Сомонаи пешина | Чш, 18 Сентябр 2019 | 17:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Симои барҷастаи мусиқии касбии тоҷик

 

Ба ифтихори 81- солагии зодрўзи композитор Абдуфаттоҳ Одинаев

Фарҳанги мусиқии тоҷик дорои симоҳои барҷастае мебошад, ки онҳоро метавон ҳамчун намунаи ибрату пайравӣ тарғиб намуд. Дар ин замина, бо эътимоди комил гуфта метавонем, ки композитор, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ ва Ҷоизаи ба номи Александр Александров, профессор Абдуфаттоҳ Одинаев бо истеъдоди фавқулоддаи худ дар мусиқии касбии тоҷик мактаби хешро ба вуҷуд овард, ки дар атрофи ин мактаби бонуфузу фарогири майлу рағбати зебописандӣ, анъанаҳои беҳтарини фарҳанги тоҷик эҳё гардидаанд.

Абдуфаттоҳ Одинаев аз зумраи он насли заҳматпеша ҳаст, ки дар мавзеи дорои суннатҳои бойи мусиқӣ таваллуд шуда, роҳи эҷодиаш ба санъати касбӣ бо ҳидояти ҳофизи маъруфи халқӣ Шариф Ҷӯраев оғоз гардида, дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагонаи лаёқатманд таҳсил намуда, аввалин дарсҳои композитсияро аз композитор Александр Ленский меомӯзад.

Аз соли 1957 вай дар шуъбаи композитории Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И.Чайковский дар синфи профессор А.Н.Александров таҳсил намуда, минбаъд бо маҳорати фитрии худ асарҳои ҷолиберо аз қабили операҳои «Парасту» (либреттои Жола Бадеъ), «Бузаки ҷингилапо» (либреттои Наримон Бақозода), драмаҳои мусиқӣ, кантатаҳо, сюитаҳо, асарҳои вокалӣ-симфонӣ ва хорӣ, сурудҳо, оҳангҳо барои намоишномаҳо ва филмҳо ва ғайраро офарида, маҳбуби ҳаводорони санъати бузурги мусиқии касбӣ гардиданд.

Абдуфаттоҳ Одинаев аз зумраи аввалин композиторони тоҷик аст, ки ба жанри симфония рӯ овардааст. Тафаккури симфонии муаллиф дар ҳалли ба худ хоси мавзӯӣ – нигоҳдошти хусусиятҳои миллӣ дар омезиши якҷоя бо заминаи полифонӣ равшан падидор мегардад.

Абдуфаттоҳ Одинаев соли 1962 ба узвияти Иттифоқи композиторони СССР қабул гардида, соли 1966 аспирантураи Институти давлатии мусиқӣ-педагогии Гнесинҳоро хатм менамояд. Дар он ҷо вай таҳти роҳбарии Н.И.Пейко операи «Парасту»-ро аз рӯи достони Жола Бадеъ менависад, ки он соли 1970 дар Театри академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба саҳна гузошта шуд.
Достонҳои симфонии «Ленин дар Помир» ва «Ҳисори ман» асарҳое, ки бо сарчашмаҳои сурудҳои халқии тоҷикӣ алоқамандии зич доранд, то имрӯз хусусияти худро нигоҳ доштаанд.

Эҷодиёти Абдуфаттоҳ Одинаев хеле гуногунжанр аст. Киномусиқии ӯ воқеан беҳтарин саҳифаҳои жанри мазкур ба ҳисоб меравад. Ҳамчун муаллифи мусиқии синамо Абдуфаттоҳ Одинаев бо истифодаи бамавриди оҳангҳои халқӣ, офаридани образҳои хоси барҷаста фарқ мекунад. Дар маъруфият пайдо намудани филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм» аз қабили «Хиёнат», «Фошкунӣ», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Восеъ», «Хоҳиши дил», «Қасос», «Хати парвоз», «Салом, шахси меҳрубон», «Сандуқ барои арӯс» ва дигар филмҳо мусиқии ӯ саҳми арзандаи худро гузоштааст.

Дар эҷодиёти композитор мавзӯи гражданӣ мавқеи калонро ишғол менамояд. Барои инъикоси мавзӯҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ бо мукофоти умумииттифоқӣ сазовор гардида, барои достони вокалӣ-симфонии «Не отправляйте отца на войну» мавсуф бо медали ба номи А.В.Александров мукофотонида мешавад.

