Сомонаи пешина | Пш, 17 Октябр 2019 | 16:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳисоботи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2019

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии кишвар ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ фаъолияти худро тибқи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии кишвар, амалисозии дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироъа гардиданд, ба роҳ монда, барои истиқболи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон доир ба иҷрои вазифаҳои сол ва таҷлили ҷашнҳои муҳими милливу таърихӣ корҳои муайянро анҷом дод.

I.ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАҲОИ САНЪАТ ВА НАМОИШҲОИ ТЕАТРИЮ КОНСЕРТӢ

Таҳти сарпарастии раёсати санъат фаъолияти муассисаҳои театрию консертии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон равона гардида, ҷашнҳои 26 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди Модарон, Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Норак, Душанбе ва дигар барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба ташрифи меҳмонони олимақом дар сатҳи баланд доир гардиданд. 
Яке аз рўйдодҳои муҳими фарҳангӣ муаррифии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 таъсис ёфта буд, 15 марти соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо иштироки Пешвои миллат, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва аҳли зиёи кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроия густариш ёфта, бо мақсади пур кардани фазои фарҳангӣ ва бобати дар сатҳи баланди эҷодиву ташкилӣ таҷлил кардани Иди байналмилалии Наврўз тибқи Нақшаи чорабиниҳо рўзҳои 21, 22, 23, 24 ва 25 март дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ, Устод Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Боғи Ирам, боғи ба номи А.Мироненко ва Майдони 800-солагии Москва дар ҳамоҳангӣ бо мақомотҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо ҷалби гурўҳҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ ва таълимӣ 20 барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ таҳия ва пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуданд.
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 март дар хиёбони Рўдакии шаҳри Норак, 21 март дар майдони Дўстии шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии “Шодиёнаи наврўзӣ” (карнавал) ва шоми 22 март дар муассисаи давлатии “Наврўзгоҳ”-и пойтахт намоиши пуршукўҳи театрикунонидашуда бо иштироки меҳмонону шаҳрвандон ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе бо пешниҳоди барномаҳои рангину хотирмон ва истифодаи техникаи муосир баҳри бошукўҳу хотирмон таҷлил намудани Наврўзи байналмилалӣ баргузор гардиданд.
Аз 15 то 22 апрел дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту- 2019» бахшида 80 – солагии Ҳунарпешаи халқии ТоҷикистонМаҳмудҷон Воҳидов баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш 18 театри касбӣ ширкат варзида, намоишҳои беҳтарини тайи ду соли охир таҳиякардаи худро ба қазовати мухлисони сершумор ва ҳайати ҳакамони ҷашнвора пешниҳод намуданд.
Дар кори Фестивал-озмун мунаққидон аз Федератсияи Россия ба ҳайси аъзои ҳакамон шомил буданд.
Дар ҷараёни баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ- «Парасту-2019» ду мизи мудаввар бо иштироки коршиносони соҳа дар мавзўи «Маҳмудҷон Воҳидов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик» ва “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” доир гаштанд, ки дар кори онҳо проблемаҳои рушди драматургияи тоҷик, тақвият бахшидан ба мактаби режиссураи театрӣ, сайқал додани маҳорат ва малакаи ҳунармандон, таҳким бахшидани базаи моддӣ-техникии муассисаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ барои намоиши «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода дар таҳияи Султон Усмонов сазовори“Шоҳҷоиза”-и Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту - 2019» гардид. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барои операи Амирбек Мусоев – “Хусрав ва Ширин”, либреттои Гулназар Келдӣ дар таҳияи Шавкат Холов ва Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Т. Фозиловаи шаҳри Конибодом барои намоиши “Қорӣ Ишкамба” аз рўи асари Садриддин Айнӣ дар таҳияи Музаффар Муҳиддин сазовори ҷои якум гардида, Театри давлатии русии ба номи Вл. Маяковский барои намоиши “Тартюф”-и Жан Батист Молйер дар таҳияи Баҳодур Миралибеков ва Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов барои намоиши “Вақте ки кўҳҳо сукут мекунанд”-и Чингиз Айтматов дар таҳияи Нозим Меликов сазовори ҷои дуюм ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барои намоиши “Карим Девона”-и Турахон Аҳмадхонов дар таҳияи Қурбонмуҳаммад Шукуров сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Дар баргузории ҷаласаи 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) буд, ки 14-15 июни соли 2019 бо иштироки роҳбарони 27 кишвари дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, 8 барномаҳои фарҳангӣ барои иштирокчиёни ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ дар сатҳи баланди ғоявию бадеӣ таҳия ва баргузор карда шуданд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 22-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ тадбирҳои муҳим роҳандозӣ гашта, тибқи Нақшаи чорабиниҳо аз 23 то 26 июни соли 2019 дар ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор аз ҷониби ҳайатҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ пешниҳоди сокинони ин навоҳии дурдаст гардида шуданд. Ҳамчунин, дар доираи таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе ва дар пояи шаршараи Наврўзгоҳ чорабиниҳои фарҳангӣ бо ҷалби ҳунарпешагону гурўҳҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ бо шукўҳ ва дар руҳияи идона баргузор шуданд.
Тантанаҳои асосии ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ рўзи 26 июни соли 2019 дар Варзишгоҳи ноҳияи Рашт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонону аҳли ҷамоатчигии кишвар барномаи фарҳангӣ, бо ширкати чеҳраҳои нави санъаткорони кишвар, гурўҳҳои ҳунарӣ ва ҳунарпешагони муассисаҳои консертии пойтахт ва вилоятҳо бо суруду оҳангҳои тозаэҷоди тараннумгари Ваҳдату Истиқлол доир гардид.
Муассисаҳои театрӣ.
Ҳайати ҳунарии театрҳои касбии кишвар дар баргузории ҷашни Рўзи Модар ва Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Душанбе, Норак, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2019” бахшида ба 80-солагии М.Воҳидов, таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ фаъолона иштирок намуда, баҳри пуршукўҳ ва дар сатҳи баланди эҷодиву бадеӣ доир гардидани ин чорабиниҳо саҳми назаррас гузоштанд.
Ҳайати эҷодии Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ба намоиши нав аз рўи асари С.Улуғзода “Фирдавсӣ” дар таҳияи С.Усмонов соҳиби шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2019” гардид. Ҳайати эҷодии муассиса 139 намоишро барои 20 812 тамошобин пешкаш гардонида, нақшаи молиявии муассиса дар ин давра пурра иҷро гардидааст.
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барои дўстдорони санъати касбӣ намоиши бачагонаи “Зебосанам ва девсиришт”-ро дар таҳияи С.Усмонов ва нахустнамоиши операи “Хусрав ва Ширин”-и А.Мусоев бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайати эҷодии театр пешниҳод намуд, ки дар чанд соли охир падидаи фараҳбахш маҳсуб меёбад ва он сазовори ҷои якуми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2019” гардид.
Аҳли ҳунари театр дар барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди байналмилалии Наврўз, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), рўзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт фаъолона ширкат намуданд.
Театр дар давоми шаш моҳ 71 намоиш ва барномаҳои ҳунариро манзури 12 230 нафар тамошобинон гардонида, нақшаи молиявиро 102% иҷро намуд.
Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов намоишҳои тозаэҷодро аз рўи асари Шодӣ Солеҳ - «Шер омад», дар таҳияи Ҷ.Пўлод, “Бозгашти Маугли” – и Р.Киплинг ва “Вақте, ки кўҳҳо сукут мекунанд”-и Ч.Айтматов саҳнавӣ намуд.
Дар ин давра муассиса 106 намоишро барои 18387 тамошобин ба маблағи 118 725 сомонӣ, ки 68,2% нақшаро ташкил медиҳад, пешниҳод намуд.
Ҳайати эҷодии Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский дар ин давра намоиши навро аз рўи асари Ҳ. Ҳ. Ниёзӣ «Найрангҳои Майсара» дар таҳияи Х. Мустафоев саҳнавӣ гардонид.
Ҳайати эҷодии муассиса дар ин давра ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари ҳунарӣ анҷом дод.
Дар маҷмўъ театр 139 намоишномаро ба 13 024 нафар шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳри Душанбе манзур намуда, нақшаи молиявиро 53, 4 % иҷро намуд.
Кормандони Театри давлатии лўхтаки шаҳри Душанбе дар давоми шашмоҳа намоиши «Достони Рустам»-и А.Фирдавсиро дар таҳияи Ғ.Ҳамроев ба саҳна гузоштанд.
Дар ин давра ҳайати эҷодии театр ба вилоятҳои Хатлон ва Суғд сафари ҳунарӣ намуд.
Театр 101 намоишро ба 13 296 нафар мухлисони хурдсол пешкаш намуда, нақшаи молиявиро 63,4% иҷро намуд.
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов намоиши нави «Шоҳзодаи хурдакак»-и А.Сент-Экзюпери дар таҳияи С.Қосимова, Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ - драмавии ноҳияи Данғара дар ин давра намоишро аз рўи асари А.Қодирӣ «Аз ноумедиҳо басо умед аст» дар таҳияи Қ.Давлатов ва асари Ҷ.Қуддус “Марги сафед” дар таҳияи Т.Раҷабов, “Баҳори Фаронса”-и Т.Маҳмадризоев, Театри мусиқӣ –мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонов намоишномаи “Карим девона”-и Т.Аҳмадхонов, Театри мусиқӣ -драмавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ асари Ҷ.Қуддус “Чароғаки сеҳрноки Аловуддин” ва “Ҳамлет”-и У.Шекспир дар таҳияи У.Хисравов, Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд асари “Буратино дар шаҳри Зумуррад” дар таҳияи С.Шехов, Театри тамошобини навраси ба номи О.Назарови шаҳри Хуҷанд намоишномаи нави “Хубони эрка”-и Я.Мирсаков, “Пораи дили модар”-и Ҳ.Шариф ва “Харгўшаки ҷасур”-и Г.Веберро дар таҳияи Э.Ҳомидов, Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бўстон намоишномаи “Тақдир”-и Н.Шарипов дар таҳияи Р.Раҳматуллоева, Театри давлатии лўхтаки шаҳри Бўстон намоишномаи “Зумрат ва Қимат”-и Н.Маҳкамова дар таҳияи Ф.Хоҷаев, Театри давлатии драмавии ўзбекии ба номи Ш.Бурҳонови ноҳияи Спитамен намоишномаи нави “Ҷоруби аҷуза”-и У.Усмонов дар таҳияи Т.Маликов, Театри давлатии мусиқӣ -драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом намоиши “Роҳзан”-и М. Музаффарро рўи саҳна оварданд.
Ҳайатҳои ҳунарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев дар давраи ҳисоботӣ дар чорабиниҳо бахшида ба ҷашни “Сада”, 26-солагии Артиши Миллӣ, Иди Модарон, Ҷашни байналмилалии Наврўз иштирок намуда, ба ноҳияҳои Панҷакет, Айнӣ, Зафаробод, Фархор, Файзобод ва шаҳрҳои Бохтар, Турсунзода, Ҳисор ва ғайра сафарҳои ҳунарӣ намуданд. Гурўҳҳо ва ансамблҳои муассиса 71 оҳанг ва суруду рақсҳо эҷод намуда, 8 шаби эҷодии ҳунарпешагонро баргузор карданд.
Иттиҳодияи давлатии гурўҳҳои эҷодию консертӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон бо ширкати ҳамаи гурўҳҳои ҳунарӣ дар 69 чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ташрифи меҳмонони олиқадр фаъолона иштирок намуда, нақшаи молиявии худро иҷро намуд.
Дар ин давра ансамблҳои муассиса- ансамбли рақсии “Ҷаҳоноро” ва ҳунарпешагони оркестри эстрадии “Гулшан” ба Аморати Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Корея сафари ҳунарӣ намуданд. Дастоварди муассиса дар ин давра сазовор гардидани Ансамбли кўдаконаи рақсии “Зебо” ба ҷоизаи фестивали байналмилалии рақсии қудакона дар Ҷумҳурии Туркия маҳсуб меёбад.
Боиси зикри хос аст, ки бо ибтикори муассиса 22 июни соли 2019 бахшида ба 55-солагии фаъолияти оркестри эстрадии “Гулшан” дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев бо ҷалби ситорагони санъати эстрада- Махфират Ҳамроқулова, Умар Зиёев, Раҳима Шалоэр, Исматулло Холиқов, Баҳодур Неъматов, Тамара Катаева, Татьяна Барило, Маҳбуба Боҳирова ва ҳунарпешагони ҷавон барномаи ҷолиби консертӣ ташкил ва баргузор гардид.
Ҳайати ҳунарии муассиса ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, 10 суруд ва 6 рақс эҷод карданд, ки дар барномаҳои консертӣ иҷро шуданд.
Кормандони Муассисаи давлатии сафарию хунарии «Базморо» дар ташкил ва баргузории барномаи консертӣ бахшида ба 26-солагии Артиши миллӣ, Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳри Душанбе, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2019” 25-солагии Қушўнҳои сарҳадии КДАМ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Рўзи Ваҳдати миллӣ ва дар 12 чорабиниҳо бахшида ба ташрифи меҳмонони олиқадр фаъолона иштирок намуд.
Муассиса тибқи вазифаҳои низомномавии худ дар ин давра сафарҳои ҳунариро ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Аморати Муттаҳидаи Араб, шаҳри Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон, дар ҳамкорӣ бо ширкати “Ал-Роян” – и давлати Қатар 10 барномаи консертиро бо иштироки ансамбли рақсии “Падида” ва гурўҳи мутрибон дар шаҳри Доха, намоиши аксҳо дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ташкил ва баргузор намуд.
Бо иқдоми муассиса бахшида ба таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ 10-18 августи соли равон силсилабарномаҳои консертии ансамбли фолклории “Помир”дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Истаравшан ташкил карда шуд.
Муассиса як ҷо бо филиалу намояндагиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, А.Ҷомӣ, Фархор, Зафаробод силсила барномаҳои фарҳангиро ташкил ва баргузор намуд.
Ҳайати ҳунарии Ансамбли «Сомон» дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва барномаҳои нақшавӣ иштирок намуда, дар ин давра 9 асари нави мусиқиро эҷод ва пешниҳоди мардум карданд.
Тибқи нақша дар доираи таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ ҳайати ҳунарии муассиса дар ноҳияи Лахш бо барномаи идона баромад намуданд.
Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода баҳри дар сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронидани ҷашнҳои 26-солагии Рўзи Артиши миллӣ, Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳри Душанбе, Машварти ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Рўзи Ваҳдати миллӣ ва дигар чорабиниҳо бо 9 рақс ва 10 суруду оҳанги нав баромад намуданд. Ансамбл дар Фестивали байналмилалии мероси Шориқа, ки аз 1 апрел то 13 апрели соли 2019 дар шаҳри Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, санъату ҳунари миллии тоҷикиро муаррифӣ намуд.
Ҳайати эҷодии Сирки давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли ҷорӣ бо намоиши“Шоу барномаи солинавии сиркӣ”оғоз намуда, пешниҳоди ҳаводорони санъати сиркӣ намуд.
Тибқи қарордод бо мақсади тавсеаи робитаҳо аз 15 март то 7 апрели соли 2019 Сирки Федератсияи Россия бо барномаи “Сирки калони илюзион” даъват гардид, ки аз ҷониби тамошобинон гарму ҷўшон пазируфта шуд.
Ҳунарпешагони муассиса дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Душанбе ва Норак ва дигар чорабиниҳо ширкат намуда, ба ноҳияи Шаҳринав ва шаҳрҳои Роғун, Турсунзода ва Норак сафарҳои ҳунарӣ намуданд.
Маркази эҷодии «Илҳом», ки таҳияи барномаҳои театришудаи фарҳангӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз дар Муассисаи давлатии “Наврўзгоҳ”-и шаҳрҳои Душанбеву Норак ва Рўзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Раштро ба зимма дошт дар сатҳи баланди эҷодиву касбӣ доир намуд. Айни замон, ҳайати эҷодии муассиса барои таҳияи барномаи театришуда бахшида ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омодагӣ дида истодааст. Муассиса нақшаи молиявиро 150% иҷро намуд.
Дар маҷмўъ, муассисаҳои театрию консертии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нимсолаи якуми соли 2019-ро бо нишондодҳои хуб ҷамъбаст намуданд.
Дар театрҳои касбии кишвар 22 асари нав саҳнавӣ гардид. Аз ин шумора, дар театрҳои пойтахт 8 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 14 намоиш рўи саҳна омад. Аз 22 асари наве, ки рўи саҳна омаданд, 11 асари драматургони тоҷик ва 11 асари муаллифони хориҷӣ мебошанд.
Зимнан бояд тазаккур дод, ки аксарияти театрҳои ҷумҳурӣ репертуари тасдиқгардидаро риоя намекунанд ва даст ба таҳияи намоишҳое мезананд, ки аз лиҳози мавзўю мундариҷа ба талаботҳои рўз, касбият ва завқи тамошобини имрўз ҷавобгў нестанд. Бинобар ин, зарур аст, ки роҳбарони театрҳо дар ин самт чора андешида, муқаррароти репертуари солонаро пурра таъмин намоянд. Дар сурати зарурати истеҳсолӣ бояд ба вазорат расман муроҷиат намуда, пас аз гирифтани ризоият иваз намудани ин ё он намоишномаро мавриди корбарӣ қарор диҳанд.
Дар баробари ин дар театрҳои музофотӣ бе мувофиқа бо Вазорати фарҳанг директорон ва саркоргардонҳо аз ҷониби мақомотҳо ҳокимияти давлатии вилоятҳо таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, ки ин раванд ба фазои эҷодии муассисаҳо таъсири манфӣ расонида истодааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2019 муассисаҳои консертӣ дар тамоми чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, пазироии меҳмонони олиқадр фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар доираи таҷлили 26-уми солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди Модарон, таҷлили Иди байналмилалии Наврўз дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе, Рўзи пойтахт, Рўзи “Шашмақом”, 25-солагии Қушунҳои сарҳадии КДАМ, Машварти ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Рўзи Ваҳдати миллӣ, вазорату идораҳо, пазироии меҳмонони олиқадр чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардиданд, ки дар маҷмўъ 87 чорабиниро ташкил медиҳанд, ки ҳамагӣ ройгон буданд.
Бинобар ҳамасола афзудани теъдоди чорабиниҳои фарҳангии ройгон бо ҷалби ҳайатҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ ва ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ аз буҷа ба фарсудашавии базаи моддию техникии муассисаҳо, паст рафтани сатҳу сифати барномаҳо, мақому манзалати ҳунарпешагон ва халалдор гардидани фазои эҷодӣ оварда расонида истодааст. Ин тамоюл боиси он гардидааст, ки истеъдодҳои ҷавон хоҳиши дар муассисаҳои консертӣ фаъолият намуданро надоранд.
Вазъи имрўзаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев, ҳамчун базаи асоси санъати касбии кишвар ба талаботу меъёрҳои замони муосир ҷавобгў набуда, ислоҳоти куллиро дар ҷодаи эҷодӣ, маъмурӣ ва фанниву кадрӣ тақозо мекунад. Фаъолияти минбаъдаи ансамбли “Сомон” низ таҷдиди ҷиддиро мехоҳад. То ҳол ҷо ба ҷо нагардидани ҳайати ҳунарии Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода боиси он шуд, ки фаъолияти эҷодӣ ва молиявии муассиса ба маротиб коста гардад.
Фаъолияти муассисаҳои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ Муассисаи давлатии сафарию хунарии «Базморо», Иттиҳодияи давлатии гурўҳҳои эҷодию консертӣ, Маркази эҷодии “Илҳом”нимсолаи якумро бо нишондодҳои хуби молиявӣ ҷамъбаст намуданд.

II. ФАЪОЛИЯТ ДАР РУШДИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Фаъолияти раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, раёсату шуъба ва бахшҳои фарҳанг низ дар ин давра такмил ёфт. Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019–2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тибқи нақшаи вазорат дар ҳамаи зинаҳо чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, конфронсу фестивалҳо, мулоқоту вохўриҳо ва дигар тадбирҳо амалӣ гашта истодаанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 7317 чорабиниҳои гуногун доир гардиданд, ки ҳадафи онҳо ғанӣ гардондани фазои фарҳангии кишвар, рушди устувори деҳот ва ҳунарҳои бадеии халқӣ, ҷалби сайёҳон ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва ба ин васила тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги волои халқи тоҷик мебошад.
Тибқи нишондоди банди 14 Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02.2016, №53) дар саросари мамлакат аз 2 то 9 апрели соли ҷорӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас” бобати баланд бардоштани қадру манзалати китоб дар ҷомеа, ҷалби кўдакону наврасон ба хониш ва ғанӣ гардонидани фазои фарҳангии кишвар ва даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№АП-1165 аз 09.02. 2019) миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Ҷиҳати баргузории фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ аз маблағҳои чорабиниҳои марказонидашудаи Вазорати фарҳанг ҷудо гардида, аз ҷониби гурўҳи корӣ дастури таълимӣ–методии «Кашшофи падидаҳои наврас» таҳия ва бо теъдоди 170 адад нашр кара шуд.
Дар рўзҳои баргузории фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» ба миқдори зиёда аз панҷоҳу панҷ ҳазор (55 000) нусха китоб ба намоиш гузошта шуд ва зиёда аз шаст ҳазору панҷсад (60500) нафар хонанда ба китобхонаҳо ташриф оварданд.
Қобили зикр аст, ки рўзҳои 27 - 28 феврали соли равон семинари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар мавзўи «Китоб равшангари дилҳо» дар доираи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони “Кашшофи падидаҳои наврас” ва рўзҳои 2-3 май дар Китобхонаи давлатии патентию техникӣ Конфронси ҷумҳуриявии “Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа” баргузор гардид, ки дар доираи он семинар – машварати омўзишӣ оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» сурат гирифт. Дар семинар масъули Вазорати фарҳанг аз кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар даъват ба амал овард, ки номгўйи адабиёти дар озмун пешбинишударо ба шакли фитта сабт намуда, дастраси ҳамагон гардонанд. Инчунин, дар рафти семинар ба китобдорон тавсия дода шуд, ки бо сохторҳои дахлдори маҳаллӣ ва муассисаҳои таълимӣ ҳамкории зич дошта бошанд.
Тибқи Қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №1/5 аз 09.01.2019 моҳҳои март - майи соли ҷорӣ Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони “Дунёи саодат” дар ду давр баргузор гардида, даври аввали фестивали мазкур бо иштироки 51 ансамблҳои оилавӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз моҳи март оғоз ёфта, нимаи якуми моҳи апрели соли ҷорӣ ҷамъбаст гардид.
Бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ таҳти унвони «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» (қарори Маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.01.2019, № 1/6) дар ду давр моҳҳои апрел - июни соли 2019 доир гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» (фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.05.2019, №75) аз 18 май то 30 июли соли 2019, озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» (фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.06.2019, №95) моҳҳои июн - сентябри соли 2019 дар миқёси ҷумҳурӣ доир гардида истодааст.
