Сомонаи пешина | Пш, 24 Октябр 2019 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Оинаи таърих”

 

5 октябри соли 2019 соати 10:00 дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» ҷамъбаст мегардад. Дар чорабинӣ фаъолону ғолибони озмун, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф, васоити ахбори омма иштирок мекунанд.

Озмун ба истиқболи чашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ду давр баргузор гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани мақому манзалати осорхонаҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати фаъолияти онҳо дар шароити нави иҷтимоӣ - фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳаи осорхонавӣ ва ба ин васила мусоидат ҷиҳати ободонӣ, таҳкими базаи моддӣ - техникӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои шаҳрвандон дар осорхонаҳо мебошад.