Сомонаи пешина | Чш, 18 Сентябр 2019 | 17:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ба ифтихори ҷашни Истиқлолият дар Иттифоқи рассомон намоишгоҳи нав ифтитоҳ гардид

 

7 сентбяри соли 2019 дар Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи нав таҳти унвони «Васфи Ватан» дари худро ба рӯи мухлисони санъати тасвирӣ боз намуд.

Намоишгоҳ бо сухани ифтитоҳии Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳомидова, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода ҳусни оғоз ёфт.

 

Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳомидова ҳозиринро ба ҷашни Истиқлолият табрик гуфта, иброз дошт, ки дар намоишгоҳ беш аз 150 асари рассомони ватанӣ ба маъраз гузошта шудаанд, ки дар равияҳои гуногуни мусаввирӣ эҷод шуда, табиати нотакрор, урфу одат ва мардуми тоҷикро инъикос менамоянд.

Муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода зимни сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии худ гуфт, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои Истиқлолият соҳаҳои гуногуни фарҳангу санъат, аз ҷумла санъати тасвирӣ низ рушд ёфта, барои эҷодкориву офариниши асарҳои нав заминаи мусоид фароҳам омаданд.

Муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода низ ҳозиринро бо ҷашни Истиқлолият ва ифтитоҳи Агрегати дуюми НБО Роғун табрик гуфта, зикр намуд, ки дар чунин намоишгоҳҳо табиати нотакрори ватан, ки имкониятҳои васеи сайёҳӣ дорад, тасвир гардида, сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ҷалб месозанд.

Дар чорабинӣ инчунин намояндагони Комиссияи миллии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, корпуси дипломатӣ, васоити ахбори омма, рассомон, донишҷӯён ва ҳаводорони санъати тасвирӣ ҳузур доштанд.