Тантанаҳои идонаи наврўзӣ ва мавриди истифода қарор додани як қатор иншооти фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бўстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтанд.
Аҳли фарҳангу ҳунари вилояти Хатлон дар ин муддат ҷашну идҳои “Сада”, “Рўзи башардўстон”, “Рўзи Артиши миллӣ”, “Рўзи Модар” ва “Наврўзи байналмилалӣ”–ро дар шаҳру ноҳияҳо ва маркази вилоят доир намуданд, ки дар онҳо 79547 нафар иштирок намуданд. Санъаткорони бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо ин ҷашнҳоро дар қисмҳои ҳарбӣ барпо намуда, 60 000 нафар иштирокчиро фаро гирифтанд. Дар маҷмўъ муассисаҳои фарҳанги вилоят ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дар ин давра 2254 чорабинӣ ва Фестивал–озмунҳоро бо фарогирии 285689 нафар иштирокчӣ доир намуданд.
Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба ифтихори ҷашну санаҳои таърихию фарҳангӣ чорабиниҳои гуногуни илмию маърифатӣ ва фарҳангию фароғатӣ доир гардиданд.
Шуъбаи фарҳанги шаҳри Ваҳдат тибқи нақша–чорабиниҳо то ин давра дар ҳамбастагии тамоми муассисаҳои фарҳангии шаҳр 274 адад вохўрию мулоқотҳо, конференсия, шабҳои саволу ҷавоб, маҳфилҳои адабӣ, озмуну викторинаҳо, фестивалҳои сатҳи минтақавию ҷумҳуриявӣ доир намуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 16 адад зиёд буда, дар тамоми ин чорабиниҳои фарҳангӣ беш аз 150 000 нафар шаҳрвандон ширкат варзиданд, ки дар қиёс ба соли гузашта 30 000 нафар зиёд мебошад.
Бахшида ба Рўзи байналмилалии осорхонаҳо дар осорхонаи навтаъсиси “Курушкада”–и ноҳияи Спитамен ва Қасри маданияти Арбоб конференсияҳои илмӣ ва сайри осорхона таҳти унвони “Дар суҳбати қарнҳо” ва «Ёдгориҳо бозгўи таъриху тамаддун» бо иштироки нозирони ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, директорони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ва олимону устодони донишгоҳҳои олӣ баргузор гардиданд.
Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик таҳия гардида, дар сомонаҳои Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Вазорати фарҳанг ва Пажўҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот ҷой дода шуда, аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Адиб» бо теъдоди 200 нусха чоп гардид, ки ба он наздики 300 номгуйи намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ворид карда шудаанд. Таҳия ва тартиб додани Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ яке аз қадамҳои устувори ҳимоят, таблиғ ва густариши намунаҳои фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, феҳрист бояд дар ҳар 2 сол як бор таҷдид шавад. Дар ин радиф, ҷамъоварии мавод тибқи шиносномаи «Ҳунар» ва «Ҳунарманд» барои такмили Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик ва бонки электронии иттилоотӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ идома дорад, ки дар он беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои бадеии халқии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аксбардорӣ ва сабти аудио-видеоӣ карда шуда, рўйхати намояндагони ҳунарҳои бадеии халқӣ, картотекаи ҳунарҳои созтарошӣ, заргарӣ, гулдўзӣ, оҳангарӣ, дуредгарӣ, чакандўзӣ ва ғайра тартиб дода шудааст.
Доир ба беҳбудии фаъолияти китобдорӣ низ чораҳои амалӣ андешида шуданд.
Муассисаи давлатии “Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар” 920 адад чорабиниҳоро доир намуда, дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т.Асирӣ давоми нимсолаи аввали соли равон 628 чорабиниҳои мухталиф, аз қабили 128 намоиши китобию матбуотӣ, 65 вохўрӣ, 128 суҳбат, 24 маҳфили дўстдорони китоб, 19 муаррифии китоб, 35 маҳфил, 12 лавҳа, 128 хулосаи китобшиносӣ, 35 рўйхати тавсиявӣ, 52 гўшаи тарғиботӣ бо иштироки 35 ҳазору 836 нафар доир гардид, ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ” то имрўз беш аз 300 нафар довталаб ба қайд гирифта шудааст. Дар китобхонаи мазкур 165 ҳазор маводҳо дар шакли электронӣ мавҷуд буда, аз он миқдор 35 ҳазорашро китобҳо ташкил медиҳад.
Тибқи қарори раиси вилояти Суғд аз 27 феврали соли 2019, №85 озмуни вилоятии “Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2019” эълон гардида, даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳо аз 10 апрел то 10 июли соли 2019 ташкил ва баргузор гардида истодааст.
Дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ давоми нимсолаи аввали соли равон 73 чорабиниҳои мухталиф аз қабили 8 вохўрӣ, 7 суҳбат, 9 маҳфилҳо, 5 намоиши китобӣ, 5 субҳи адабӣ, 1 конфронс, 1 семинар, 5 лавҳа, 6 маҷаллаи шифоҳӣ, 10 хулосаи китобшиносӣ, 1 баргакҳои мавзўӣ, 9 саёҳат (экскурсия), озмуни “Шукўҳихонӣ”, маҳфили “Камолхонӣ”, маҳфили “Шукўҳихонӣ” ва библиомарафон бо иштироки 3461 нафар доир гардиданд.
Дар китобхонаҳои вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботӣ конференсияи хонандагон, намоиши китобӣ, суҳбату вохўриҳо, қироати шеър, хониши баланд, субҳи адабӣ, семинарҳои омўзишӣ, озмунҳо ва мизҳои мудаввар бахшида ба ҷашну идҳо, зодрўзи адибон, тарғиби Паёми Пешвои миллат ва иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1931 адад чорабинӣ бо иштироки 106590 нафар доир карда шуданд.
Санаи 8 феврал аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин ба маблағи 22165 сомонӣ 6253 нусха китоб, ки аз ин шумора 403 нусха ба маблағи 4962 сомонӣ китобҳои дарсӣ ва 5850 нусха адабиёти бадеӣ ва бачагона ба маблағи 17203 сомонӣ мебошанд, ворид гардид.
Дар ин давра ба хазинаи китобии китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кўлоб аз ҳисоби муаллифон ва шаҳрвандон 126 нусха китоб ба маблағи 708 сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои нақдӣ 8 нусха ба маблағи 300 сомонӣ, аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм 930 нусха ба маблағи 5362 сомонӣ, дар маҷмўъ 1064 нусха ба маблағи 6370 сомонӣ, ба китобхонаи марказии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Бохтар 90 нусха ба маблағи 1990 сомонӣ, ба ноҳияи Хуросон 35 нусха ба маблағи 705 сомонӣ аз ҳисоби кормандон ва 191 нусха ба маблағи 2600 сомонӣ китобҳои тозанашр харидорӣ гардиданд.
Аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонаҳои марказии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Бохтар 100 нусха, ба ноҳияи Шаҳритуз 200 нусха ва ба ноҳияи Носири Хусрав 16 нусха, китобхонаи навбунёди деҳаи Шаршараи ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар китобҳои тозанашр ройгон дода шуданд.
Аз тарафи китобхонаҳои марказонидашуда дар 5 дидбонгоҳҳои шаҳри Турсунзода нуқтаҳои сайри китоб ташкил карда шудаанд, ки ҳар моҳ бо китобҳои гуногунсоҳа таъмин карда мешаванд ва гардиши нуқтаи китобӣ давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ 630 нусхаро ташкил медиҳад.
