Сомонаи пешина | Пш, 24 Октябр 2019 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Асбобҳои мусиқӣ дар низоми санъати мақом

Таҳти чунин унвон китоби нави номзади илмҳои санъатшиносӣ Мурод Эшонқулов дар нашриёти Адиб интишор ёфт.

Китоб зери назари академики Академияи илмҳои табиии Россия И.В. Матсиевский таҳия гардида, дар қисми аввали он таърихи омӯзиш, пайдоиш ва рушди санъати мақом, дар қисми дуввум сохт, ҷӯршавӣ ва андозаи асбобҳои мусиқии шашмақом ва дар қисми сеюм таҳлили асарҳои қисми мушкилот (навозиши шашмақом) баррасӣ гардидааст.

Китоб барои истифодаи мутахассисони соҳаи санъатшиносӣ, композиторону навозандагон, устодону донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи санъат, инчунин ҳамаи онҳое, ки ба мусиқӣ ва шашмақом шавқу рағбат доранд, пешбинӣ шудааст.