонунии мероси моддии манқул ва паҳн намудани маводи номатлуб дар ҷомеа ба шумор меравад. Вобаста ба пешгирии қочоқи сарватҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин оид ба андешидани тадбирҳо барои саҳм гузоштан дар ҳифзу таҳкими сулҳу суботи кишвар, кормандони шуъба дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва мақомотҳои зерсохтори он, Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 260 ташхисҳои соҳавиро ба анҷом расониданд, ки 60 адад мансуб ба қочоқи сарватҳои таърихию фарҳангӣ, тарғиб ва паҳн намудани маводҳои номатлубро дар ҷомеа мебошад.
Ҳамчунин бо пешниҳоди мутахассисони шуъба аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои зерсохтори он (аз 21.08.2019 таҳти №8/27-1434 сод.) тасарруфи ҳудудҳои ҳифзшавандаи ёдгориҳои бостонӣ дар ноҳияҳои Фархор ва Шаҳритуси вилояти Хатлон пешгирӣ гардидааст.
Тибқи дархости Вазорати фарҳанг аз 19.03.2019с. таҳти №1-03/720 ҷиҳати муайян намудани маблағгузории “Барномаи ҳифзи мероси таърихию фарҳанги барои солҳои 2012-2020” ва пешниҳоди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон №2-2(б)-04/266 аз 12.04.2019с. дар давраи солҳои 2012-2019 тибқи Нақшаи чорабиниҳои Барнома дар маҷмўъ маблағи 38605,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, мувофиқи харҷнома дар доираи имкониятҳои мавҷудаи буҷети давлатӣ ба маблағи 5807,0 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст, ки таносуби иҷроиши маблағгузориҳо нисбат ба нақшаи чорабиниҳо 18,9 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, ба анҷом расонидани корҳои нотамоми барқарорнамоии ҷузъии Қалъаи Муъминобод, тармими Масҷиди Далёни Боло, тармими Қалъаи Ўрда, тармими Мадрасаи Абдуллохон, тармими Қалъаи Вамар, тармими масҷиди таърихӣ ва осорхонаи Шоҳи Хомўш, Қалъаи Бешкент, Ибодатгоҳи насронии Айвоҷ, Мақбараи Хоҷаи Нур, Мақбараи Муҳаммад Башоро, масҷиди таърихии Дар-Дар, Қалъаи Данғара, Қалъаи Золи Зар, Қалъаи Қаҳқаҳа, Мақбараи Хоҷа Нақшрон, ки дар шохаҳои ҷанубӣ ва шимолии Шоҳроҳи Бузурги Абрешим воқеъ гардидаанд, мувофиқи мақсад мебошад.
Таҳлили истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои барои тармиму барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, маҳалӣ ва дигар манбаҳои ғайрибуҷетӣ пешбинӣ ва ҷудогардида аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомотҳои назоратии кишвар таҳлил ва баррасӣ гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки дар самти пешбурди фаъолияти ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои ғайриманқули кишвар як қатор норасоиҳо низ ҷой доранд.
Мушкилоти асосии соҳаи мазкур ин маҳдудияти воҳидҳои корӣ, норасоии дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир, ки бевосита барои баргузории ташхисҳои тахассусӣ зарур мебошад ба ҳисоб меравад.
Баъд аз тағйирот ворид намудан ба сохтори дастгоҳи марказии вазорат (моҳи апрели соли 2006) “Инспексияи ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ” ба “Шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ” табдил дода шуда, тибқи ҷадвали корбаст воҳидҳои кории шуъба 4-нафар тасдиқ гардидааст.
Чунин тағйирот дар пешбурди фаъолияти самти мазкур таъсири манфӣ расонида, дар натиҷа назорати ҳолати ёдгориҳои таърихӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо нисбати онҳо, назорати тармиму барқарорнамоии ёдгориҳои мероси ғайриманқул, пешгирии эъмори ғайриқонунии мақбараҳо ва ҳайкалу муҷассамаҳо нисбатан паст гардид.
Новобаста ба ин, ҷиҳати маҳдуд намудани норасоии воҳидҳои корӣ дар самти ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар маҳалҳо тибқи қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг аз №2/7 аз 12.04.2016 аз ҳисоби маъмурияти муассисаҳои зертобеи вазорат бо таври сарборӣ нозирони минтақавӣ дар Водии Зарафшон (Директори МТФ “Панҷрўд”), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Директори МТФ Ҳисор), минтақаи Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон (Директори ОМҶ Данғара), минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон (Директори МТФ Ҳулбук) ва ноҳияҳои кўҳистони вилояти Хатлон (Директори муҷтамаи осорхонаҳои Кўлоб) таъин гардида, ҳифзи мероси ғайриманқули кишварро бо таври ҷамъиятӣ таъмин менамоянд.
Дар муҳлати ҳисоботӣ муассисаҳои зертобеи шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорат тибқи Нақшаи фаъолияташон корҳои зеринро ба анҷом расониданд.
Ёдовар менамоем, ки амалӣ намудани корҳои тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангии ба Нақшаи “Барномаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020” воридгардида аз ҷониби муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба ҳифзу тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ»-«МДМЁ»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида мешавад.
Корҳои тармим ва барқарорсозӣ дар ёдгории меъмории «Қасри Ҳоким»-и шаҳри Ҳисор, ки тибқи лоиҳаи «Барқарорнамоии ёдгориҳои шаҳри Ҳисор вобаста ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор» амалӣ мегардад, дар давраи соли 2019 вобаста ба имкониятҳои молиявии кишвар мавқуф гузошта шудааст.
Корҳои тармим ва барқарорсозӣ дар ёдгориҳои таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳулбук, Қалъаи Муъминобод, Масҷиди Чилсутуни Далёни Боло, Қалъаи Вамар, мақбараи Хоҷи Ҳусайни Хатлонӣ, Мавлоно Юсуф, Қалъаи Балҷувон мувофиқи имконияти мавҷудаи маблағгузорӣ идома доранд.
Маъмурияти муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор ба 2635 нафар меҳмонони сатҳи ҳукуматии кишварҳои хориҷии наздик ва дур хизматрасонии фарҳагӣ ба анҷом расониданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор 27442 (аз ин: 6479-хориҷӣ ва 20963-дохилӣ) нафар меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ ташриф оварданд. Вобаста ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди муассиса 2585 адад дарахту буттаҳо ва гулҳои ороишӣ шинонда шуд.
Маъмурияти муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.12.2018) ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани солҳои 2019-2021 «Рўшди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» самаранок фаъолият намуда истодаанд.
Дар давраи нуҳмоҳаи соли 2019 кормандони муассиса бо ходимони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати шимолу ғарбии шаҳристони Ҳулбук ковишҳои бостоншиносӣ ба анҷом расониданд, ки дар натиҷаи он шабакаи қубурҳои асосӣ ва маркази (қутрашон 800мм) обтақсимнамоии шаҳри Ҳулбуки бостониро кашф ва таҳқиқ намуданд, ки вобаста ба ин дар расонаҳои иттилоотии кишвар ва хориҷӣ гузоришҳо пешниҳод гардид.
Ҳамчунин, аз ҷониби маъмурияти муассиса ба ҳайъати бонуфузи меҳмонони сатҳи ҳукуматии кишварҳои хориҷии ҳамҷавор ва дур хизматрасонии фарҳагӣ ба анҷом расонида шуд.
Ҷамъоварии маводҳои мероси хаттӣ, илмӣ-бостоншиносӣ оид ба самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, маданӣ, хоҷагидорӣ, фарҳангӣ, санъати меъморӣ, соҳаҳои гуногуни ҳунармандии миллати куҳанбунёди тоҷик дар намунаи осори бостонии шаҳри асримиёнагии Ҳулбук ва шаҳрҳои такягоҳии он, инчунин робитаҳои ҳамҷавории он дар минтақа идома дорад.
Дар давраи ҳисоботи кормандони муассиса ба 4375 нафар меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ хизмати фарҳангӣ расониданд. Ҳамчунин, дар ҳудуди муассиса корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ба анҷом расонида шуда 332 адад дарахту буттаҳо ва гулҳои ороишӣ шинонда шуда, аз ҳисоби мамнуъгоҳ ба корхона ва муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ 3125 дона ниҳоли гули садбарг ба таври ройгон супорида шуд.
Дар маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрўд дар ҳамкорӣ бо аъзоёни фаъоли китобхона ба ифтихори ҷашну санаҳои таърихӣ як қатор чорабиниҳои адабию фарҳангӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, вобаста ба рўзи Артиши Миллӣ, Рўзи Модарон, Ҷашни байналмилалии Наврўз базмҳои шеъру тарона, конференсияи илмию адабӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуданд. Дар доираи таҷлили навбатии ҷашни Наврўзи фархундапай як маҳфили бонуфуз таҳти унвони «Тоҷикистон ватани Наврўз аст» баргузор карда шуд.