Масъулини китобхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ва 46 филиалҳои он фаъолияти худро хеле хуб ба роҳ монда, конференсияҳои адабиро таҳти унвони «Мо посбони Ватанем» бо ҷалби беш аз 340 нафар фаъолони китобхонаҳо, вохўрӣ бо наваскарон таҳти унвони «Шараф ба Артиши миллӣ!», маҳфили адабӣ ва вохўрӣ бо занони пешқадам таҳти унвони «Чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт», конференсияи илмию таҳлилӣ таҳти унвони «Фархунда бод Наврўз!» ва семинарҳои доимоамалкунанда дар филиалҳои китобхонаҳои деҳот доир намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии хонандагони китобхонаҳои шаҳр 9984 нафарро ташкил дода, китобдиҳӣ 43489 буда, фонди умумии китобҳо 179796 адад, гардиши фонди китобӣ 1,1 маротибаро ташкил намуд.
Дар маҷмўъ дар ҷумҳурӣ 6 035 китобхона фаъолият мекунанд. Аз ҷумла 1 Китобхонаи миллӣ, 1 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ, 7 китобхонаи вилоятӣ, 65 китобхонаи марказӣ, 1 208 китобхона – филиал, 72 китобхонаи бачагонаи шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳотӣ, 4 582 китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ва 99 китобхона дар вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо фаъолият доранд.
Фонди умумии китобхонаҳо дар маҷмўъ 17 478 432 нусхаро дарбар гирифта, аз ин шумора 3 206 228 нусха дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, 108 061 нусха дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи Мирсаид Миршакар, 8 272 608 нусха дар китобхонаҳои давлатӣ – оммавии шуъба ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, 5 891 535 нусха дар китобхонаҳои вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳои таълимӣ, маҳфуз мебошад.
Мазмуну мундариҷаи чорабиниҳои фарҳангӣ дар қаср ва хонаҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ҳисор, Роғун, Ваҳдат, Сангвор, Тоҷикобод, Варзоб Ашт, Ҷаббор Расулов, Кўҳистони Мастчоҳ, Ишкошим, Темурмалик, Муъминобод, Ховалинг, Бохтар, Хуросон, Рўшон, Ванҷ, Дарвоз сифатан хеле беҳтар гардид.
Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои фарҳанги ноҳияҳои Мастчоҳ, Шаҳринав, Нуробод ва Данғара идома дошта, сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ ба анҷом расонида шуд.
Моҳи марти соли равон дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен Қасри фарҳанг бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.
Фаъолияти осорхонаҳо низ такмил ёфта, фонди осорхонаҳои ҷумҳуриро 337436 адад экспонат ташкил медиҳад, ки аз ин 45000 адад дар фонди осорхонаи миллии Тоҷикистон, 125418 адад дар фонди осорхонаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг, 44340 адад дар осорхонаҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, 48132 адад дар осорхонаҳои вилояти Суғд, 37383 адад дар осорхонаҳои вилояти Хатлон, 14801 адад дар осорхонаҳои ВМКБ, 22362 адад дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маҳфуз аст.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ба Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ”–и шаҳри Панҷакент 1341 нафар тамошобинон, аз ҷумла 106 нафар ройгон ташриф оварданд, ки аз ин шумора 45 нафар меҳмонони хориҷӣ мебошанд. Дар ин давра кормандони илмии осорхона зиёда аз 40 сайрҳои илмӣ гузарониданд. Меҳмонони хориҷӣ аз мамлакатҳои Япония, Олмон, Корея, Эрон, Англия ва ғайра пас аз боздид ҷиҳати сатҳи касбии экспозитсионӣ ва ороишӣ, дизайни толорҳо ва хизматрасонии кормандон дар китоби қайди таассуроту хотирот изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ҳудуди вилояти Суғд 1 Осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 1 “Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров”, 1 Осорхонаи таърихии вилоят, 9 осорхонаи таърихӣ- кишваршиносӣ фаъолият менамоянд. Ҳамчунин, 4 осорхонаҳои шахсӣ дар шаҳри Исфара ва 6 Хона-осорхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият доранд.
Дар Фонди осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 48304 адад нигораҳо мавҷуд буда, аз осорхонаҳо 34 200 нафар тамошобинон дидан намуданд. Дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшида ба рўзҳои ҷашн мунтазам вохўриву сўҳбатҳо, конфронсҳо, намоишҳо гузаронида шуданд.
18 апрел аз ҷониби кормандони раёсати фарҳанг ва Осорхонаи таърихии вилоятӣ дар Муассисаи давлатии вилоятии «Қасри маданияти Арбоб» бо иштироки нозирони ҳифзи ёдгориҳо, сарварони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, олимон, таърихшиносон конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ёдгориҳо бозгўи таъриху тамаддун» ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Рўзи 18 май дар тамоми осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муносибати Рўзи байналмилалии осорхонаҳо Рўзи дарҳои кушод ташкил карда шуд.
Дар осорхонаҳои ҳудуди вилояти Хатлон 27 адад чорабинӣ бо иштироки 1560 нафар ба муносибати “Рўзи Артиши миллӣ”, “Рўзи Модар”, “Наврўзи байналмилалӣ” Фестивали ҷумҳуриявии “Чакомаи гесў” доир шуданд.
Дар вилояти Хатлон 20 адад осорхона бо теъдоди 30973 адад нигораҳо фаъолият доранд, ки аз ин 1 адад осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳияи Шаҳритуз таъмирталаб буда, осорхонаи мардумии ноҳияи Балҷувон ва осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳияи Ёвон дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.
Таҳияи “Феҳристи давлатии Фонди осорхонавии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тибқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар солҳои 2018–2019 пешбинӣ шудааст.
Дар ин замина, бо мақсади суръат бахшидан ба раванди таҳияи Феҳристи фонди осорхонаҳо, бақайдгирии ашё ва коллексияҳои осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нишондоди қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» новобаста аз шакли моликияташон анҷом дода мешавад.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор рўйхати осорхонаҳо ва фонди осорхонавие, ки дар тобеияти Вазорати фарҳанг қарор доранд, ҷамъоварӣ кардааст. Вале аксари вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо бе мувофиқаи Вазорати фарҳанг дар назди сохторҳои худ осорхона ташкил намудаанд. Барои ба танзим даровардани кори осорхонавӣ, татбиқи санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқии соҳа вазорат аз 10 феврали соли 2017, №1-03/330 ва такроран аз 21 июни соли 2017, №1-03/1579 ба унвони вазорату идораҳо бо мақсади ба рўйхат гирифтан ва таҳияи Феҳристи давлатии фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол карда буд.
Қобили зикр аст, ки яке аз сабабҳои коста будани фаъолияти осорхонаҳо ин норасоии мутахассисони касбӣ, воҳидҳои корӣ, таҷҳизоти технологияи муосири мансуб ба кори осорхона ва дигар лавозимот мебошад.

Фаъолияти театрҳои халқӣ ва ансамблҳо.

Дар театрҳои касбию халқии вилояти Хатлон 16 намоишнома бо иштироки 4575 нафар доир гардиданд.
Ансамблҳо, филармонияҳо ва театрҳои халқии вилояти Хатлон бо 57 адад чорабиниҳои гуногунмазмун 13437 нафарро фаро гирифтанд.
Моҳи апрели соли равон тамоми кормандони ансамбли «Навои Бадахшон» аз аттестатсия гузаронида шуданд. Моҳи майи соли 2019 ҳунармандон ба сафари ҳунарӣ баромада, дар ноҳияи Роштқалъа ва қисми ҳарбии №0410 барномаи консертиро пешкаши сокинони ноҳия ва аскарону афсарон гардонданд.
Дастаи ҳунарии эҷодии ҷавонон «Эҳё» бахшида ба Рўзи Артиши миллӣ ва Рўзи Модар барномаи ҷолиби консертӣ таҳия намуда, пешкаши сокинону меҳмонони шаҳри Хоруғ гардониданд. Соли равон ҳунармандони ансамбл дар озмуни ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу» дар шаҳри Душанбе баромад намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Ансамбли тарона ва рақси «Умед»–и ноҳияи Шуғнон ба сафари ҳунарӣ ба ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозов ва М. Ширинҷонов баромада, ба мардум барномаи фарҳангии ҷолиберо пешкаш намуданд.
Театри халқии ноҳияи Рўшон намоишномаи «Занони рубанда» - ро кор карда дар рўзи фарҳанги вилоят дар шаҳри Хоруғ ба тамошобинон пешкаш карданд.
Театри халқии шаҳри Ваҳдат дар ин давра бо саҳнаҳои ҷолиб аз ҳаёти аскарону афсарон, занону духтарон ва намоишномаи театрикунонида¬шуда таҳти унвони «Корвони ҳунар» баромад намуданд, ки аз тарафи ҳозирин хуб пазироӣ гардид. Ҳунармандон намоишномаи адабиро таҳти унвони «Оқибати зўроварӣ дар оила ва ҷомеа» дар таҳияи коргардон Салоҳиддин Шукуров омода намуда, дар ҷамоатҳои деҳоти Чўянгарон, Симиганҷ, шаҳраки Нўъмон Розиқ ва маркази шаҳр манзури тамошобинон гардониданд. Ансамбли тарона ва рақси «Баёзи кўҳистон»–и ноҳияи Тоҷикобод дар ин давра хуб фаъолият намуда, дар ҷамоатҳои деҳот 10 консерти идона доир намуданд.

Фаъолияти боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ.

Дар ҳудуди боғҳои фарҳангӣ–фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшида ба таҷлили ҷашнҳои фархунда чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ гузаронида шуданд.
Соли равон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт ҳар ҳафта рўзҳои истироҳат бо ҷалби муассисаҳои фарҳангӣ ва консертии тобеи вазорат, инчунин муассисаҳои таълимии касбӣ, Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, И.Сомонӣ, Шоҳмансур, шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Роғун, Файзобод, Шаҳринав, Рўдакӣ, Варзоб ва минтақаҳои Бохтару Кўлоби вилояти Хатлон 260 маротиба барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ бо намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.
Дар маҷмўъ, соли 2019 шумораи боғҳои фарҳангию фароғатӣ ба 88 адад расид, ки ин албатта аз ғамхорию таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии давлату Ҳукумати Тоҷикистон шаҳодат дода, баҳри рушди боғҳо боз ҳам тадбирҳои судманд роҳандозӣ шуда истодаанд.
Мутаассифона, новобаста аз қарорҳои қабулгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷудо намудани қитъаҳои замин ва маблағгузорӣ барои бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, он ҳанўз иҷро нагардидааст. Бо назардошти худмаблағгузор будани аксарияти кулли боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ободонии онҳо дар самти ҷудо намудани маблағҳои мақсадноки давлатӣ ва ҷалби маблағҳои сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир намекунанд. Мавриди зикр аст, ки аксари боғҳои фарҳангу фароғатии мамлакат шароитҳои мусоидро надошта, қариб 75 фоизи боғҳои фарҳангу фароғатии ҷумҳурӣ ба чархофалаку аттраксионҳои замонавӣ ниёз доранд, илова бар ин дар 90 фоизи боғҳои фарҳангу фароғатӣ ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла шаҳодатномаи техникӣ надоранд.
Бинобар истифодаи тўлонӣ қисми зиёди воситаҳои асосии техникӣ ва таҷҳизоти боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кўҳнаву фарсуда гардида, дар аксарияти ин гуна боғҳо ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла шаҳодатномаи техникӣ, сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ва дигар асноди зарурӣ вуҷуд надорад.
Вале дар ноҳияҳои Балҷувон, Дўстӣ, Хуросон, Ховалинг ва Муъминободи вилояти Хатлон, Айнӣ, Мастчоҳи Кўҳӣ, Деваштич ва Зафарободи вилояти Суғд, Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Роштқалъа ва Ишкошими ВМКБ, ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Сангвор, Нуробод, Варзоб, Шаҳринав ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт барои бунёди боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ қитъаҳои замин ҷудо карда шуда бошанд ҳам, вале корҳои ободонӣ пурра анҷом дода нашудаанд ва танҳо дар рўзҳои ҷашнӣ чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида мешавад. Дар боғҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳру ноҳияҳои мазкур ба ғайр аз дарахтони сояафкану мевадиҳанда дигар намуди арғунчаку чархофалак ва аттраксионҳои замонавӣ вуҷуд надоранд.
Сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои фарҳангӣ дар бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.
Бо қарори Раиси вилояти Суғд (№183 аз 11.05.2018) “Барномаи вилоятии сохтмон ва таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангӣ барои солҳои 2018-2020” ба тасвиб расида, тибқи нақша-чорабинии барномаи мазкур 110 муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки ба таъмиру тармим ниёз доранд, то соли 2020 пурра таъмир хоҳанд гардид.
Дар деҳаҳои Пойи Мазор ва Гузари боди ноҳияи Айнӣ аз ҳисоби соҳибкорон Миров П. ва Саидов К. биноҳои нави китобхона ба маблағи 35000 сомонӣ сохта шуда, сохтмони қасри фарҳанги “Истиқлол” ба маблағи 450000 сомонӣ, хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Бахт ва хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараба маблағи 10 миллион сомонӣ, китобхонаи деҳаи Ясии ҷамоати деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан, Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тўҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом, қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ва сохтмони театри замонавӣ дар шаҳри Хоруғ бомаром ҷараён дорад.
Корҳои таъмиру азнавсозӣ дар қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Ҳалевард ва хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо дастгирии раиси хоҷагии С.Ҷумаев Асадуллозода Холмурод оғоз гардида, сохтмони майдончаи варзишӣ дар дохили боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия ба маблағи 300000 сомонӣ ва дар деҳаи Фурузобаи ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод сохтмони китобхона аз тарафи мудири китобхона Мирзоев М. ба маблағи 20000 сомонӣ идома дорад.
Дар деҳаи Озодии меҳнати ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш сохтмони китобхонаи замонавӣ аз ҷониби китобдорон Холмирзоева Меҳрӣ ва Ташрипова Парвина ба маблағи 118000 сомонӣ оғоз шуда, аз ҷониби сокини деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ Ашўров Ф. клуби деҳа бо 200 адад курсиҳои нишаст ба маблағи 79300 сомонӣ харидорӣ ва дар маҳаллаи Кавраки деҳаи Махдумқулии ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун барои сохтмони китобхона қитъаи замин ҷудо гардидаст.
Дар ноҳияи Восеъ бинои 6 адад китобхонаҳои деҳотӣ азнавсозӣ шуда, тармиму таҷдиди 4 муассисаи клубӣ оғоз гардидааст. Ҳамчунин сохтмони бинои нави китобхона дар деҳаи Кафтархонаи ҷамоати деҳоти Х. Раҷабови ноҳия ба маблағи 22000 сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон идома дорад.
Аз ҷониби идораи асосии сохтмонии шаҳри Бохтар, ҶДММ “Нигора” ва ҶДММ “Рустам” 2862 м2 роҳравҳои боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Р. Мурчаев сафолакпўш ва дар масоҳати 1000 м2 ба маблағи 16416 сомонӣ қубурҳои обгузар гузаронида шуда, дар боғи мазкур дарахтони ороишии магнолия, ёл, сосна ба маблағи 31000 сомонӣ ва 500 бех гулҳои садбарг ба маблағи 1000 сомонӣ шинонида шуданд.
Инчунин, майдони 568 м2 майсазор гардида, сутунҳои равшанидиҳанда ба маблағи 42903 сомонӣ, ноқилҳои барқӣ 6720 сомонӣ ва 40 адад дарахтони ороишӣ ба маблағи 155000 сомонӣ шинонида шуданд.
Корҳои азнавсозӣ ва ниҳолшинонӣ дар боғи бачагонаи “Фирдавс”-и шаҳри Бохтар аз тарафи ҶДММ “Фароз” дар майдони 5000 м2 сафолакпўш гардида, 100 адад нуқтаҳои равшанидиҳанда васл гардиданд. Дар майдони 2 га замин майсазор шуда, 93 адад дарахтони ҳамешасабз, 50 каштан, 500 гули садбарг ва 3000 дона лигустра шинонида шуданд. Инчунин, дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияҳои Вахш 300м2 қубурҳои обгузар харидорӣ гардида, 1300 адад гули садбарг, 500 адад қаламчаи гул, 40 адад ниҳоли сўзанбарг, Носири Хусрав 105 адад дарахтони ҳамешасабз ва Хуросон 1997 адад гулҳои садбарг шинонида атрофи боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия дар масоҳати 40 м2 панҷарабандӣ ва барои сохтмони дарвоза, сафолакпўш намудани роҳравҳои боғ 18000 сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Ҷайҳун аз тарафи директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода 500 дона гули садбарг ба маблағи 1000 сомонӣ ва 250 адад дарахти ороишию сояафкан ба маблағи 4000 сомонӣ харидорӣ гардида, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ барои либосҳои корӣ ба кормандони боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Норак 1088 сомонӣ, курсиҳои нишаст 2500 сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорони шаҳр ба маблағи 20000 сомонӣ атраксиони замонавӣ насб карда шудааст.
Ҷиҳати ободонӣ ва бунёдкорӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 3772 адад дарахтони ҳамешасабз ва 9355 бех гулҳои гуногун шинонида, чароғҳои боғҳои мазкур пурра аз таъмир бароварда, барои сайру гашти сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Соли равон бинои нави китобхонаи марказӣ, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии “Куруш” ва қасри фарҳанг бо 600 ҷои нишаст дар ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен, қасри фарҳанг дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Б, Ғафуров ва бинои маркази ҷавонон ба номи Л. Шералӣ дар шаҳри Хуҷанд дар арафаи таҷлили ҷашни Наврўз бо иштироки Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда, бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи А.Назарови ноҳияи Спитамен ба маблағи 20000 сомонӣ панҷарабандӣ гардидааст.
Таъмири хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Деваштич ҷараён дорад.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то моҳи сентябри соли 2019 боғи фарҳангӣ–фароғатии шаҳру ноҳияҳои Кўлоб, Бохтар, Турсунзода, Зафаробод ва Ховалинг аз нав таҷдид гардида, барқароркунии боғи фарҳангӣ–фароғатии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Норак, Темурмалик ва Файзобод давоми соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Инчунин ҷиҳати бунёди боғи фарҳангӣ–фароғатӣ дар ноҳияи Айнӣ санги асос гузошта, корҳои сохтмонӣ ба роҳ монда шудааст.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кўлоб, Сарбанд, Роғун, Ваҳдат, Хуҷанд, Бўстон, Гулистон, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Истиқлол, Хоруғ, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Вахш, Хуросон, Носири Хусрав, Мастчоҳ, Қўҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Спитамен, Айнӣ, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Файзобод, Рўдакӣ, Рашт, Сангвор, Лахш, Ванҷ, Дарвоз, Шуғнон, Мурғоб, Рўшон ва Ишкошим дастгоҳи тақвияти овоз, созҳои мусиқии миллӣ, либосҳои саҳнавӣ, мебелу курсиҳои театрӣ, ҷевону рафҳои китобмонӣ, мизу курсӣ, таҷҳизоти муосири равшанидиҳанда қисман харидорӣ гардиданд.
Дар ноҳияи Балҷувон бо дастгирии Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 265706 сомонӣ дастгоҳи тақвияти овоз ва 80000 сомонӣ 111 ҷуфт либосҳои саҳнавӣ харидорӣ шуда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷиҳати харидории сару либоси саҳнавӣ, дастгоҳи тақвияти овоз, баргузории чорабиниҳо ба муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Бохтар 152 000 сомонӣ, Қубодиён 104 000 сомонӣ, Темурмалик 22 000 сомонӣ, Ёвон 35820 сомонӣ, Ҳамадонӣ 19500 сомонӣ, Ховалинг 25000 сомонӣ, Хуросон 13000 сомонӣ, Данғара 5000 сомонӣ, Восеъ 10000 сомонӣ, Муъминобод 14000 сомонӣ, Балҷувон 11000 сомонӣ, Панҷ 5000 сомонӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ 2000 сомонӣ ҷудо гардидааст.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кўлоб, Сарбанд, Роғун, Ваҳдат, Хуҷанд, Бўстон, Гулистон, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Истиқлол, Хоруғ, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Вахш, Хуросон, Носири Хусрав, Мастчоҳ, Қўҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Спитамен, Айнӣ, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Файзобод, Рўдакӣ, Рашт, Сангвор, Лахш, Ванҷ, Дарвоз, Шуғнон, Мурғоб, Рўшон, Ишкошим дастгоҳи тақвияти овоз, созҳои мусиқии миллӣ, либосҳои саҳнавӣ, мебелу курсиҳои театрӣ, ҷевону рафҳои китобмонӣ, мизу курсӣ, таҷҳизоти муосири равшанидиҳанда қисман харидорӣ гардиданд.
Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар муассисаҳои фарҳанги ВМКБ ба маблағи 5000 сомонӣ асбобҳои техникӣ компютерӣ, 2261 сомонӣ молу амвол ва 9000 сомонӣ китобҳо харидорӣ шудааст.

III. ТАБЪУ НАШР ВА МАТБУОТИ ДАВРӢ.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат ва мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, “Дар бораи табъу нашр” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ тарғибу ташвиқи сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва равандҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар ҳамаи самтҳои иттилоотонӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шуд.
Мувофиқи тартиби бақайдгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ то 01 июни соли 2019-ум дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 377 адад рўзнома, аз инҳо 112 адад давлатӣ ва 265 номгўй ғайридавлатӣ, 245 маҷалла аз инҳо 114 ададаш давлатӣ ва 131 номгўй ғайридавлатӣ, 319 матбаа аз инҳо 37 давлатӣ, 282 ғайридавлатӣ, 48 нуқтаи фурўши китоб аз ин 3 давлатӣ, 45 ғайридавлатӣ, 71 адад нашриёт аз ин 10 давлатӣ ва 61 ададаш ғайридавлатӣ, 10 Оҷонсии иттилоотӣ аз ин 1 адад давлатӣ ва 9 адад ғайридавлатӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Муассисаи нашриявии «Адиб» бо мақсади идомаи нашри силсилаи 50-ҷилдаи «Ахтарони адаб», чор ҷилди он – «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Мунтахаби осор»-и устод Садриддин Айнӣ, «Куллиёт»-и Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва «Мунтахаби ашъор»-и устод Абулқосим Лоҳутиро дар ҷараёни таҳриру таҳия қарор дода, нашри асарҳои Мирзо Турсунзода «Сайёҳи Ҳинд», Ҷалол Икромӣ «Тахти вожгун», Бозор Собир «Мунтахаби ашъор», Лоиқ Шералӣ «Дасти дуои модар», Коллектив «Субҳи Роғун» ва дигаронро ба нақша гирифт.
Ба ифтихори ҷашни фархундаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нашри маҷмўаҳои ашъор бо фарогирии тозатарин эҷодиёти адибони тоҷик дар васфу тараннуми Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои ин рўйдоди муҳими таърихӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷараёни шаш моҳи соли 2019 Муассисаи нашриявии «Адиб» ба Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» ва дигар корхонаҳову ашхоси инфиродӣ ба тариқи шартномавӣ ба маблағи 44802,45 сомонӣ ва ба тариқи нақдӣ 345871,16 сомонӣ китоб ба фурўш баровард.
