Сомонаи пешина | Чш, 18 Сентябр 2019 | 17:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳунарпешаҳои навраси Россия ба ҳамсолони худ дар Хуҷанд намоиш нишон медиҳанд

8 сентябри соли 2019 дар Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд намоиши «Эҷодиёт дар ҳошияи мавзӯи Дунаевский» баргузор мегардад.

Намоиш ба 75-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуда, дар доираи сафари ҳунарии хайрхоҳонаи Театри бачагонаи мусиқавии ҳунарпешаи навраси шаҳри Маскав бо роҳбарии Ҳунарпешаи шоистаи Федератсияи Россия Александр Федоров ба саҳна гузошта шудааст.

Ташкили намоишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Россотрудничество дар Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Ҳамаи дӯстодорони санъати театрӣ, хусусан тамошобинони наврас ва хурдсолро ба тамошои ин намоиш, ки ройгон аст, даъват менамоем.