Кормандони муассисаи давлатии осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара фаъолияти муассисаро аз рўи Нақшаи солона ба роҳ монда, иҷрои нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро сармашқи кори худ намуда, фаъолияти худро самаранок ба роҳ монданд.
Дар давраи ҳисоботӣ кормандони муассиса 25 сайрҳои осорхонавӣ барпо намуда, ҷашнҳои миллию давлатиро дар сатҳи арзанда ҷашн гирифтанд. Бахшида ба соли «Рўшди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021, инчунин таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ маъмурияти муассиса чорабинии фарҳангиро бо ҷалби ҳунармандони моҳир баргузор намуда, буклет ва маводҳои тарғиби фарҳангиро омода ва нашр намуданд. Вобаста ба корҳои ободкорӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди иншооти дар тавозуни муассиса қарордошта 616 адад дарахту буттаҳои сояафкан ва гулҳои ороишӣ шинонда шуд.
Маъмурияти муассисаи давлатии “Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ” нақшаи фаъолиятҳои муассисаро дар заминаи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии соҳавии кишвар, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дастуру супоришҳои Вазорати фарҳанг тарҳрези намуданд. Кормандони муассиса баҳри рушди минбаъдаи муҳити фарҳангии ҷомеа, ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ, эҳё ва рушди анъанаю сунатҳои миллӣ, иникоси дастовардҳои замони истиқлол, дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ҷашнҳои таърихӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ фаъолият намуда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки Осорхонаи Восеъ соли 1988 ба муносибати таҷлили 100-солагии шўриши Восеъ таъсис ёфта, шумораи умумии нигораҳо дар осорхона 500 ададро ташкил медод.
Бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўзи 7 августи соли 2019 дар ҳудуди муассисаи давлатии “Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ” воқеъ дар мавзеи таърихии Дараи Мухтор осорхонаи нави замонавии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир иборат аз 2 толорҳои барҳавои намоишӣ бо масоҳати умумии аз 534 м2, ки бо саҳмгузории Вазорати корҳои дохилӣ бунёд карда шуд, мавриди истифодаи қарор гирифт.
Дар давоми нуҳмоҳа дар осорхона бо тамошобинон 80 экскурсия гузаронида шудааст,ки дар онхо зиёда аз 1400 нафар ширкат намуданд, ки аз ин шумора 44-нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Дар маҷмуъ рафти корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар муассисаҳои зертобеи шуъба дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, қабул ва хизматрасонии фарҳангӣ ба меҳмонон ва сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тибқи муқаррарот ба роҳ монда шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъмориӣ дар баланд бардоштани рўҳияи ватандўстӣ, худогоҳию хештаншиносии сокинони кишвар хусусан ҷавонон ва наврасон мавқеи муҳим дорад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ, ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо ҳадафи асосии фаъолияти мутахассисони соҳавии Вазорати фарҳанг мебошад.

VII. ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар нуҳмоҳаи соли 2019 мувофиқи нақшаи корӣ дар амри густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ тадбирҳои назаррасро ба анҷом расонид.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат” дар сатҳи баимзорасӣ буда, Созишнома байни Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия “Оид ба таъсиси мутақобилаи марказҳои фарҳангӣ” дар ҳолати мувофиқасозӣ зимни нишасти коршиносони соҳа қарор дорад. Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг”, Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, санъат ва мероси фарҳангӣ” ва Ёддошти тафоҳум байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Арабии Миср “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг” таҳти мувофиқасозӣ ва иҷрои расмиёти дохилидавлатӣ қарор доранд.
Бо дарназардошти баргузор намудани Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб (Шарҷа) инчунин, Рўзҳои фарҳанги Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мукотибаи расмӣ ва розигии тарафайн муайян карда шуда, айни замон зимни иҷозату ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи шоиста гузаронидани чорабиниҳои номбурда корҳои омодагӣ идома доранд.
Дар ин давра мутахассисон дар ҷаласаҳои гурўҳҳои кории комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукуматҳои Ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Россия, Туркия, Ўзбекистон, Афғонистон, Беларус, Хитой, Бангладеш ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Австрия иштирок намуда, бобати густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ба протоколҳои ҷаласаҳои номбурда пешниҳодҳои мушаххас ворид намуданд.
Барои таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ бо хориҷӣ кишвар 10 нафар ҳунармандон дар Фестивали 33-уми байналмилалии “Сураҷкунд мелла”, ки моҳи феврал дар шаҳри Фаридободи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид, иштирок намуданд.
Гурўҳи эҷодӣ иборат аз 6 нафар дар чашнвораи бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз дар санаи 26-28 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ширкат варзиданд.
26 апрели соли 2019 Вазири фарҳанг дар ифтитоҳи Фестивали VI қавмии ҷаз, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор гардида буд, иштирок ва ва суханронӣ намуданд.
Рўзи 2 май намояндагони Тоҷикистон дар таҷлили зодрўзи шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар шаҳри Тошканд ширкат варзиданд.
Вазири фарҳанг рўзҳои 16-22 майи соли ҷорӣ дар мулоқоти вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон иштирок намуданд.
Тибқи иҷозат ва розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 14-18 май 2 нафар дар Конфронс оид ба муколамаи тамадунҳо дар Осиёи Форуми сайҳии фарҳангӣ ва равобити мардумӣ, гурўҳи эҷодӣ иборат аз 30 нафар дар Карнавали тамаддунҳо дар Осиё, ки дар дар шаҳри Пекин барпо гардида буд, ширкат варзиданд.
Дар санаи 15-17 майи соли ҷорӣ дар сатҳи шоиставу арзанда Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки 41 нафар ҳайати расмию эҷодӣ дар шаҳрҳои Пекин ва Сиан баргузор гардиданд.
Моҳи май намояндагони вазорати фарҳанг таҳти роҳбарии сармутахассиси шўъба ҷиҳати боздид, табодули таҷриба, ташкили синфҳои маҳорат ва кушодани гушаи фарҳанги Тоҷикистон дар Донишгоҳи илм ва санъати шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.
11 июни соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии китоби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин “Дар бораи идоракунии давлатӣ” баргузор гардид.
Рўзҳои 1-4 сентябри соли ҷорӣ Директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг Комилзода Ш. ва мутахассиси шўъба Пиров А. дар конфронси байналмилалӣ оид ба “Фарҳанг пуди муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ”дар шаҳри Дохаи Давлати Қатар иштирок намуданд.
Тибқи иҷозату розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон №29/10-617 аз 10 октябри соли 2018 Ҷаласаи XXXIV Шўро оид ба ҳамкориҳои фарҳангии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 17-20 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар сатҳи шоиста ва арзанда барпо гардида дар он намояндагони расмии соҳаи фарҳанги давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат намуданд.
Дар ифтитоҳи кушодашавии Ҷашнвораи филмҳои ҳиндӣ дар санаи 22 сентябри соли ҷорӣ дар кинотеатри “Зебунисо” ва Намоиши байналмилалии аксҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки 24 сентябри соли 2019 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардида буд.
Нахустконсерт аз операи Ҷоакино Россини таҳти унвони “Сартароши Севилӣ” бо иштироки ҳунармандони оркестри симфонии ба номи Россинии шаҳри Пезарои Ҷумҳурии Италия, ки 29 сентябри соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор гардида буд, дар доираи ҳамкориҳо майдони нав кушод.
Ҳамзамон, дар ин муддат вохўрии роҳбарияти вазорат бо сафирони Ҷумҳуриҳои Полша, Эрон, Италия, Афғонистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон, Исроил, Амрико ва роҳбарияти Бонки чаҳонӣ, намояндагии “Россотрудничество” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Донишкадаи дизайн ва санъати Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки дар он густариши ҳамкориҳои фарҳангии тарафҳо, махсусан табодули Рўзҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

VIII. СИЁСАТИ КАДРӢ

Фаъолияти шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.12 2006, №604, Низомномаи шуъба, ба роҳ монда шудааст.
Дар нимсолаи аввали фаъолияти кори шуъба тибқи Дастурамали мансабии хизматчиёни давлатӣ ва уҳдадориҳои мансабӣ бо мақсади татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кўшишу имкониятҳо ва таҷрибаи муфидро бобати фароҳам овардани заминаҳои мусоид баҳри ташаккули омўзиш, интихоб, ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва таъмини болоравии касбии кормандон равона намуда, назорати мунтазами иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар барномаҳои давлатии соҳавиро дар доираи фаъолияташ сармашқи кори худ қарор дода, як қатор корҳои назаррасро ба аҷом расонидааст.
