Сомонаи пешина | Пш, 24 Октябр 2019 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

“Дирафши ковиёнӣ” дар Театри ҷавонон

 

10 октябри соли 2019 соати 18.00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиши “Дирафши ковиёнӣ” баргузор мегардад.

Намоиш ба ифтихори 80-солагии Артисти халкии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Маҳмудҷон Воҳидов манзури тамошобинон мешавад.

Намоиши “Дирафши ковиёнӣ” аз рӯи асари “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар таҳияи коргардони шинохта Нозим Меликов рӯи саҳна омадааст.