Сомонаи пешина | Шб, 20 Январ 2018 | 04:01

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Даъват барои иштирок дар конфронси айнишиносӣ

 

Институти забон ва адабиёт ба номи Абӯабдулло Рӯдакии АИ ҶТ ба ифтихори 140-солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддини Айнӣ моҳи апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалиро дар мавзӯи «Садриддин Айнӣ ва илму адаб ва фарҳанги муосир» баргузор мекунад.
Ба Конференсия айнишиносон, донишмандон, ҳунаршиносон ва коршиносони номии дохилӣ ва хориҷӣ даъват мешаванд.
Дар Конференсия баррасии масъалаҳои зерин дар назар аст:
- Айнӣ – поягузори насри муосир.
- Айнӣ – шоир. - Айнӣ ва забон.
- Айнӣ ва забони меъёр.
- Айнӣ ва тарҷумаи бадеӣ.
- Айнӣ ва фарҳангнигорӣ.
- Айнӣ ва робитаҳои адабӣ.
- Айнӣ ва мероси адабӣ.
- Айнӣ – муҳаққиқ.
- Айнӣ ва таърихи халқи тоҷик.
- Айнӣ ва арзишҳои миллӣ.
- Нақши «Намунаи адабиёти тоҷик» дар ташаккули ҳувияти миллӣ.
- Айнӣ ва «Шашмақом».
- Айнӣ ва матбуоти тоҷик.
- Айнӣ ва маориф.
- Айнӣ ва фарҳанги суннатӣ.
- Айнӣ ва адабиёти Шарқ.
- Тарҷумаи осори Айнӣ ба забонҳои дигар.
- Осори Айнӣ ба забони ӯзбекӣ.
- Шуҳрати ҷаҳонии Айнӣ.
- Шинохти устод Айнӣ дар даврони Истиқлол.
Забонҳои кори Конференсия тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ), русӣ ва англисӣ мебошанд.
Шахсоне, ки мехоҳанд дар Конференсия гузориш ва ё суханронӣ намоянд, матни электронии гузориш ва суханрониашонро метавонанд ба воситаи почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. бифиристанд.
Матни гузориш ва суханрониҳо дар ҳаҷми 10 саҳифа (қолаби А-4) бо ширифти Times New Tj (андозаи ҳарф -14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5) пазируфта мешаванд.
Муҳлати қабули матнҳо то 15 феврали 2018 муқаррар шудааст. Маводи Конференсия дар маҷмӯа нашр хоҳад гардид.
Шумораи телефонҳо барои тамос: 2277550; 2272426; 2271170 E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.