Сомонаи пешина | Пш, 24 Октябр 2019 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Рўзи байналмилалии мусиқӣ

Рўзи байналмилалии мусиқӣ бо ташаббуси Шўрои байналмилалии мусиқии назди созмони ЮНЕСКО дар Ассамблеяи Генералии 15-ум дар шаҳри Лозанна соли 1973 таъсис дода шуда, аз соли 1975 инҷониб 1 рўзи октябр ҳамасола хамчун Рўзи байналмилалии мусиқӣ ҷашн гирифта мешавад. Яке аз ташабусскорони таъсиси ин ҷашн композитори маъруф Дмитрий Шостакович буд.

Бояд тазаккур дод, ки ин ҷашн дар саросари ҷаҳон бо роҳандозии чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, барномаҳои васеи консертӣ бо иштироки беҳтарин ҳунармандон ва гуруҳҳои ҳунарӣ баргузор карда мешавад.

Дар ин рўз аслан он асарҳое иҷро карда мешаванд, ки ба хазинаи тиллоии фарҳанги ҷаҳонӣ ворид гардидаанд.

Иттифоқи композиторони Тоҷикистон низ бахшида ба Рўзи байналмилалии мусиқӣ якчанд барномаҳои консертӣ ва вохўриҳои композиторон ва мусиқашиносонро бо хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат ба нақша гирифтааст.

ақсад аз ин, мусоидат намудан ба тарғиби мусиқии касбӣ ҳамчун санъат дар ҷомеа мебошад.

Боиси сарфарозии аҳли эҷод аст, ки имрўз масъалаҳои ҳифз ва рушди санъати миллӣ, бахусус дастгирии шаклҳои гуногуни санъати касбӣ, аз ҷумла эҷодиёти композиторону мусиқишиносон, инчунин омоданамоии кадрҳо зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин радиф, таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Оркестри давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон барои равнақи мусиқии касбӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Маҳз бо дастурҳои доимии Пешвои муаззами миллат дар баробари рушди фарҳанги миллӣ ва ворид шудани Тоҷикистон ба фазои умумиҷаҳонии тамаддун, тарғиби санъати мусиқии касбии тоҷик мақоми аввалиндараҷа пайдо намудааст.

Тўли солҳои охир нақши фарҳанг дар тарбияи маънавӣ ва сиёсии ҷомеа назаррас буда, таҷриба нишон медиҳад, ки маҳз муҳит ва фазои фарҳангӣ ба чорабиниҳои сиёсии кишвар ҳусни тоза зам намуда, моҳияти ин чорабиниҳоро барои иштирокчиён ва бинандагон хотирмон месозад.

Имрўз талабот ба кадрҳои баландихтисоси на танҳо ба рушди қобилияти хеш қодир, балки ба кадрҳое, ки фазои мусоиду муҳаррики ҳунариро фароҳам оварда метавонанд, рўз ба рўз афзуда истодааст.

Муносибати нав нисбат ба дарки моҳияти санъати касбӣ зарурати ташаккули муҳити нави иҷтимоӣ-фарҳангиро тақозо менамояд, ки тавассути он дар ҷомеа муносибат ба фаъолияти эҷодӣ тағйир меёбад.

Дар робита ба ин, аз ҷониби Иттифоқ тадбирҳои мушаххас ҷиҳати таблиғ намудани мусиқии касбии тоҷик ва классикони ҷаҳонӣ тавассути оркестри созҳои миллӣ ва оркестри симфонӣ, рушди санъати миллӣ, тарбияи мутахассисони ботаҷриба ва варзидаи касбӣ, ҳавасманд гардонидани ҷавонони санъатдўсту фарҳангпарвар андешида шуда истодаанд.

Дар партави сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои ин вазифаҳо дар кишвари соҳибистиқлоли мо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, тадбирҳои судманд ва ниятҳои неке, ки дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудаанд, барои боз ҳам боло бурдани эътибору нуфузи соҳа мусоидат хоҳад намуд.
Хуршед Низомов,

Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон