Сомонаи пешина | Чш, 18 Сентябр 2019 | 17:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанг бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон

 

2 сентябри соли 2019 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Имрон Ҳайдарро, ки ба наздикӣ таъин гардидааст, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи тавсеаи муносибатҳои фархангӣ дар соҳаи илм, фарҳанг, санъат ва ҳунарҳои мардумӣ сӯҳбат намуданд.

Ҷаноби Имрон Ҳайдар иброз дошт, ки онҳо ният доранд, то дар ду соли навбатӣ барои муаррифии фарҳанги тоҷик барои мардуми Покистон ва муаррифии фарҳанги Покистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон чорабиниҳои гуногунро ташкил намоянд. Аз ҷумла, баргузории рӯзҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳои осори санъат, хӯрок ва либоси миллӣ, намоиши филмҳо тариқи шабакаҳои телевизионӣ, ба роҳ мондани таҳқиқоти илмӣ барои омӯзиши шабоҳати фарҳангу санъати ду кишвар, ташкили конфронсу анҷуманҳои муштарак намунаи чунин чорабиниҳо мебошанд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода гуфт, ки алҳол тамоми имкониятҳо барои таҳкими робитаҳои дуҷонибаи фарҳангӣ вуҷуд доранд. «Сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлати мо сиёсати дарҳои кушод аст»- иброз дошт Вазири фарҳанг ва пешниҳод намуд, ки минбаъд инчунин дар соҳаи илм, табодули таҷриба байни ҳунарпешаҳои соҳаи театр, нашри китобҳои муштарак, табъу нашр низ лоиҳаҳо пеш бурда шуда, ҷонибҳо дар чорабиниҳои байналмилалӣ, ки дар ҳам дар Тоҷикистон ва дар Покистон сурат мегиранд, фаъолона иштирок намоянд.

Мулоқот дар фазои хуши дӯстона ба вуқуъ пайваст.