Сомонаи пешина | Шб, 20 Июл 2019 | 17:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» ва баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг

15 июли соли 2019 соати 800 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар нимсолаи аввали соли 2019 Озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ таҳти унвони «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» ҷамъбаст мегардад.

Озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ таҳти унвони «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» моҳҳои май–июни соли 2019 дар ду давр, яъне даври ноҳиявӣ ва вилоятӣ аз рўи ду номинатсия: «Муассисаи клубии беҳтарин» ва «Корманди беҳтарин» гузаронида шуд. 

Дар номинатсияи «Муассисаи клубии беҳтарин» 786 муассисахои клубӣ, аз ҷумла 318 қаср ва хонаи фарҳанг, 409 клуб ва 15 маркази фарҳангӣ – фароғатӣ, дар номинатсияи «Корманди беҳтарин» 250 нафар корманди муассисаҳои мазкур да даври ноҳиявӣ иштирок карданд. 

Озмуни мазкур бо мақсади рушди фаъолияти муассисаҳои клубӣ, тарғиби маҷмўи фарҳанг ва санъати миллӣ, баҳри баланд бардоштани маънавиёт, ташаккули ҳисси худшиносию ватандўстии шаҳрвандон, бо мақсади ободонӣ ва ба талаботи замони муосир мувофиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи кори муассисаҳои клубӣ, ҷалби ҳарчи бештари мардуми кишвар ба тадбирҳои фарҳангӣ – оммавӣ мусоидат мекунад.

Мақсади озмуни мазкур, қабл аз ҳама баланд бардоштани мақому манзалати муассисаҳои клубӣ дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати чорабиниҳои фарҳангӣ дар шароити нави иҷтимоӣ – фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷўҳи ҷомеа ба мушкилоти соҳаи фарҳанг ва ба ин васила фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон дар муассисаҳои клубӣ мебошад.

Иштирокчиёни беҳтарин аз ҷониби Кумитаи тадорукоти Озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ таҳти унвони «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» бо диплом, сипоснома, мукофотҳои пулӣ, инчунин, бо нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.