Сомонаи пешина | Чш, 18 Сентябр 2019 | 17:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дуввумин ҷашнвораи байналмилалии фарҳанг ва сайёҳӣ «Боми ҷаҳон»

26- 28 июли соли 2019 дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ Дуввумин ҷашнвораи байналмилалии фарҳанг ва сайёҳӣ таҳти унвони «Боми ҷаҳон» баргузор мегардад.

Дар ҷашнвора, ки бо иштироки меҳмонон аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, ИМА, Латвия, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, инчунин вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе сурат мегирад, баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дарсҳои сайқали маҳорат, намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ дар назар аст. 

Ташкилкунандаи асосии ҷашнвора ИҶ «Амеша Спента» буда, ҳомии асосӣ Дафтари Шветсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чоранибӣ бо дастгирии ҳукумати ВМКБ, маркази фарҳангии «Бохтар» ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ сурат мегирад.