Сомонаи пешина | Чш, 18 Сентябр 2019 | 17:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Библиомарафон” муайян гардиданд

4 сентябри соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Библиомарафон” таҳти унвони “Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ” бо тантана баргузор гардид.

Иштирокчён ва ғолибони озмунро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода табрик намуда, оид ба ҷалби насли наврас ба китобу китобхонӣ, дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа ва аҳамияти китобу адабиёт барои тарбияи маънавии инсоният ҳарф зад ва ба ғолибону диплому тӯҳфаҳо супорид.
Боиси зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Библиомарафон” таҳти унвони “Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ” барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ”, ки бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар ҷараён дорад, заминаи мусоид фароҳам оварда, насли наврасро барои иштирок дар ин озмуни бонуфуз омода месозад.
Ғолибон ва иштирокчини фаъоли озмун бо тӯҳфаҳои хотиравӣ, мукофоти пулию моддӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом» сарфароз гардиданд. Барандаи шоҳҷоизаи озмун хонандаи синфи 7 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и ноҳияи Ишкошим Синои Зинатшо дониста шуда, бо 1000 сомонӣ мукофотпулӣқадр гардид.
Инчунин нафарони зерин ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъол дониста шуданд:
Байни синфҳои 5:
1. Ҷойи якум – Норов Рўдакӣ (ш. Панҷакент)
2. Ҷойи дуюм – Ҳамидиён Зайнабхон (ш. Душанбе)
3. Ҷойи дуюм – Сироҷиддини Худойдод (ш. Бохтар)
4. Ҷойи сеюм – Наимова Нисо (н. Дўстӣ)
5. Ҷойи сеюм – Зафари Муҳаммадсалим (ш. Хуҷанд)
6. Ҷойи сеюм – Самирабонуи Сангин (ш. Турсунзода)
Байни синфҳои 6:
1. Ҷойи якум – Абдусатторов Меҳроб (н. Тоҷикобод)
2. Ҷойи дуюм – Қурбонова Дилноза (ш. Хуҷанд)
3. Ҷойи дуюм – Азизҷони Бадриддин (н. Ҳамадонӣ)
4. Ҷойи сеюм – Худоиев Мирзо (н. Мурғоб)
5. Ҷойи сеюм – Миҳтоҷиён Ҳумоюншоҳ (н. Лахш)
6. Ҷойи сеюм – Абдурақибзода Азизмоҳ (ш. Ваҳдат)
Байни синфҳои 7:
1. Ҷойи якум – Мухторова Бибинисо (ш. Кўлоб)
2. Ҷойи дуюм – Муродов Дилшод (ш. Бўстон)
3. Ҷойи дуюм – Абдуллоев Амирҳамза (н. Шаҳринав)
4. Ҷойи сеюм – Отабобоев Диёрбек (н. Ҷ.Расулов)
5. Ҷойи сеюм – Сафарова Наргис (н. Хуросон)
6. Ҷойи сеюм – Абдулалишоева Назмия (н. Роштқалъа)
Иштирокчиёни фаъол:
1. Некпаев Мустафо (н. Рўшон)
2. Мамадназарбекова Нуринисо (н. Шуғнон)
3. Ҷафоева Рухсора (ш. Хоруғ)
4. Мухторова Омина (ш. Кўлоб)
5. Муҳиддинова Омина (ш. Бохтар)
6. Хоҷаева Нигора (ш. Леваканд)
7. Юсупова Омина (н. Вахш)
8. Насриддинова Фотима (н. Фархор)
9. Одинаева Саодат (ш. Кўлоб)
10. Суҳайлиддинова Дилноза (ш. Конибодом)
11. Халилова Дилнишин (н. Рашт)
12. Мафтунаи Таваккалӣ (н. Рашт)
13. Рафиева Меҳрона (н. Файзобод)
14. Улҷаева Зебуннисо (н. Рўдакӣ)
15. Каримзода Сабрина (ш. Ҳисор)