Ҷиҳати иҷрои қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва интизоми меҳнатии кормандон ва муассисаву ташкилотҳои тобеъ аз ҷониби хадамоти кадрӣ оиди риояи талаботи Кодекси меҳнат ва татбиқи муқаррароти он ва дигар санадҳои муқарраргардида дар фаъолияти ҳамарўза пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вазорат тибқи санадҳои амалкунанда 529 фармоишҳо таҳия ва қабул гардидаанд.
Айни ҳол, дар сохтори дастгоҳи марказии вазорат 6 ҷойҳои кории холӣ мавҷуд мебошад, ки барои пурра гардонидани ҷойҳои холӣ чораҳо андешида мешаванд.
Ҳамзамон, дар шашмоҳаи фаъолияти соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва қобилиятнок ба хизмати давлатӣ, инчунин таъмини болоравии касбии хизмати давлатӣ дар вазорат тибқи тартиби муқарраргардида 3 маротиба озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи марказии вазорат гузаронида шуд, аз ин 10 нафарашон ҷиҳати фаъолияти минбаъда ба кор қабул карда шуданд.
Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондан, интихоб, ҷобаҷогузорӣ, тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ, гирифтани иттилооти объективӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва сатҳи дониши касбии хизматчиёни давлатии маъмурӣ дар дастгоҳи марказии вазорат 3 маротиба аттестатсия гузаронида шуд, ки дар он 25 нафар хизматчиёни давлатӣ иштирок карда, ба мансаби ишғолнамудаи маъмурии хизмати давлатӣ мувофиқат намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии кормандони соҳа барои муваффақиятҳо ва комёбиҳои назаррас, навоварию эҷодкорӣ, дар амал татбиқ намудани нақшаю барномаҳои соҳаи фарҳанг, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида ба ҷашни Рўзи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 - солагии Муассисаи давлатии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон», Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон», Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат», бахшида ба 10 солагии Муассисаи давлатии вилоятии «Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони соҳаи фарҳанг бо нишонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазрати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

IX. СОХТМОНИ АСОСӢ

Бахши танзими техникӣ фаъолияти худро дар асоси нақшаи кории Вазорат барои соли 2019 ба роҳ монда, дар 9 моҳи соли 2019 корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №594 аз 29.12.2018 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» барои иншоотҳои сохташавандаи вазорат аз ҳисоби маблағгузории мутамарказ 2 млн.400 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Маблағи зикргардида, мутобиқи нақшаи дурнамои сохтмони асосӣ ба иншоотҳои зерин тақсим гардиданд: барои давом додани сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод – 900 ҳазор сомонӣ, сохтмони Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шаҳринав - 900 ҳазор сомонӣ, сохтмони Маркази фарҳанг дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ – 520 ҳазор сомонӣ ва барои омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии сохтмони иншооти солҳои оянда – 80 ҳазор сомонӣ. Номгўи иншоотҳо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардида, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кушодани маблағгузорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.
Дар моҳи феврали соли ҷорӣ дархостҳои тендерӣ барои муайян намудани пудратчиёни сохтмони иншоотҳои зикргардида ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, моҳи апрел озмуни интихоби пудратчиёни сохтмони иншоотҳо гузаронида шуда, корҳои сохтмонӣ аслан аз семоҳаи дуюм оғоз гардида буданд. Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳар се иншоот ба маблағи 1417 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардиданд, ки ин 59% нақша ташкил медиҳад.
Соли ҷорӣ, бинобар сабаби таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, маблағгузории корҳои таъмирии аксарияти муассисаҳои тобеъ қатъ гардидааст. Танҳо ба баъзе муассисаҳои таълимӣ, Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон, Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи М.Миршакар маблағ пешбинӣ шудаасту халос. Дар муассисаҳои мазкур санадҳои нуқсонии корҳои зарурии таъмиру сохтмонӣ тартиб дода, барои маблағгузорӣ пешбинӣ шудаанд.
Ҳамчунин, бо фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №48 аз 06.03.2019 ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳои тобеъ вазифадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои таъмиру сохтмонӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмон шартномаҳо баста, ба корҳои аввалиндараҷа, яъне омодагии биноҳо ба фаъолияти устувор дар давраи тирамоҳу зимистон, таъмини бехатарӣ аз сўхтор диқати ҷиддӣ диҳанд.
