Сомонаи пешина | Пш, 24 Октябр 2019 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

БИМОН ДЎСТӢ ҶОВИДОНӢ БУВАД

Муҳаббатнома ба ифтихори сохтмони пули «Дўстӣ» дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Салом, эй азизони қирғиз, салом!
Зи сарҳад шунидем ин хушпаём,

Ки баъди низои миёни ду қавм,
Пай омад сафои миёни ду қавм.

Яке пул зи нав байни мо сохтанд,
Ливои муҳаббат барафрохтанд.

Бикарданд унвон варо «Дўстӣ»,
Ки бахшид ҷонро зиё «Дўстӣ»!

Ба сол, эй азизони хешу табор,
Зиёд аст пайванди мо аз ҳазор.

Зи даври Манас – паҳлавоншаҳриёр
Бимондаст ин дўстӣ ёдгор.

Арўси дилорои тоҷиктабор
Зи мири Бухорои тоҷиктабор

Рабуд ўву қавм ориёӣ бикард,
Ҳама тирадилҳо зиёӣ бикард.

Каникей * ўро, ки фарзанд зод,
Миёни ду миллат ў пайванд дод.

Аз он дам миёни ду халқи ҷаҳон
Ливои муҳаббат бишуд парфишон.

Чи шўре барангехт бадхоҳи мо,
Баромад зи кирдори ў оҳи мо.

Мабодо бикоҳад аз он дўстӣ,
Мабодо, ки ёбад хазон дўстӣ.

Бибояд бикардан ҳазар аз бадон
Набояд бикоҳем меҳр аз миён.

Хушо, пули нав дод моро хабар
Зи меҳру муҳаббат, салоҳ аз дигар.

Ки байни ду миллат амонӣ бувад,
Бимон дўстӣ ҷовидонӣ бувад!

Сафар Айюбзодаи Маҳзун