Сомонаи пешина | Чш, 18 Сентябр 2019 | 17:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Бозёфти ашёи таърихии мансуб ба асрҳои IX-Xаз ҳудуди қасри Ҳулбук

Кормандони «Осорхона - мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук» чанде қабл зимни экспедитсияи бостоншиносӣ аз ҳудуди ёдгории қасри Ҳулбук ашёи нодири таърихӣ кашф намуданд.

Тибқи маълумоти бостоншиносон ин бозёфти таърихӣ «обсофкунак» ё «обполак» ном дорад, ки мансуб ба асрҳои IX-X, яъне замони салтанати Сомониён мебошад. Ин бозёфти ҷолиби таърихӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар асрҳои IX- X дар қасри Ҳулбук шабакаи васеъи обтаъминкунӣ фаъолият дошт ва аҳолии он минтақаро бо оби софи ошомиданӣ таъмин менамуд.

Директори«Осорхона - мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук» бостоншинос Абдулло Хоҷаев мегӯяд, ки бозёфти мазкур дастоварди муҳими бостоншиносӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбад.