Сомонаи пешина | Чш, 18 Сентябр 2019 | 17:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷаласаи васеъ бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ дар Театри опера ва балет

5 сентябри соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласае васеъ баргузор гардид.

Дар ҷаласа директори театри мазкур Манучеҳр Шарифзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Достизода, намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби ҳалқӣ демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок карда, аҳли кормандони театрро бо ҷашни Истиқлолият табрик гуфтанд.

Дар фарҷоми ҷаласа кормандони собиқадор ва фаъоли театр бо тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадр гардиданд.