Сомонаи пешина | Чш, 18 Сентябр 2019 | 17:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили ҷашни Истиқлолият дар Коллеҷи фарҳанг

Ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов мизи мудаввар таҳти унвони “Дастовардҳои Тоҷикистон дар замони Истиқлолият” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, устодон ва донишҷӯёни таълимгоҳ иштирок намуданд.

Дар оғоз ба ҳозирин тариқи монитор наворҳои ибратомӯзеро, ки инъикосгари бурду бохти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои ду даҳсолаи охири халқи тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, намоиш дода шуд, ки кулли иштирокчиён аз он таассуроти амиқ бардоштанд.

Баъдан, маърӯзаҳои устодони таълимгоҳ, аз ҷумла Шаҳло Шарипова – ҷонишини директор оид ба тарбия, Ҷафаров Ҷафар – декани факултаи таълими мусиқӣ ва менеҷменти соҳавӣ, Саврия Қурбонова – омӯзгори фанҳои ихтисоси рӯзноманигорӣ, Муҳаммаднабӣ Баёнӣ – корманди китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигарон ироа гардида, зимни суханрониҳо аз ҷумла зикр шуд, ки 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон дошт ва минбаъд кишварҳои мухталифи ҷаҳон давра ба давра Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эътироф намуданд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар арсаи ҷаҳон шинохта шуд.

Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар коллеҷ намоиши китобӣ, ки тараннумгари Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ташкил карда шуд, ки аз он ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён дидан карданд.

Боиси зикр аст, ки аҳли коллеҷ ба таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳаматарафа дида, дар саҳни таълимгоҳ ва атрофи он корҳои ободонӣ гузарониданд, ки аз ин муассиса симои идона ба худ касб кард.