Сомонаи пешина | Чш, 18 Сентябр 2019 | 17:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Табрикоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба муносибати Рўзи китоб

 

Боиси ифтихор аст, ки дар ҷомеаи навини тоҷикон низ яке аз меросҳои бузургтарини аҷдодони мо китобу китобхонӣ мавқеъ ва арзишашро гум накардааст.

4 сентябр ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоламон Рўзи китоб ботантана таҷлил мегардад.

Яке аз рисолати асосии кормандони китобхонаҳо ҷамъоварӣ, омўзиш ва ҳифзу муаррифӣ намудани осори пурғановати таърихиву фарҳангии куҳандиёрамон мебошад.

Китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар муддати на чандон тулонӣ дар амлӣ гардонидани рисолати таърихӣ ва амалӣ намудани сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои назаррасеро анҷом дода, ҳамасола тавассути баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ хонандагони зиёдеро бо гузаштаи ибратомўз ва дастовардҳои даврони истиқлолият аз наздик ошно мегардонанд.

Дар замони муосир таълиму тарбия масъалаи асосии ҷомеасозӣ гардидааст, чунки танҳо саводнокӣ, бомаърифатӣ ва маънавиёту ҳунар омили рушду гул-гулшукуфии Ватан шуда метавонанд.

Мутмаинем, ки кормандони китобхонаҳо минбаъд ҳам дар тарбия ва ҷалби ҷавонону наврасон ба омўзиши таъриху маданияти тоҷик саҳми муносиби хешро мегузоранд ва дар баланд бурдани маънавиёти ҷомеа нақши шоиста мегузоранд.

Дар иҷрои ин рисолати бузург ба ҳар яки Шумо барору комёбиҳо таманно намуда, Рўзи китобро ба тамоми аҳли фарҳанг шодбош мегўем.

Ҳамеша комёбу муваффақ ва саодатёр бошед.