Сомонаи пешина | Чш, 18 Сентябр 2019 | 17:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» муайян гардиданд

15 июли соли 2019 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ таҳти унвони «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» ботантана ҷамъбаст гардад.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ғолибон ва иштирокчиёни озмуни мазкурро табрик гуфта, ба онҳо диплом, сипоснома, мукофотҳои пулӣ, инчунин, нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.
Озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ таҳти унвони «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» моҳҳои май–июни соли 2019 дар ду давр, яъне даври ноҳиявӣ ва вилоятӣ аз рўи ду номинатсия: «Муассисаи клубии беҳтарин» ва «Корманди беҳтарин» гузаронида шуд.
Дар номинатсияи «Муассисаи клубии беҳтарин» 786 муассисахои клубӣ, аз ҷумла 318 қаср ва хонаи фарҳанг, 409 клуб ва 15 маркази фарҳангӣ – фароғатӣ, дар номинатсияи «Корманди беҳтарин» 250 нафар корманди муассисаҳои мазкур да даври ноҳиявӣ иштирок карданд.
Озмуни мазкур бо мақсади рушди фаъолияти муассисаҳои клубӣ, тарғиби маҷмўи фарҳанг ва санъати миллӣ, баҳри баланд бардоштани маънавиёт, ташаккули ҳисси худшиносию ватандўстии шаҳрвандон, бо мақсади ободонӣ ва ба талаботи замони муосир мувофиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи кори муассисаҳои клубӣ, ҷалби ҳарчи бештари мардуми кишвар ба тадбирҳои фарҳангӣ – оммавӣ мусоидат мекунад.

 

 

 

 

 

 

 

Мақсади озмуни мазкур, қабл аз ҳама баланд бардоштани мақому манзалати муассисаҳои клубӣ дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати чорабиниҳои фарҳангӣ дар шароити нави иҷтимоӣ – фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷўҳи ҷомеа ба мушкилоти соҳаи фарҳанг ва ба ин васила фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон дар муассисаҳои клубӣ мебошад.
Дар зер рӯйхати ғолибон ва гирандагони мукофот, нишон ва ифтихорномаҳо оварда мешавад:

Номинатсияи «Муассисаи клубии беҳтарин»

Қасрҳои фарҳанг
1. Қасри фарҳанги ноҳияи Рўшон – ҷойи аввал
2. Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич – ҷойи дуюм
3. Қасри фарҳанги ноҳияи Муъминобод – ҷойи сеюм
Хонаҳои фарҳанг
1.Хонаи фарҳанги Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод – ҷойи аввал
2. Хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти ба номи Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат – ҷойи дуюм
3. Хонаи фарҳанги ҷамоати «Нури Ваҳдат»- ноҳияи Панҷ – ҷойи сеюм
Марказҳои фарҳангӣ - фароғатӣ
1. Маркази фарҳангӣ – фароғатии №8-и шаҳри Ҳисор – ҷойи аввал
2. Маркази фарҳангӣ- фароғатии ноҳияи Ҷаббор Расулов – ҷойи дуюм
3. Маркази фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Ишкошим – ҷойи сеюм
Клуби беҳтарин
1. Клуби марказонидашудаи шаҳри Душанбе – ҷойи аввал
2. Клуби деҳаи Хоҷа Аълои ҷамоати деҳоти Чоркўҳи шаҳри Исфара – ҷойи дуюм
3. Клуби ҷамоати деҳоти Ҳойти ноҳияи Рашт – ҷойи сеюм

Дар номинатсияи «Корманди беҳтарин»:

Сармутахассиси беҳтарин
1. Азизов Арчабек – сармутахассиси бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор – ҷойи аввал
2. Насруллоев Ғайбулло – сармутахассиси бахши фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ – ҷойи ду
3. Шодиева Обода – сармутахассиси раёсати фарҳанги вилояти Суғд – ҷойи сеюм

Роҳбари бадеии беҳтарин

1. Фатҳиддин Юсуфӣ – мудири бахши фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов – ҷойи аввал
2. Неъматуллоев Сайфиддин – роҳбари бадеӣ хонаи фарҳанги ноҳияи Дарвоз – ҷойи дуюм
3. Қодиров Шокир – роҳбари бадеи клубӣ деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод
Роҳбари маҳфили беҳтарин
1. Наимова Назира – роҳбари махфили ҳунарҳои мардумии хонаи фарҳанги ҷамоати Зиракии шаҳри Кўлоб
2. Қурбонов Рамазон – роҳбари махфили мусиқии Қасри фарҳанги ноҳияи Рўдакӣ
3. Ҳакимова Муҳаббат - роҳбари махфили рақси «Муҳаббат»-и ноҳияи Шаҳритуз
Мудири клуби беҳтарин
1. Ватаншоева Гулсара – мудири клуби ҷамоати Аличури ноҳияи Мурғоб.
2. Валиева Давлатбӣ- мудири клуби деҳаи Арабои ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
3. Тоиров Тошбек- мудири клуби ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш

Бо Дипломи «Корманди беҳтарин» қадрдонӣ намуда шуданд:

1. Нуров Субҳонқул – роҳбари бадеи Қасри фарҳанги ноҳияи Рўдакӣ
2. Мадамонова Сайлигул – сармутахассиси Маркази илмӣ эҷодии шуъбаи фарҳанги ВМКБ
3. Исроил Баротов – директори Қасри фарҳанги ноҳияи Муъминобод
4. Маҳмадалиев Абдуҷалолиддин – сармутахассиси бахши фарҳанги ноҳияи Темурмалик
5. Зоиров Ҷурахон – роҳбари мусиқии бахши фарҳанги ноҳияи Ховалинг
6. Одилов Раҷабалӣ – директори хонаи фарҳанги ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара
7. Раҳмондусти Қурбониён – роҳбари бадеи клуби марказонидашудаи шаҳри Душанбе
8. Кобулиев Саломиддин – мудири бахши фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод
9. Неъматов Изатулло – мудири бахши фарҳанги ноҳияи Лахш
10. Хайрулло Тоиров – муовини раёсати фарҳанги вилояти Хатлон
11. Боймуродов Саид – мудири шуъбаи бахши таъбу нашри раёсати фарҳанги вилояти Хатлон
12. Мамадамонов Мулкамон – собиқадори соҳаи фарҳанг
13. Паллаев Палла – мудири бахши фарҳанги ноҳияи Рўшон
14. Баракаев Баҳодир – директори Хонаи фарҳанги ноҳияи Спитамен
15. Саидов Тимурбек – мудири бахши фарҳанги ноҳияи Спитамен
16. Машарипова Шаҳло – мудири клуби ноҳияи Ашт
17. Усмонов Парвиз – директори хонаи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ
18. Эшонов Собирҷон –ҳунарманди мардуми аз ноҳияи Тоҷикобод
19. Туйчиев Бобо – собиқадори соҳаи фарҳанг аз шаҳри Исфара
20. Мирзоева Эркамоҳ – мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Ваҳдат
21. Давлатов Тағоймурод – мутахассиси пешбари бахши фарҳанги шаҳри Турсунзода
22. Давлатманди Абдураҳим – муовини мудири бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор
23. Неъматов Нурмаҳмад –мудири бахши фарҳанги ноҳияи Шаҳринав
24. Шарифзода Гулистон – мудири шуъбаи кадрҳои раёсати фарҳанги вилояти Хатлон
25. Саидбек Неъматов – директори Хонаи фарҳанги ноҳияи Ёвон
26. Мирзода Дустмурод – сармутахассиси бахши фарҳанги ноҳияи Қубодиён
27. Пирумшоев Саидшоҳ – директории хХонаи фарҳанги деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ
28. Назриев Зариф- сармуҳосиби бахши фарҳанги ноҳияи Точикобод