Сомонаи пешина | Чш, 21 Август 2019 | 05:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Хонандагони тоҷик ғолибони озмуни байналмилалӣ

Моҳи июни соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Карелияи Федератсияи Россия Фестивал-озмуни байналхалқии «Онежские волны» баргузор гардид. Ҷумхурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии бонуфуз ду нафар хонандагони Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М.Атоев, Шарипова Мадина ва Манучеҳри Умедҷон зери роҳбарии устод Шарипова Хосият муаррифӣ намуда, сазовори ҷойи аввал ва медалу ифтихорномаҳо гариданд.

Рўзи 31 июли соли равон бо фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шамсиддин Орумбекзода  Шарипова Мадина ва Манучеҳри Умедҷон барои муаррифии санъати мусиқии тоҷик дар чорабинии байналмилалӣ ва ғолибият дар фестивали мазкур бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.