Сомонаи пешина | Чш, 18 Сентябр 2019 | 17:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

Субҳи 6 сентябри соли 2019 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба истифодадиҳии бинои нави дуошёнаи таълимӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов, роҳбарияти донишкада, проессорон, шогирдону устодон ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Лентаи рамзии бинои навро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бурид. Сипас меҳмонон дохили бинои нав гардида, аз утоқҳои дарсӣ ва рафти машғулиятҳо дидан намуданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар якчанд утоқҳои дарсӣ бо донишҷӯёни солҳои аввал ва дуввум вохӯрда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар омӯзиши касби худ бодиққат ва ҷустуҷӯкор буда, дар баробари ин аз илмҳои замона бархурдор бошанд ва забонҳои хориҷиро низ хуб омӯзанд.

Масоҳати умумии бинои нави таълимӣ 735,2 метри мураббаъро ташкил дода, барои 400 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Бинои нав аз толори сабти овоз, толорҳои махсусгардонидашудаи тахассусӣ – эҷодӣ, синфхонаи компютерии бо шабакаи интернет пайваст ва 8 синфхонаи таълимӣ, ки бо техникаю технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидаанд, иборат аст, ки то андозае шиддати норасоии масоҳати таълимиро дар донишкада камтар мегардонад.

Сипас дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барномаи ҷолиби консертӣ манзури меҳмонони чорабинӣ гардид.