Сомонаи пешина | Пш, 24 Октябр 2019 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҳфили «Маҳфуздорон» дар Донишкадаи фарҳанг ва санъат

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода аввалин маҳфили илмии «Маҳфуздорон» баргузор гардид.

Маҳфили илмии устодон ва донишҷӯён «Маҳфуздорон» дар назди кафедраи бойгоншиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ таъсис дода шуда, минбаъд моҳе як маротиба баргузор мегардад. Дар маҳфил асосан мавзуҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва тахассусӣ мавриди баҳсу мунозира қарор хоҳанд гирифт.

Дар кушодашавии маҳфил намояндагони Раёсати таълими Донишкада, декани факултаи китобдорӣ, дотсент Б. Холов, устодони факултаи китобдорӣ, пеш аз ҳама кафедраи бойгоншиносӣ ва тамоми донишҷӯёни курсҳои 1-4-и ихтисоси бойгоншиносӣ ширкат варзиданд.

Пас аз кушодашавӣ, маърӯзаи нахустин аз ҷониби мудири кафедраи бойгоншиносӣ, сарвари маҳфили «Маҳфуздорон», номзади илмҳои таърих Р.Ҷобиров таҳти унвони «Заминаҳои таърихӣ ва сиёсии таъсисёбии Тоҷикистони соҳибистиқлол» пешкаши ҳозирин гардид. Баъд аз анҷоми маърӯза аз тарафи иштирокчиён муҳимтарин паҳлӯҳои мавзӯъ мавриди баҳс қарор дода шуд. Мақсад аз баргузор намудани чунин маҳфилҳо, пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дониши донишҷӯён ба ҳисоб меравад.