Сомонаи пешина | Яш, 20 Октябр 2019 | 09:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фурӯғи субҳи доноӣ…

29 июли соли 2019 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ҷамъбасти даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. 

207 нафар довталаб новобаста аз рӯи сину сол ширкат варзиданд. Дар ҷамъбаст, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Маҷидова Кенҷамо Афғонова қайд намуданд, ки Озмун бо як шаффофияти тоза, поку беолоиш бо дарназардошти талаботҳои «Низомнома» ва ба ҳисобгирии қобилияти эҷодӣ, дониши фасеҳу дарки баланди шинохти мазмуни асар, озодбаёнӣ ва санъати баланди суханварӣ гузаронида шуд.

Мувофиқи талаботи низомномаи Озмун иштироки тамоми қишрҳои мухталифи ҷомеа ба инобат гирифта шуд. Аз ҷумла, аз муассисаҳои фарҳанги минтақа ва шаҳри Кӯлоб бо теъдоди 38 нафар довталаб ширкат варзиданд. Дар рафти санҷишу азназаргузаронӣ ва баҳодиҳӣ ба маҳорати эҷодии иштирокчиён муайян гардид, ки довталабони зерин: аз Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб»
1. Оминаи Рустам - сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмун,
2. Тахминаи Хуршед –дар номинатсияи якум сазовори чойи якум;
3. Талбова Ганҷина - дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон сазовори чойи дуюм;
4. Раҳимова Хиробон - омӯзгори МТМУ-22-и ҷ/д Забдор дар номинатсияи адибони муосир сазовори чойи якум;
5. Қодирова Робия- дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон ва Раҳматова Шукрона дар номинатсияи адибони классик сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида ба даври вилоятии Озмун роҳхат гирифтанд.

Озмун бори дигар исбот намуд, ки хонандагон нисбати омӯзиши адабиёти бадеӣ соҳиби завқи баланди китобхонӣ, қобилияти луғатдонӣ, дарки дурусти мазмуни асар ва ҳунари зебои ровию натоқӣ дошта, бо масъулияти баланд аз талаботи шартҳои Озмун баромада тавонистанд.



Абдуллоева Саодат- корманди Муассисаи давлатии
«Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон
ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб».