Сомонаи пешина | Чш, 18 Сентябр 2019 | 17:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТЕАТР ҳунаре, ки бояд ба мақсадҳои нек кор фармуда шавад

 

Пеш аз он ки роҷеъ ба мавқеи театр ва кино, яъне драматургия, дар мубориза бар зидди терроризм сухан ронем, бояд ин нуктаро низ зикр намоем, ки бархе аз муҳаққиқони соҳа ин ду намуди ҳунарро ҳатто барангезандаи ин амал меноманд. Онҳо чунин мешуморанд, ки ҷузъҳои муҳими театр – намоиш ва амал, ҳамчунин, қисмати асосии амалҳои террористиро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, муҳаққиқи терроризми байналмилалӣ Брайан Ҷенкинс ҳатто тасдиқ менамояд, ки «Терроризм ҳам театр аст». Шояд ин андеша аз он маншаъ гирад, ки таҳиягарони амалҳои террористӣ онро ҳамчун намоише, ки пешакӣ тарҳрезӣ шудаасту ба тасхири тахайюлу карахт намудани андеша равона гардидааст, роҳандозӣ намоянд. Агар террористон аз ҳунарҳои кино ва театр, ки асосашонро драматургия ташкил медиҳад, ин тавр истифода бурда тавонанд, пас чаро мо аз он ҳамчун воситаи таъсирбахши зиддитеррористӣ истифода набарем?

Мутаассифона, драматургияи миллӣ ва театри тоҷик на танҳо натавонист ба мисли телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма дар ташаккули афкори ҷомеа бар зидди зўроварӣ саҳми муносиб бигирад, балки моҳият ва оқибатҳои нанговари экстримизм ва терроризмро низ ба таври назаррас инъикос намуда натавонист. Вале, набояд фаромўш сохт, ки драматургия ва театр аз ВАО фарқи калон доранд. Онҳо набояд чун телевизион бо кадрҳои инъикоссозандаи терактҳо ба асъоби ҷомеа латма зананд. Вазифаи онҳо нозукона ифшо намудани моҳият ва оқибатҳои ин амалҳо мебошад.

Мушкилӣ ҳам дар ҳамин аст, ки моҳияти терроризмро, ки дар қалбу рўҳи як гурўҳи одамон ҷой гирифта, зиндагии ҷомеаро халалдор месозад, ошкор намудан кори саҳлу осон нест. Таҷрибаи театри ҷаҳонӣ низ нишон медиҳад, ки асарҳои баландпояи бадеии дар ин самт офаридашуда ангуштшуморанд. Барои мисол, қаҳрамонҳои асари «Террорист» - и бародарон Пресняковҳо, ки рўйи саҳнаи ними театрҳои Аврупоро дидааст, одамони одие мебошанд, ки мо бо онҳо дар ҳама ҷо вомехўрем. Аммо воқеаҳои асар нишон медиҳанд, ки мо на танҳо ҳамсафарони ногаҳонии худро намедонем, балки дар бораи онҳое, ки солҳо паҳлу ба паҳлу зиста, кор мекунем, маълумоти кофӣ надорем. Муаллифон канораҷўӣ аз ҷомеа ва кинатўзӣ барин бемориҳои равонии муосирони моро ба мисли заҳрпечаке нишон додаанд, ки решаҳои онҳо аз терроризм маншаъ гирифта, дар ҷомеа таркиш ба амал оварда, боиси хунрезӣ ҳам мешаванд. Асари адиби лаҳистонӣ Славомир Мрожек «Намуди зебо» низ дар ҳамин мавзўъ офарида шудааст. Муаллиф бар зидди одатҳои қолабӣ дар муносибатҳои байн одамон буда, вайрон шудани симои маънавии ҳамзамонони моро дар он мебинад. Воқеан ҳам, террорист симои муайян надорад, ҳадафаш низ шахсони алоҳида нест. Аз ҳамин ҷост, ки ин хатар ба тамоми ҷаҳон таҳдид намуда, дар ҳар гўшаи он метавонад сар занад. Барои онҳо ҳама душман ҳастанд, аз ин ҷост, ки ҳар кас метавонад мавриди ҳадафашон қарор гирад. Ҷавҳари терроризмро, ҳамчун омили хатарноки психологӣ, бадбинии инсон ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки ин гурўҳ ба худ ва наздиконашон низ раҳм надоранд. Пас, аз ин гуна афрод чӣ гуна метавон умеди некӣ намуд. Онҳо дар натиҷаи мағзшўйӣ танҳо ғуломи ҳалқабаргўши хоҷагони худ шуда, барои амалӣ намудани идеологияи онҳо хизмат мекунанд.

Ҳайратовар ҳам нест, ки террористон гўё таҳти шиорҳои мубориза алайҳи ноадолатӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, поймол гардидани ҳуқуқҳои миллату халқиятҳои алоҳидаву дину равияҳояшон амал намуда, дар натиҷа ба несту нобуд намуданашон расида истодаанд.

Драматургони мо ба ин масъала бо тадриҷ ё худ оҳистагӣ даст зада истодаанд. Бояд бигўем, ки театри тоҷик чанд таҷрибаи муваффақонаи инъкоси ин амалро ҳам дорад. Барои мисол, драматург Ато Ҳамдам, ки бештар ба воқеаҳои замони мо сару кор мегирад, дар ин мавзўъ ду асари ҷолиб офарид. «Дар кўчаҳои қисмат» ном асари драматург аз тақдири талхи духтароне ҳикоят мекунад, ки бо фанду фиреб ба Сурия афтида, маҷбуранд дар амалӣ намудани ниятҳои нопокашон ба террористон ёрӣ расонанд. Гузашта аз ин, онҳо бояд дар ин роҳ на танҳо шарафу номуси худро нигоҳ доранд, балки ҷонашонро низ фидо намоянд. Пушаймонӣ аз амалҳои хеш ва ба қадри Ватану волидон расидан хулосаи таҷрибаи талхи ҳаётии онҳо мебошад. Аз ин сабаб, асари мазкур ва фоҷиаи «Ман қотилам» - и драматурги қирғиз Жаниш Қулмамбетов дар тарҷумаи муаллифи мазкур дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кўлоб саҳнавӣ шуда, ба тамошогарон хеле хуш ҳам омад.

Асари дигари муаллиф «Оби таги ях» бошад, аз тақдири ҷуфти ҷавоне ривоят мекунад, ки дар ҷустуҷўи бахт ба Сурия расидаанд.

Танҳо дар ҳамон ҷо дарк мекунанд, ки ба кадом мақсад ҷалб шудаанд. Рафти воқеаҳо нишон медиҳад, ки духтари дар роҳи дифои шарафу номуси худ бархостаро ба қатл мерасонанд. Ба ҷавон кори дигаре намемонад, ки бо иддае аз ҳаммаслаконаш бар зидди бедодгарон бархезад.

Асари «Контрейстрайк. Бозиҳои хунин» - и драматург Ҷумъа Қуддус низ аз ба майдони муноқишаҳо афтодану ба ҷони ҷавони худ ҷабр карданҳои ҳамватанонамон нақл мекунад. Новобаста аз он, ки чунин одамон ба кўчаи сарбаста ворид шудаанду интиҳои роҳи интихобкардаашон танҳо марг аст, ба яке аз духтарон муяссар мешавад, ки ба Ватан баргардад.

Достони саҳнавии «Дили модар» - и Р. Ниҳонӣ, ки мисли асари пештара дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба саҳна гузошта шуд, аз воқеаҳои ба сари як хонавода омада ҳикоя мекунад. Ба дастаи экстремистон пайвастани писари хонавода зиндагии осудаи онҳоро ба ҷаҳаннам табдил медиҳад. Модар сарсон аз паси писар ба майдони ҳарб мераваду ҳар ду дар он ҷо ба қатл расонда мешаванд. Падари пиру хоҳари хурдсол ва маъшуқаи нокомаш хору зор ва танҳо мемонанд. Ана ҳамин гуна хатарнок ва дарднок будани амали мазкурро ҳунармандони тоҷик хеле воқеъбинона тасвир намудаанд.

Намоиши «Гумроҳон» - и Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов низ ба ҳамин мавзўъ бахшида шудааст. Муаллифи он актёри ҷавони театр Далер Мирхонов мебошад. Ў дар ҳамкорӣ бо коргардони ботаҷриба Бердӣ Мингбоев кўшиш намудааст, ки раванди ҷалби ҷавононро ба гурўҳу дастаҳои экстремистӣ таҳқиқ намояд. Дар натиҷа намоиши хубу дидание рўйи саҳна омадааст.

Пештар аз ин ду асари номбаршуда дар Театри драмаи мусиқии русии шаҳри Бўстон ва Театри драмаи мусиқии ўзбекии ноҳияи Спитамен драмаи Нарзулло Шарифов бо исми «Доғ» рўйи саҳна омада буд. Дар асар аз зудбоварӣ ва қалби софи ҷавонони тоҷик ба манфиатҳои худ истифода бурдани гурўҳҳои иртиҷоӣ сухан меравад. Мо шоҳиди он мегардем, ки чӣ тавр як хатои ҷавонписари тоҷик сабабгори бадбахтии тамоми оилаашон мегардад.

Чуноне ки воқеаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, рушди бемайлони ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамзамон, мушкилоти зиёдеро пеш овардааст, ки ба тақдири миллионҳо нафар таҳдид менамоянд. Миёни онҳо терроризм ва экстремизм мавқеи хос доранд. Терроризм ва экстремизм – методҳое мебошанд, ки гурўҳҳои ҷудогона дар онҳо барои расидан ба мақсадҳои худ аз зўроварӣ истифода мебаранд.

 

Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
номзади илмҳои таърих, театршинос