Ҳамчунин, тибқи супоришу дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №19 аз 30 январи соли 2019 ҷиҳати омодагӣ ва баргузории таҷлили «Иди байналмилалии Наврўз» ва дигар ҷашнҳои пешомад ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳои тобеъ вазифадор шудаанд, ки барои саривақт омода намудани намои биноҳои худ, ободонӣ ва кабудизоркунии гирду атрофи онҳо чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин, аз ҳисоби кормандони дастгоҳи марказии вазорат шахсони мутасаддӣ ба ҳар як иншоот таъин гардида, супориши мазкур таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Дар нуҳ моҳи сол меҳмонхонаи «Фарҳанг» аз ҳисоби қабули мизоҷон маблағи муайянеро даромад кардаст. Маблағи зикргардида барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, андозҳо, музди меҳнати кормандон ва харидани амволи зарурӣ хароҷот шудааст. Инчунин, кормандони меҳмонхона шанбегиҳо гузаронида, якчанд дарахтҳои сояафкан, миқдори зиёди гулҳои ҳархела шинонидаанд ва ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии гирди атрофи бино машғул буданд.
Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии «Созтарош» дар ҳамин давра 200 адад асбобҳои мусиқӣ истеҳсол намудааст. Вазорат дар доираи маблағгузориаш аз корхонаи мазкур ба якчанд ташкилотҳо ва бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври ройгон як ҷузви асбобҳои мусиқии миллиро ҷудо намуда буд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №117 аз 29 марти соли 2019 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» вазорат то ин давра корҳои муайянеро анҷом дода буд.
Тибқи қарори мазкур, бо Қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.04.2019, №1/4 Ситоди фаврии вазорат оид ба ин масъала ташкил гардида, кори худро оғоз намуда буд. Инчунин Нақшаи чорабиниҳо дар бораи саривақт омода намудани ташкилоту муассисаҳои тобеъ барои фаъолияти мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистони пешомад таҳияву тасдиқ гардида, ба ҳамаи ташкилоту муассисаҳои тобеъ барои иҷро фиристонида шуда, корҳо дар ин самт тахти назорати доимӣ қарор дорад.
Дар давоми 9 моҳ дар асоси супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони бахш дар қатори дигар масъулон барои санҷиши вазъи боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар шуда буданд. Ҳамчунин мутахассиси бахш дар гурўҳи кории Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ шомил гардида, вазъи омодагии муассисаҳои фарҳангии вилояти Хатлонро мавриди санҷиш қарор гирифта буд.
Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи вазорат ба якчанд бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, ҳамчун кўмаки моддӣ-техникӣ аз ҳисоби муассисаҳои тобеъ ва худи вазорат амволи гуногун, аз ҷумла мебел, техникаи компютерӣ, либосҳои саҳнавӣ, курсиҳои театрӣ, асбобҳои мусиқии миллӣ, роҳравҳои қолинӣ ва ғайра ба маблағи зиёда аз 450 ҳазор сомонӣ ҷудо намуда буд.

X. АУДИТИ ДОХИЛӢ

Дар нуҳ моҳи соли 2019, мутахассисони шуъбаи аудити дохилӣ мувофиқи нақша, ҷиҳати назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар 13 муассисаи зертобеъ, аз ҷумла дар ду муассисаи театрӣ, як рўзнома, панҷ маҷалла, се осорхона ва ду муассисаи таълими вобаста ба мувофиқати хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, даромадҳои дохилӣ, ҳолати воқеии ҳисоботҳои муҳосибавӣ таҳлилҳои аудиторӣ гузаронида шуд.
Ҳангоми гузаронидани таҳлилҳо дар баъзе аз муассисаҳо зарари молиявӣ ошкор гардид, ки қисми асосии онро рўйпўшкунии андозҳо бақияи маблағҳои буҷетии хароҷотнагардида, зиёдпардохти сафари хизматӣ, камомади молу маводи арзишдор, барзиёд пардохт намудани музди меҳнат, сари вақт пардохт накардани сарфаи тендерӣ ва дигар хароҷотҳои ғайриқонунӣ ташкил намуд.
Инчунин вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1504 аз 30.08.2013, «Дар бораи тасдиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва Нақшаи дохили идоравии зиддикоррупсиони соҳаи фарҳанг барои солҳои 2017-2019, ки қаблан бо фармоиши вазири фарҳанг аз 12.04.2017, №68 тасдиқ гардида буд, вохўрӣ бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фаҳмондадиҳӣ ва муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар давраи гузаронидани таҳлилҳои аудиторӣ ба роҳбарон ва шахсони масъули моддӣ ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳо, беасос пардохти иловапулиҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва даромадҳои дохилӣ, кам кардани бақияпулиҳо ва сари вақт бартараф кардани қарзҳои беасоси дебиторӣ ва кредиторӣ, аз меъёр зиёд пардохти сарбориҳо инчунин истифода аз нақшаи ягонаи ҳисобҳо (НЯҲ) тавсияҳо дода шуд.

XI. ТАҲЛИЛ ВА ДУРНАМОИ ИҚТИСОДӢ

Барои ҳамаи соҳаҳои вазорат бо дарназардошти тағйиротҳо дар нуҳ моҳи соли 2019– 69258,8 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла: барои соҳаи матбуоти даврӣ ва нашриёт –4410,0 ҳазор сомонӣ, муассисаҳои таълимӣ 28759,3 ҳазор сомонӣ, соҳаи фарҳанг ва санъат – 32506,1 ҳазор сомонӣ, дастгоҳи марказӣ –1833,4 ҳазор сомонӣ ва сохмони асосӣ 1750,0 ҳазор сомонӣ.
Буҷети Вазорати фарҳанг дар нуҳ моҳи соли 2019 бо тағйироту иловаҳо ва маблағгузории он аз тарафи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соҳаҳо Нақша
Ҳақиқӣ
Таносуби иҷро
Бо тағйирот Иҷрошуда Маблағи истифоданашуда %

2018
2019
2018
2019
2018 2019
1 2 3 4 5
Матбуоти
даврӣ ва
нашриёт 3461,3 4410,0 3458,3 4410,0 99,9 100
Муассисаҳои таълимӣ
24194,7
28759,3
20829,5

26370,1
3365,2
2389,2
86,1
91,7
Муассисаҳои фарҳанг ва санъат
27019,1
32506,1
24293,8
29980,3
2725,3
2525,8
89,9
92,2
Дастгоҳи марказӣ
1622,6
1833,4
1397,6
1628,7
225,0
204,7
86,1
88,8
Сохтмони асосӣ
1750,0
1750,0
1505,0
1417,0
245,0
333,0
86,0
81,0
Ҳамагӣ 58047,7 69258,8 51484,2 63806,1 6563,5 5452,7 88,7 92,1

Чуноне, ки аз ҷадвал дида мешавад, иҷроиши ҳақиқии буҷет дар нуҳ моҳи соли 2018 51484,2 ҳазор сомонӣ ё нисбати нақша 88,7 %-ро ташкил дода буд, мустақиман ба матбуоти даврӣ ва нашриёт 3458,3 ҳазор сомонӣ ё ин ки 99,9%, таълимгоҳҳо 20829,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 86,1 %, ба соҳаи санъат ва фарҳанг-24293,8 ҳазор сомонӣ ё ин 89,9 %, дастгоҳи марказӣ-1397,6 ҳазор сомонӣ ё ин ки 86,1% ва сохтмони асосӣ 1505,0 ҳазор сомонӣ ё ин ки 86% маблағгузорӣ шуда буд. Дар нуҳ моҳи соли 2018 –6563,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 11,3 %-и маблағҳо ҷудо нагардида буд.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои ташкилоту муассисаҳои соҳа ба воситаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 63806,1 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки 92,1 %- и нақшаро ташкил медиҳад, аз ҷумла ба матбуоти даврӣ ва нашриёт – 4410,0 ҳазор сомонӣ ё ин ки 100 %, муассисаҳои таълимӣ – 26370,1 ҳазор сомонӣ ё ин ки 91,7 %, соҳаи фарҳанг ва санъат – 29980,3 ҳазор сомонӣ ё ин ки 92,2 %, дастгоҳи марказӣ – 1628,7 ҳазор сомонӣ ё ин ки 88,8 % ва сохтмони асосӣ 1417,0 ҳазор сомонӣ ё ин ки 81 % маблағгузорӣ гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ 5452,7 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ нагардидааст, ки он 7,8 %-и нақшаро ташкил медиҳад.
Дар миқёси вазорат дар нуҳ моҳи соли 2019 маблағҳои ҷудонашуда аз чунин моддаҳо сафарҳои хизматӣ, таъмир, харидории таҷҳизот, хароҷотҳои намояндагӣ ва ғайраҳо иборат мебошад.
Оиди маълумотҳои оморӣ, дар нуҳмоҳи соли 2019 – 41 номгўи китобҳо ба миқдори 30,7 ҳазор нусха чоп шудааст. Маблағи фурўш ҳамагӣ 706,8 ҳазор сомониро ташкил намуд.
Дар нуҳ моҳ 27 шумора маҷалла бо теъдоди 27,2 ҳазор нусха ва 48 шумораи рўзнома бо теъдоди 42,9 ҳазор нусха чоп гардида, маблағи фурўши маҷаллаву рўзномаҳо 250,1 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ҳаҷми гардиши мол дар нуҳ моҳи соли 2019 – 23,0 ҳазор сомониро ташкил намуд, аз он ҷумла фурўши чакана – 23,0 ҳазор сомонӣ иҷро шуд.
Ҳаҷми маҳсулоти молии саноатӣ дар нуҳ моҳи соли 2018 – 160,4 ҳазор сомониро ташкил дод.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 шумораи намоишҳои театрию консертӣ – 85 % иҷро шудааст (мувофиқи нақша – 916 адад ҳақиқӣ –778 адад), шумораи тамошобинон –72,4 % (мувофиқи нақша – 231,0 ҳазор нафар, ҳақиқӣ –167,3 ҳазор нафар), даромад аз ҳисоби фурўши чиптаҳо – 56,4 % (нақша – 2514,0 ҳазор сомонӣ, ҳақиқӣ –1418,4 ҳазор сомонӣ), дигар намуди даромадҳо 66% (нақша – 1232,1 ҳазор сомонӣ, ҳақиқӣ –813,6 ҳазор сомонӣ) иҷро шудааст.
Ҳамзамон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳисоботҳои омории фосилавӣ, дурнамои давлатии иҷтимоию иқтисодии соҳаи фарҳанг барои соли 2020 ва параметрҳои асосии дурнамо барои солҳои 2021-2022, дурнамои андозҳо барои давраи миёнамуҳлат ва лоиҳаи буҷети соли 2020 ва дурнамои он барои солҳои 2021-2022 таҳия гардиданд.

XIII. АСНОДИ РАСМӢ ВА КОРГУЗОРӢ

Дар давраи ҳисоботӣ ба вазорат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои тобеъ ва хориҷ 4114 адад ҳуҷҷату мактуб ворид гардидаанд, ки 1011 ададаш аз Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ин миқдор, 22 адад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 48 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 адад фармон, 7 фармоиш, 7 адад Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 918 адад ҳуҷҷатҳо ва супоришҳои ҳукуматӣ мебошанд.
Аз 1011 санад — 316 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 552 адади он иҷро гардида, 143-тоаш мавриди иҷро қарор дорад. Ҳамзамон, дар ин давра 203 адад арзу шикоят ворид гардидааст, ки 189 адади он иҷро, 14 адад мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷумла тариқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 адад аризаву дархост ворид гардида, аз ин миқдор 38 адад иҷро гардида, 2 адад мавриди иҷро қарор дорад. Аз ин миқдор 6 ариза такроран ворид гардидааст. Инчунин ҳангоми қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият 185 нафар ба ҳузур пазируфта шуда, ниёз ва хоҳиши 161 нафари онҳо аз рўи имкониятҳо иҷро шудаанд. Дар ин давра 503 адад ҳуҷҷатҳои дохилиидоравӣ аз қабили ариза, дархост ва гузоришҳо ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби раёсату шуъбаҳои масъул коркард ва иҷро гардидаанд.
Аз дигар идораву ташкилотҳои дохилу хориҷ ба вазорат 3103 адад мактуб ворид гардида, аз ин миқдор 1312 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 1542 адади он иҷро гардида, 249 адади боқимондаи он айни замон, дар раёсату шуъбаҳо мавриди таҳлилу омўзиш қарор доранд. Дар ин радиф вазорат 2637 санад омода ва ба унвони мақомотҳои дахлдор аз ҷумла, 445 адад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2192 адад ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва шаҳрвандони алоҳида пешниҳод намуд. Дар ин давраи 192 адад фармоишҳо таҳия шуда, 71 адад шартномаҳо ба имзо расиданд.
Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ҷадвали тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст.
Вазорати фарҳанг фаъолияташро минбаъд ҳам баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироъа гардиданд, ба роҳ монда, барои истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амалӣ меандешад.