Сомонаи пешина | Пш, 24 Октябр 2019 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҳфили фарҳангӣ-маърифатӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ

Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки донишҷӯёни Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода маҳфили фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Сӯҳбат дар самти ҷойгоҳи иҷтимоию сиёсии забони давлатӣ, ташаккули маънавияти ҷомеа, масъалаҳои бузургдошт ва тозаву беолоиш маҳфуз доштани забони модарӣ ҷараён гирифт.

Дар рафти маҳфил суруду таронаҳои оҳангсозони тоҷик аз тарафи гурӯҳи донишҷӯён иҷро гардид.