Сомонаи пешина | Чш, 18 Сентябр 2019 | 17:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ифтитоҳи ботантанаи Нӯҳумин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»

4 сентяри соли 2019 дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нӯҳумин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» бо шукӯҳу шаҳомати хоса ифтитоҳ ёфт.

Меҳмонони чорабинӣ ва мухлисони китобу китобхониро дар саҳни Китобхона намоиши ҷолиби ҳунарҳои мардумӣ ва пораи намоиши театрӣ оид оид ба таърихи китоб ва адабиёт истиқбол намуданд.

Сипас директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода меҳмононро бо оғози чорабинӣ табрик гуфта, сухани ифтитоҳиро ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дод.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро ба намоишгоҳ хайрамақдам гуфта, оид ба мавқеи китоб дар ҳаёти мардуми тоҷик ҳарф зад ва иброз дошт, ки баргузории намоишгоҳи имсола аз он ҷиҳат хеле хотирмону фаромўшношуданист, ки он ба санаи бошукуҳ - ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст.

“Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноширони кишвар шароиту имкониятҳо фароҳам омадааст, ки мунтазам дар намоишгоҳҳои байналмилалии китоби ҷаҳонӣ иштирок намуда, дастовардҳои худро манзури оламиён гардонанд ва ҳамчунин аз таҷрибаи ҳамкасбони хориҷии худ бархурдор гарданд. Бо кўмаку дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи талаботи рўзафзуни ба ғизои маънавӣ доштаи мардум, фароҳам омадани шароиту имкониятҳои мусоиди эҷодию истеҳсолӣ ҳамасола соҳаи табъу нашр ва дар ин замина теъдоди нашри китобҳои тозанашр рў ба афзоиш ниҳода, номгўйи нав ба нави корхонаҳои полиграфӣ сабт мешаванд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 319 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чопӣ ва 71 нашриёт фаъолият менамоянд. Бо вуҷуди мушкилиҳо корхонаю муассисаҳои табъу нашр мутассил рушд намуда, талаботи бо адабиёти зарурӣ ва дигар маҳсулоти чопӣ доштаи аҳолиро қонеъ мегардонанд” – зикр намуд Вазири фарҳанг.

Сипас меҳмонону китобдӯстон ба дохили бинои Китобхона дохил шуда, аз китобҳои ба маъраз гузошташудаи ноширони ватанӣ ва хориҷӣ дидан намуданд.

Боиси зикр аст, ки дар намоишгоҳ зиёда аз 30000 китоби тозанашр аз ҷониби 49 корхонаҳои табъу нашр ва ташкилоту муассисаҳо ба маъраз гузошта шудаанд. Дар кори намоишгоҳ инчунин ноширон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҳиндустон, Фаронса, Туркия ва Озарбойҷон иштирок мекунанд.

Дар доираи намоишгоҳ баргузории чорабиниҳои гуногун, мизи гирд, сӯхбату вохӯриҳо ва озмунҳои мухталиф роҳандозӣ шудааст.

Боиси зикр аст, ки ташкили Нӯҳумин намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” таҳти роҳбарии Раиси кумитаи тадорукоти намоишгоҳ, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода ба роҳ монда шудааст.