Сомонаи пешина | Пш, 24 Октябр 2019 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи Мавлоно дар Донишкардаи фарҳанг ва санъат

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода низ ба ифтихори Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, аз фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги машриқзамин, аз дурахшонтарин чеҳраҳои шеъру адаби форсӣ ва илму адёни ҷаҳонист, чорабинии фарҳангӣ баргузор гашт. Дар он ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва дигар кормандони донишкада ҳузур доштанд.

Иштирокдорони ҳамоиш ба ин назар буданд, ки осори гаронбаҳо ва арзишманди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баъд аз сипарӣ шудани беш аз ҳаштсад сол ҳанӯз аҳамият ва қадру қимати худро гум накардааст, балки, баръакс, имрӯз беш аз ҳар вақт дар олам нуфузу обрӯ дорад ва аз ҷиҳати теъдоди чоп дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро мегирад, ки мояи сарфарозӣ ва ифтихори мо, ворисони ӯст. Онҳо таъкид доштанд, ки дар ҷаҳони муосир-замони бархӯрди тамаддунҳо андешаҳои орифона ва таълимоти дар асоси арзишҳое, чун таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистӣ бунёдёфтаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳарвақта бештар муҳимият пайдо намудаанд.

Воқеан, Мавлоно дар осори бегазанди худ масъалаву мавзӯҳоеро мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор додааст, ки дар моварои рӯзгори инсоният ҳамеша пешорӯи ӯ вуҷуд доштаанд ва имрӯз ҳам аз масъалаҳои ҳалталабу изтиробангези ҷомеа ва башарият мебошанд.

Дар ҳамоиш, инчунин, композитсияи адабӣ-мусиқӣ ва барномаи ҷолиби консертӣ пешкаши аҳли нишаст гардонда шуд. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фурқат Саидов, мудири кафедраи гузориши овоз ва фортепиано Акрам Мирзоев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ, донишҷӯи курси дуюми факултаи мусиқӣ-омӯзгорӣ Ҳасан Зоиров ғазалҳои «Ҷудоӣ», «Биёед», «Ҳеҷ донӣ, ки ғуломи Қамарам», «Аз ғами ишқ», «Бар лаби дарё биё» -ро манзури ҳаводорони осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ гардонданд.

Ёдрас мешавем, ки дар хотирмон гузаштани ин чорабинии муҳими фарҳангӣ саҳми Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессори кафедраи намоишҳои театрикунонида ва идҳо, раиси Шӯрои бадеии донишкада Сафаралӣ Қурбонов (муаллифи сенария), роҳбари бадеӣ Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, и.в. профессор Муҳаммадҷон Шодиев, саркоргардон — Арбоби ҳунари Тоҷикистон, и. в. профессор Ҳалим Сангинов ва роҳбари мусиқӣ Муслиҳиддин Солеҳов назаррас мебошад.