Сомонаи пешина | Пш, 24 Октябр 2019 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷашни ганҷу ганҷофар дар Донишкадаи фарханг ва санъат

5 октябри соли 2019 дар толори театри таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон доир гардид.

Баҳам пайваста таҷлил намудани ҷашни омӯзгорон ва Рӯзи забон шаҳодат аз он медиҳад, ки дар тарбия, омӯзиш ва поку беолоиш нигоҳ доштани забон омӯзгорон, ки тарбиятгарони насли наврасу ҷавон мебошанд, дар ҷомеа нақши калидӣ доранд.

Нахуст намоиши театрикунонидашуда бо унвони «Нерӯи хирад» аз тарафи донишҷӯёни шуъбаи режиссураи намоишҳои театр манзури иштирокчиён гардонида шуд.

Сухани табрикотии ректори Донишкаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, профессор Усмонзода Хайридин дар рӯзи ҷашни омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати меҳмонон, омӯзгорону донишҷӯёни донишкада идомабахши чорабинии фарҳангӣ гардид. Мавсуф аз қадру манзалати омӯзгорон дар гузашта то имрӯз ёдовар гардида, таъкид дошт, ки саҳми омӯзгорон дар тарбияи маънавии аҳли ҷомеа хеле барҷаставу нишонрас аст. Ректори донишкада дар бораи забони давлатӣ ва нақши он дар шинохти миллат, арҷгузоштан ба ин унсури фарҳанг, ки воситаи муошират, шинохт ва таърихи мо тоҷикон аст, сухан гуфтанд.

Ҳамчунин, дар ин рӯзи муборак хизматҳои шоёни омӯзгорону кормандони донишкада аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорнома ва сипосномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.

Барномаи консертӣ, ки аз силсилаи сурудаҳои баландмазмуни вассофишуда дар бораи забони тоҷикӣ ва ситоиши омӯзгор таҳия шуда буд, пешкаши аҳли толор гардид.

Дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ таҳия намудан ва доир кардани чунин чорабиниҳо ба тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва мафкуравии ҷавонон таъсири мусбат расонда, онҳоро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳама ҳолат пуштибонӣ аз фарҳангу маънавият дошта бошанд ва эҳтироми забони ноби тоҷикию афрошандагони илму маониро ба ҷо оранд.

Бобоҷон Раҳимов, саромӯзгори кафедраи рӯзноманигории телевизион