Сомонаи пешина | Чш, 18 Сентябр 2019 | 17:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ансамбли фолклории Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо" дар XII Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии “Таронаҳои Шарқ” ҷои сеюмро ба даст овард

Шоми 30 августи соли ҷорӣ дар майдони Регистони шаҳри Самарқанд XII Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии “Таронаҳои Шарқ” ботантана ҷамъбаст гардид.

Байни 28 ансамблҳо ва гуруҳҳои эҷодӣ аз кишварҳои гуногун ҳунарпешагони тоҷик сазовори ҷои сеюм дониста шуда, бо дипломи дараҷаи се, туҳфаҳо ва мукофоти пулӣ ба андозаи 2000 ҳазор доллари амрикоӣ қадр гардиданд.

Ҷои сеюм инчунин боз ба ду гуруҳи дигар: Ансабли “Айярхан” аз Федератсияи Россия, инчунин ба дуети шашмақомхонон Азизҷон Абдуазимов ва Улуғбек Элмуродзода аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиқ дониста шуд.

Ҷои дуввумро Ансамбли “Арчибил” аз Туркманистон ва Ансамбли “Ҳатан” аз Муғулистон ба даст оварда, соҳиби диплом, туҳфаҳо ва 3500 доллари амрикоӣ гардиданд.

Ҳакамони ҷашнвора ҷои аввалро ба дуети қомузнавозон аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва Парвиз Қосимов аз Озарбойҷон лоиқ донистанд. Мукофоти пулии ҷои аввал 5000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Шоҳҷоизаи XII Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии “Таронаҳои Шарқ” ба Меҳрнигор Абдурашидова аз Чумҳурии Ӯзбекистон супорида шуд. Барандаи Шоҳҷоиза бо диплом, мукофотҳо ва 10000 доллари амрикоӣ қадр гардид.

Боиси зикр аст, ки ҳунарпешаҳои Ансамбли фолклории Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо" дар назди ҳайати ҳакамон ва тамошобинон, ки аз мусиқишиносону санъаткорон ва дӯстдорони мусиқӣ аз 75 кишвари дунё иборат буданд, хеле зебо ҳунарнамоӣ карда, суруду таронаҳои дилнишини «Попурӣ», «Баҳор»-и оҳангсоз Муҳаммадато Таваллоев ва «Дило чунам»-ро манзур намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

Дар маҷмӯъ XII Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии “Таронаҳои Шарқ” 340 нафар санъатшиносон, коршиносон, ҳунарпешагон ва рӯзноманигоронро аз 75 давлати дунё ҷамъ овард.