Сомонаи пешина | Яш, 20 Октябр 2019 | 09:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

БОЗ ЯК ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН! Ба ифтихори он дар Душанбе барномаҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ доир мегарданд

 

9 сентябр   дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  намоиши  театришуда  баргузор мегардад. Консерти устодони санъат ва ҳунармандон, ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии  Тоҷикистон аст,  ин  барномаро  рангину пурмуҳтаво хоҳад гардондИн намоиши театрӣ  бо мушакпарронӣ анҷом  меёбад.  Ҳамчунин 8 сентябр бахшида ба таҷлили   ҷашни мазкур   дар  чор ноҳияи  пойтахт барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва сайру гашти оммавӣ  баргузор  мегарданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардид.

Тибқи ин нақша,  базмҳои идона  дар «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  «Майдони 800-солагии Москва»-и  ноҳияи Шоҳмансур, майдони хиёбони Сино дар  назди Прокуратураи генералӣ, «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»  ва дигар маконҳои фарҳангӣ доир мегарданд.

«Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ  таҷлил намудани ин ҷашни фархунда дар пойтахт баргузории барномаҳои иттилотию маърифатӣ,  фарҳангиву фароғатӣ, аёдати собиқадорони меҳнат,  шахсони  ниёзманд ва  мусобиқаҳои варзишӣ,  аз ҷумла мусобиқаи   кушоди пойгаи аспдавонӣ, гӯштини миллӣ ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст»,- афзуд манбаъ.

Тибқи иттилои манбаъ,  дар пойтахт  истиқболи ин ҷашн аллакай оғоз ёфта, ба ин муносибат рӯзҳои наздик  як зумра   иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла биноҳои муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва майдончаҳои варзишӣ  мавриди истифода қарор мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки  соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор гардиданд, иштирок ва суханронӣ карданд. Дар тантанаи идона шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.

 

АМИТ «Ховар»