Дар давраи ҳисоботӣ 243 номгўй китоб бо теъдоди 1099 нусха, ки маблағи умумиашон 30129,21 сомониро ташкил медиҳад, ба тариқи ройгон ба Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Бахши фарҳанги ноҳияи Данғара, мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 12-и ноҳияи Дарвоз, Китобхонаи ноҳияи Рашт ва дигар мақомотҳо таҳвил гардид.
Бо ташаббуси нашриёти «Адиб» аз тариқи шабакаҳои гуногуни тезевизион, радио ва дигар васоити ахбори омма, борҳо роҷеъ ба китоб ва моҳияти он дар боло бурдани сатҳи маънавиёти аҳли ҷомеаи кишвар суҳбату барномаҳо баргузор карда шуда, намоиш-фурўши доимии китобҳо ташкил гардидааст.
Дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ...» аввалин маротиба дар мамлакат лотереяи бурднок «Китоб – манбаи дониш» ташкил карда шуд, ки ҳадафи он таблиғи ҳар чӣ бештари китоб дар байни аҳолӣ мебошад. Бо ин мақсад рўзҳои шанбеи ҳар ҳафта аз 11 май то 22 июни соли равон дар Боғи ба номи устод Рўдакӣ фурўши китоб ва мулоқоти хонандагон бо адибон баргузор гардид.
Аксияи фурўши китоб таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш» бори аввал дар чунин сатҳи баланд роҳандозӣ гардид. Дар ин чорабиниҳо аз ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан, шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон низ дўстдорони китоб фаъолона ширкат варзиданд. Дўстдорони адабиёт тавонистанд дар ин чорабинии фарҳангӣ китобҳои адибони номдори кишвар Гулназар, Фарзона, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Кароматуллоҳи Мирзо, Абдулҳамид Самад, Гулрухсор, Сайидалӣ Маъмур, Низом Қосим, Алимуҳаммад Муродӣ ва дигаронро бо соядастҳои муаллифон соҳиб гарданд.
Аксияи фурўши китоб, ки ба муносибати 22-солагии Ваҳдати миллӣ баргузор шуд, рўзи 22.06.2019 ҷамъбаст гардид. Дар лотереяи бурдноки молию пулӣ баробари шоҳҷоиза (10 ҳазор сомонӣ) телефонҳои мобилӣ, телевизор, ноутбукҳо, китобу ифтихорномаҳо ба муассисаву ташкилотҳое, ки фаъолона иштирок карда, бештар китоб хариданд, шабакаҳои телевизионӣ ва радио ҷиҳати тарғибу инъикоси ҷараёни аксияи китоб бо мукофотҳои ҳавасмандкунӣ сарфароз гардонида шуданд.
Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» аз оғози сол оид ба роҳандозии ҳамкорӣ дар мавриди фурўш ва харидории китоб, мушаххассозии нуқтаҳои фурўши китоб ба раисону роҳбарони шаҳру навоҳию вилоятҳо ва ба раёсатҳову бахшҳои фарҳанг дар маҷмўъ 130 адад мактуби расмӣ ирсол намуд.
Дар нимаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи Бахши фарҳанги ноҳияҳои Хуросон, Файзобод, Гулистон, Ванҷ ва мағозаи фурўши китоби №1 аз анбори КДТС “Китоб” китобҳо ба маблағи умумии 22886 сомонию 20 дирам харидорӣ гардидааст.
Ташкили намоиш ва фурўши китобҳо, ки самти дигари фаъолияти корхона аст, бо мувофиқа бо роҳбарияти Вазорати фарҳанг роҳандозӣ мешавад. Дар ин росто корхона дар 3 чорабинии Иттифоқи нависандагон, Рўзи таъсисёбии Артиши миллӣ, дар конфронс ва тадбирҳои фарҳангии ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, оғоз ва анҷоми Ҳафтаи адабиёти кўдакон ва наврасон дар Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи М. Миршакар ва Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, дар толори Маҷлиси Олӣ, инчунин бахшида ба таҷлили Рўзи “Шашмақом” дар Хонаи радио ва Рўзи ҷавонон дар Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи А. Лоҳутӣ ва ҳамчунин бо дархости Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ дар Боғи “Ирам” бо намоиш ва фурўши китоб ширкат варзид.
Бо дастгирии роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таблиғи китобҳои тозанашр тавассути Шабакаи телевизионии “Ҷаҳоннамо” бо номи “Тозанашр” барнома таҳия гардида, ба таври муназзам омода ва пахш мешавад.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар маркази ноҳия нуқтаи фурўши китоб ташкил карда шуд. Ҳамчунин бо се соҳибкори инфиродӣ дар пойтахт шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Баъди дарёфти ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати оғози ҳамкориҳо дар самти табодули китоб бо ҶДММ “Олами китоб”-и вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъала ба миён гузошта шуда буд, ки ҳалли худро ёфт.
Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб” дар доираи Барномаи давлатии “Рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” имсол Ҳаракати фарҳангии “Корвони китоб-2019” бахшида ба 22-юмин солгарди Рўзи ваҳдати миллӣ дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ...” аз 17.06.2019 то 22.06.2019 ба ноҳияҳои минтақаи Рашт (Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш) роҳандозӣ гардид.
Имсол дар доираи барномаи давлатии мазкур 80 000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Бо ин маблағ 97 номгўй китоб бо теъдоди 1771 нусха китоб харидорӣ шуд.
Инчунин аз тарафи муассисаҳои тобеи Вазорати фарҳанги кишвар, аз ҷумла Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот 2235 нусха китоб, ҷузва, дастурҳои библиографӣ ва методӣ, аз тарафи Хонаи китоби Тоҷикистон 1000 нусха Феҳристи библиографии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои ройгон тақсим намудани китобҳо миёни китобхонаҳои навоҳии водии Рашт ҷудо гардид.
Афроди саховатпеша ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ин тадбири фарҳангӣ иқдом намуданд. Аз ин роҳ 816 нусха китобу ҷузва ба маблағи 7790 сомонӣ ба кўлвори “Корвони китоб-2019” зам шуд.
Муассисаи давлатии «Агентии миллии СБРСК дар нимсолаи аввали соли 2019 корҳои муайянро ба анҷом расонид. Нусхаҳои ҳатмии осори нашрии ҷумҳурӣ, ки тариқи нусхаҳои ҳатмии назоратӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 ба хазинаи Хонаи китоби Тоҷикистон ворид гардиданд, ба қайд гирифта шуда, қабули нусхаҳои дастраснагаштаи солҳои пешин, ки тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассиса ворид мешаванд, идома ёфт. Корҳои бақайдгирӣ, коркарди библиографӣ, муҷаҳҳазнамоии маводи воридгардида бо рақами мушаххаси нигоҳдорӣ, ҷойгирнамоии он дар бойгонӣ, инчунин, таҳияи феҳристҳои ҷорӣ ва тарҷеии анъанавӣ ва электронии маҳсулоти чопӣ, барганависӣ ба китобу ҷузваи алоҳидаи воридгардида ва ҷойгирнамоии он дар феҳристи бойгонӣ анҷом дода шуданд.
Назорат ва омўзиши фаъолияти нашриётҳо ва чопхонаҳо тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» аз 15-уми декабри соли 2011 пурзўр гардида, корҳои гирдоварӣ, интихоб, коркарди маводи тозанашр, таҳия ва нашри “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар давраи моҳҳои 1-3, 4-6, 7-9 ва 10-12-и соли 2018 ва 1-3 ва 4-6-и соли 2019 идома ётанд.
Интиқоли гузоришҳои омории соли 2018 ба “Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Палатаи китобҳои Федератсияи Россия, Маркази омории “Палатаи китобҳо” –и кишварҳои муштаракулманофеъ (Белорусия) ва Маркази омории “Палатаи китобҳо”-и Осиёи Марказӣ (Қазоқистон) давом ёфта, дар Озмуни XVI байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ (ш. