Сомонаи пешина | Чш, 18 Сентябр 2019 | 17:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» дар Хатлон

Дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» байни ғолибони даври аввали хонандагони фаъоли китобхонаҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб гузаронида шуд.

Озмун бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию зебоипарастӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. 

Ба ҳайати ҳакамони озмун мутахассиси пешбари Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озар Баҳромзода, мутахассиси пешбари медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Китобхонаи миллии Тоҷикистон Надиров Сайзароб ва директори китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб Обидов Саймуҳаммад шомил буданд.

Дар натиҷаи озмун як нафар хонандаи синфи 5 МТМУ № 9 ноҳияи Фархор, ду нафар хонандаи синфи 6 аз МТМУ №40 ш.Кӯлоб ва МТМУ№ 2-и ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ ва се нафар муҳассили синфи 7 аз Мактаби Президентӣ дар ш.Кӯлоб, МТМУ №5 ш.Кӯлоб ва МТМУ №12 ноҳияи Восеъ ғолибони даври дуввум дониста шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Саодат Абдуллоева,
корманди Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон
ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб