Сомонаи пешина | Яш, 24 Июн 2018 | 08:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Солномаи фарҳангӣ

 

Моҳи январ

14 январи соли 2017  дар  Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  ба муносибати таҷлили соли нави чинӣ барномаи фарҳангии «Базми баҳор» баргузор гардид. Дар барномаи фарҳангии мазкур Оркестри миллии созҳои халқии Гуандуни Ҷумҳурии мардумии Чин ба шаҳрвандони муқими ин кишвар дар Тоҷикистон ва дӯстдорони санъату фарҳанги пурғановати кишвари ба мо дӯст ва ҳамсояи Чин мусиқиҳои фораму шуниданиро пешниҳод намуд.

 

19 январи соли 2017  дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин барои намояндагони ВАО бахшида ба қабули Қатъномаи МУ СММ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 брифинг барпо гардид.  Мутобиқи Қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон мешавад, ки он аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад.

 

22 январи соли 2017 Дар виллаи Швартсшеи Берлин шоми мусиқии бастакори овозадори тоҷик Фирӯз Баҳор баргузор гардид. Барномаи мазкур дар феҳристи барномаҳои фарҳангии шаҳри Берлин дохил гардида, барои шунидани оҳангҳои ин бастакори шинохта меҳмонон ва сокинони пойтахти Олмон- шаҳри Берлин, аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва аҳли фарҳанг ҷамъ омаданд. Дар барномаи мусиқӣ Фирӯз Баҳор, аз ҷумла офаридаҳои худ «Мақоми Ироқ», «Суруди баҳор» ва «Мароканд», инчунин аз эҷодиёти бастакорони машҳури олам асарҳо иҷро намуда, хотири ҳозиринро шод намуд.

 

25 январи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як гурӯҳи фаъолони марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 2 нафар тоҷиконро «барои саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстии байналмилалӣ ва ризоият дар кишвар» бо ордену медалҳо сарфароз гардонид.  Бо ордени «Дӯстлик» раиси Маркази миллии фарҳангии тоҷикони вилояти Қашқадарё Абдурасул Эргашев ва бо медали «Шӯҳрат» фаъоли маркази миллии фарҳангии тоҷикони вилояти Намангон, хабарнигори газетаи ҳукуматии «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон Анвар Муродов қадрдонӣ шуданд.

 

30 январи соли 2017 Нависандаи амрикоӣ Бред Гуч дар китоби наваш бо номи «Асрори Румӣ» навишт, ки муаллифи «Маснавии маънавӣ», ки имрӯз пурхонандатарин шоир дар Амрико эътироф шудааст, дар водии Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст, на дар Балх. Дар ин бора  рӯзномаи машҳури амрикоии «New York Times» хабар дод. Муаллиф навиштааст, ки Мавлавӣ, ки имрӯз пурхонандатарин шоир дар Амрико ҳисоб мешавад,  соли 1207 дар як деҳаи тоҷикнишини водии Вахши  Тоҷикистони имрӯза ба дунё омадааст, на дар Балхи Афғонистон, ки бисёриҳо гумон мекунанд.

Моҳи феврал

 

3 феврали соли 2017 Китоби арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор»  дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бори дуюм ва бо сифати баланд ба табъ расид. Китоби арзишманд аз ҷониби доираҳои илмӣ, фарҳангӣ, динӣ ва хонандагони сершумори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истиқболи гарм ёфт ва ниҳоят зарурӣ арзёбӣ гардид.

 

13 феврали соли 2017 Ташаббуси нави глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар шумораи навбатии маҷаллаи «Invoice Magazine»-и Покистон дар мақолаи зери унвони «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи захираҳои обӣ баҳри рушди устувор ҳимоят намуд» инъикос гардид.

 

Моҳи март               

 

3 марти соли 2017 «Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот»-и Муҳаммад ибни Маҳмуд ибни Аҳмади Тӯсӣ — ёздаҳумин китоб аз силсилаи «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун), ки бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр мешавад, интишор шуд.

