Сомонаи пешина | Чш, 18 Сентябр 2019 | 17:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар

Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ватани азизамон баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ дар назар аст.

Аз ҷумла 9 сентябри соли 2019 соати 10:00 дар майдони сохтмони НБО Роғун ба ифтихори ба истифода дода шудани Агрегати дуюми НБО Роғун ва Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад.

Шоми ҳамон рӯз соати 19:00 дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе барномаи мутантани театрикунонидашуда бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ манзури сокинон ва меҳмонони шаҳр гардонида мешавад.

Инчунин 10 сентябр соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Мӯъминобод баргузории барномаи фарҳангӣ ва 11 сентябр соати 19:00 дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб баргузории барномаи театрикунонидашуда бахшида ба ҷашн дар назар аст.

12 сентябри соли 2019 бахшида ба ҷашни Истиқлолият ва маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара дар қасри навбунёд барномаи ҷолиби ҳунарӣ манзури тамошобинон мегардад.