Асарҳои вокалӣ-симфонии ӯ «Чорзарб», «Ман доғ», пйесаи консертӣ барои дутор ва оркестри симфонии «Фалак», вокалӣ-рақсии «Азизам омад», «Суруди кӯҳсор», «Гулғунчаи баҳор», «Хуш набошад» бо истифодаи фаровони оҳангҳои мусиқии фолклорӣ фарқ мекунад. Суруду романсҳои устод, ки беш аз аз 160 адад мебошанд, хеле машҳур буда, жанрҳои мазкур дар эҷодиёти ӯ мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Бо самимияти хосаи худ онҳо ба зудӣ шунавандаро мафтун сохта, сомеони доимии худро пайдо мекунанд. Номбар намудани чанде аз онҳо – «Ситора», «Дарё», «Шодиёна», ки дар ҳама ҷо суруда мешаванд, онҳоро дар кишвар ҳама медонанд ва дӯст медоранд, ҷоиз аст.

Зимнан, композитор асарҳои зиёди созии дорои хусусияти консертӣ барои созҳои гуногуни якка бо ҳамроҳии фортепиано, оркестрҳои халқӣ ва симфониро эҷод кардааст.

Бояд зикр намуд, ки Абдуфаттоҳ Одинаев барои театр низ хеле зиёд навиштааст. Мазҳакаи мусиқии «Булбулакон месароянд», драмаҳои мусиқии «Дастони саховатманд», «Хусрав ва Ширин», мусиқӣ барои намоишномаҳо то ба имрӯз дили ҳар шунавандаро тасхир менамояд.

Бо дарки муҳимияти драмаи мусиқӣ барои ташаккули жанри опера дар Тоҷикистон, Абдуфаттоҳ Одинаев дар ҳамин жанр асарҳо эҷод мекунад. Операҳояш, ки барои бачагон дилписанданд, олиҷаноб мебошанд. Композитор таваҷҷӯҳи бачагонро қабл аз ҳама бо самимияти хеш, ки умуман хоси эҷодиёти А.Одинаев аст, ҷалб менамояд.

А. Одинаев дар тӯли тамоми умри хеш дар дилаш меҳри пурҳаяҷонро нисбат ба созҳои миллӣ ҳифз намуда, барои ғанӣ гардонидани репертуари онҳо корҳои зиёдеро ба сомон расондааст.

Беҳуда нест, ки «Фалак» барои дутор ва оркестри симфонӣ дар такмили Абдуфаттоҳ Одинаев яке аз асарҳои машҳуртарини мусиқии тоҷик гардида, суруду оҳангшҳои барои ансамбли «Дарё»-и назди Кумитаи телевизион ва радио беҳтарин офаридаҳо барои ҳунармандон мебошад.

Абдуфаттоҳ Одинаев ба ҳайси роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, мудири кафедраи композитсия ва хониши партитураи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият намуда, бо таъсисёбии Консерваторияи миллии Тоҷикистон профессори фахрии ин мактаби олӣ интихоб гардид. Мусиқии Абдуфаттоҳ Одинаев имрӯз дар Тоҷикистон хеле машҳур буда, он дар саҳнаҳои консертӣ, дар мавҷи радио ва телевизион, дар иҷрои коллективҳои эҷодӣ-касбӣ, толибилмони муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат пайваста садо медиҳанд.

Композитор Абдуфаттоҳ Одинаев табиатан эҷодкор буд ва нисбат ба сарояндаву навозанда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамуд. Аз ин рӯ, асарҳои зиёде барои ҳунармандони дилписандаш навиштааст. Ӯ мекӯшид, то ки бо овозу услуби сароишу навозиши онҳо сурудро мутобиқ гардонад. Сарояндагон Аҳмад Зоҳир, Нигина Рауфова, Мастона Эргашева, Нуқра Раҳматова, Майсара Дилдорова, Маҳбуба Боҳирова, Зоҳир Ҳувайдо, Сурайё Қосимова, Тоҷиддин Муҳидинов, Саидқул Билолов, Лола Азизова, Муҳаррама Шарифова ва дигарон сурудҳои ӯро бо шеваю услуби дилпазир сароида, аксарашон аз зумраи ҳамкасбону дӯстони ӯ буданд.

Дар ин асос ҳамкории самимии эҷодӣ байни композитори маъруф ва сарояндагони машҳур ташаккул меёфт, кас аз маҳфилороии чунин робитаҳои дӯстиву эҷодӣ ҳаловати баланди маънавӣ мегирифт. Маҳз ҳамин тавр ҳамкориҳо санъати волои мусиқии касбиро рушд медиҳанд, фазои фарҳангии кишварро рангоранг месозанд ва ҷомеаро ба сӯи маънавиёт раҳнамоӣ менамоянд.

Сиёсати фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар маҷмӯъ ба худшиносӣ, омӯзиши решаҳои таърихии худ равона шуда, дар ин замина, шинохти амиқи шахсияти композитор Абдуфаттоҳ Одинаев ва осори нодири ӯ ҳамчун омили ҳифзу эҳёи фарҳанги мусиқии касбии тоҷик мебошад.

Омода намуд: Хуршед Низомов