 

7 марти соли 2017 Дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи модар чун анъанаи накуи наврӯзӣ бо занону бонувони фаъоли кишвар мулоқоти судманду самимӣ доир карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модарро офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон номиданд ва таъкид доштанд, ки маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

 

9 марти соли 2017 Китоби Замира Fаффорова, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Маркази таҳқиқоти форсии Донишгоҳи давлатии Алигарҳи Ҳиндустон таҳти унвони «Арзёбии ду тазкираи маъруфи Ҳинд: «Каламот-уш-шуаро» ва «Сафинаи хушгӯ» ба нашр расид.

 

10 марти соли 2017 Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят маҷаллаи «Бонувони Хатлон» таъсис ёфт, ки аввалин шумораи он дар рӯзҳои ҷашни Рӯзи Модар ва Рӯзи матбуот ба дасти хонандагон расид.

 

20 марти соли 2017 соати 15:29 Наврӯз ё соли нави хуршедӣ дар Тоҷикистон фаро расид. Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар ҳамин вақту соат шабу рӯз баробар мешаванд ва соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз вориди Тоҷикистон мешавад.

 

20 марти соли 2017 Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи фарорасии Наврӯзи хуҷастапай китоби «Ас-саводу-л-аъзам»-и Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ – яке аз сарчашмаҳои қадими мардуми Мовароуннаҳру Хуросонро дар баёни ақоиди аҳли суннат ва ҷамоат ба чоп расонид.

 

20 марти соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Наврӯз дар арафаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд. Сарвари давлат аз ҷаҳонишавии Наврӯз ва минбаъд ба таври густурда ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани оинҳои хоси он ёдовар шуда, изҳори бовар намуданд, ки зиёиёни тоҷик барои тарғибу таблиғи мунтазами суннатҳои ин ҷашни бостонӣ, оммавӣ гардонидани ғояву арзишҳои ҷовидонаи он ва ба ин восита таҳким бахшидани пояҳои фарҳангии зиндагии ҷомеаи мо талош меварзанд.

 

21 марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Имсол барномаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Наврӯзи фархундапай дар маркази шаҳри Турсунзода сурат гирифтанд.

 

21 марти соли 2017 Нимаи дуюми рӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи наврӯзӣ, ки дар Наврӯзгоҳи пойтахт доир гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Зимни суханронии табрикотии Президенти мамлакат таъкид гардид, ки воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо — тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона — дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.

 

21 марти соли 2017 Дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк бахшида ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз ҷаласаи ботантана баргузор гардид. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар паёми табрикотии худ аз эҷодиёти шоири барҷастаи тоҷик Носири Хусрав иқтибос оварда, таъкид намуд, ки «паёми умумии Наврӯз ҳамбастагӣ, сулҳ, дӯстӣ, шаъну шарафи инсон ва шукуфоӣ мебошад».

 

23 марти соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

 

23—24 марти соли 2017 Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз бори аввал дар Тоҷикистон шоу-барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо истифода аз таҷҳизоти ҳозиразамони лазерии видео-мэппинг дар майдони 800-солагии Москва баргузор гардид.

 

29 марти соли 2017 Дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ, воқеъ дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» муҷассамаи қаҳрамонҳои филми машҳури «Ман бо духтаре вохӯрдам» гузошта шуд.

31 марти соли 2017 Оҳангсози машҳури Тоҷикистону Канада, набераи бастакори шинохтаи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ- Фарангис Нуруллохоҷа соҳиби ҷоизаи тиллоии «Мусиқии ҷаҳонӣ» — (Global Music) гардид.

 

Моҳи апрел

 

2-9 апрели соли 2017 Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид.

 

5 апрели соли 2017 бо ташаббуси Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб ва Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар толори машваратии Китобхонаи вилоятӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб озмуни «Мо ва Шоҳнома» баргузор гардид.

 

5 апрели соли 2017 Нашрияи бритониёии «The Independent» харитаи адабии ҷаҳонро пешниҳод намуд, ки дар он 197 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ зикр гардидаанд. Дар ин харита ҳар кадоме аз кишварҳо бо асари бадеӣ муаррифӣ шудаанд, ки ба хонандагон ҷиҳати шиносоӣ бо зиндагиву фарҳанги ин давлат имкон медиҳад. Тоҷикистон дар харита бо китоби Андрей Волос «Хуррамабад» (Хуррамобод) пешниҳод шудааст. «Хуррамобад» романи нависандаи рус Андрей Волос мебошад, ки соли 1955 дар Душанбе ба дунё омадааст. Зимни эзоҳи роман муаллиф қайд мекунад, ки «Хуррамобад» шаҳри хушбахтӣ аз афсонаҳои форсӣ аст. Зери мафҳуми Хуррамобод шаҳри Душанбе дар назар буда, қаҳрамонони асар сокинони шаҳри Душанбе мебошанд.

 

5-11 апрели соли 2017 дар Париж бахшида ба 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ намоиши тасвирҳо баргузор гардид. Онро Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Франсия дар ҳамкорӣ бо рассоми барҷастаи тоҷик Қодир Раҳимов ва рассом Люся Денисова баргузор намуд.

 

7 апрели соли 2017 Озмуни «Пайки наврӯз», ки онро Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз барои беҳтарин хабар, гузориш ва мусоҳиба эълон намуда буд, ҷамъбаст гардид.

 

11 апрели соли 2017 дар саҳни бинои СММ дар Вена муҷассамаи 4 донишманди бузурги тоҷик — Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абурайҳон Берунӣ ва Закариёи Розӣ гузошта шуд. Муҷассама дар шакли суҳбатгоҳ дар сабки шарқӣ, ки дар он ҳар чаҳор бузургвор бо савлату салобат ва суҳбаткунон нишастаанд, сохта шудааст. Дар тӯли таърих ин чаҳор донишманд дар рушди илм дар тамоми ҷаҳон нақши муҳим бозидаанд.

 

11 апрели соли 2017 як гурӯҳ донишмандони Акадамияи илмҳои Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки минбаъд дар Тоҷикистон ҷашнҳои Сада ва Меҳргон расман дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта шаванд

 

12 апрели соли 2017 ҳунарпешагони Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский бо намоиши «Нидои Хайём» дар XIX Фестивали байналхалқии театрии ИДМ ва Балтия таҳти унвони «Мулоқот дар Россия» иштирок карданд.

 

18-24 апрели соли 2017  Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» баргузор гардид. Фестивал-озмун ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 100- солагии Ҳунарпешаи халқии СССР Тӯҳфа Фозилова бахшида шуда буд.

 

18 апрели соли 2017 Ҳамоиши байналмилалии илмӣ таҳти унвони  «Анъана ва меросбарӣ дар фарҳанги театрию мусиқии мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз» ба ифтихори 100-солагии ҳунармандони мумтози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Артисткаи халқии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, шодравон Туҳфа Фозилова (1917-1984) доир гардид. Дар ҳамоиш олимону донишмандон ва мусиқишиносон аз кишварҳои Тоҷикистон, Россия, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.

 

24 апрели соли 2017 дар тақвими расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як ид зам гардид. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид намуданд, ки тибқи он минбаъд 20 март ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи фарҳанг бидуни истироҳат таҷлил мегардад.

 

24 апрели соли 2017 спектакли «Дирафши коваёнӣ»-и Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи ин Фестивал-озмун ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» гардид.

 

28-30 апрели соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ панҷумин Фестивали байналмилалии мусиқии «Еthno-jazz» бо иштироки ҳунарпешаҳои шинохта аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Швейтсария, Олмон, ИМА ва Туркия баргузор гардид.

 

28 апрели соли 2017 филми коргардони 24-солаи тоҷик Румӣ Шоазимов «Хоби ҳамдуна» дар Кинофестивали 23-юми Россия «Адабиёт ва синамо» ду мукофот гирифт.  Филми ҳунарии «Хоби ҳамдуна» аввалин филми бадеии пурраи коргардони ҷавон Румӣ Шоазимов буда, он аз рӯи асари Уилям Ҷейкобс «Дасти ҳамдуна» ба навор гирифта шудааст.

 

Моҳи май

 

 

10 майи соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарпеша ва коргардони Муассисаи давлатии Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ҳошим Гадоев унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон»-ро тақдим намуданд.

 

10-13 майи соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

20 майи соли 2017 дар «Боғи Ирам» Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ  доир гардид. Дар фестивали мазкур тамоми  сафоратҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе иштирок намуда,  расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои худро пешкаши тамошобинон гардониданд.

 

Моҳи июн

 

1 июни соли 2017 Иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар ҷаласаи 14-уми вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон).

 

12 июни соли 2017 Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар  Намоишгоҳи ЭКСПО-2017, гала-консерти устодони санъати Тоҷикистон бо иштироки ансамблҳои «Базморо», «Садои Суғд», «Фалак», сарояндаҳо Фотима Машрабова, Дамирбек Олимов, Абдураҳмон Мадхолов, Искандар Тагиров, Раҳматулло Бойматов ва Фарҳод Одинаев.

 

12-17 июни соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

 

Моҳи июл

 

11 июли соли 2017 Дар «Кохи Борбад» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд. Зимни суханронии хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақши Қонуни мазкур дар пешрафти ҷомеа андешаронӣ карда, ҳадафи баргузории мулоқотро натиҷагирӣ аз татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давоми даҳ соли қабули он маънидод карданд.

 

Моҳи август

28 августи соли 2017  Тибқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имрӯз аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ ёфт, вақти баргузории маъракаҳо  дар ҷумҳурӣ бо тартиби нав пешбинӣ карда шуд.

 

Моҳи сентябр

 

1 сентябри соли 2017 Дар қароргоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай дар Пекин Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда шуд.

 

4 сентябри соли 2017 Дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи китоб таҷлил гардид.

 

9 сентябри соли 2017 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.

 

9 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идона ба ифтихори 26 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

 

22 сентябри соли 2017 Дар Тоҷикистон  Рӯзи Рӯдакӣ – тавонотарин шоири даврони Сомониён, бунёдгузори адабиёти тоҷику форс бо лақабҳои «Одамушшуаро», «Султонушшуаро» ва «Соҳибқирони шоирон» таҷлил карда шуд.

 

23-27 сентябри соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон баргузор гардиданд.

 

 

Моҳи октябр

 

5 октябри соли 2017 Дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ Паёми табрикотӣ ироа карданд.

 

11 октябри соли 2017   Дар шаҳри Тошканд дар толори Театри давлатии академии калони ба номи Алишер Навоӣ маросими расмии оғози Рӯзҳои фарҳанги  Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор гардид. Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 14 октябр идома ёфтанд.

 

15 октябри соли 2017   Дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе ҷашни пуршукӯҳи Меҳргон — иди ҳосил ва фаровонӣ таҷлил гардид.

 

18 октябри соли 2017 Темур Зулфиқоров, адиби русзабони Тоҷикистон барои асари нави «Қиссаҳои тиллоии ишқ» дар Россия барандаи ҷоизаи Бунин гардид.

 

28 октябри соли 2017 композиори маъруфи тоҷик,  Корманди шоистаи фарҳанги   Тоҷикистон Фируз Баҳор ба Тоҷикистон омад. 30 октябр, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ балети «Мақоми ишқ»-и Фирӯз Баҳор намоиш дода шуд.

 

30 октябри соли 2017 Намояндаи ҷавони Тоҷикистон Ёсуман Исмонзода ғолиби барномаи истеъдодҳои «Удивительные люди» (Одамони аҷиб)-и шабакаи телевизионии «Россия-1» гардид.

 

Моҳи ноябр

 

6 ноябри соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»-ро баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин рӯйдоди муҳими ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дар рӯзи таҷлили ҷашни 23 — юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи таҷлили 25 — солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

 

7 ноябри соли 2017  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил карда шуд

 

13 ноябр соли 2017 Шабакаи нави телевизионии мусиқии «Шаҳнавоз»  ба фаъолият оғоз намуд.

 

19 ноябри соли 2017  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маҷлиси тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 25 — умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

 

24 ноябри соли 2017 Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. Ба ин муносибат Сарвари давлат Паёми табрикӣ ба сокинони мамлакат ироа намуда, зикр карданд: «Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо мебошад».

 

Моҳи декабр

 

4 декабри соли 2017 Таҷлили 130- солагии зодрӯзи шоири шаҳири тоҷик устод Абулқосим Лоҳутӣ. Ба ин муносибат Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор кард.

 

22 декабри соли 2017  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

22 декабри соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.

Таҳия аз АМИТ «Ховар»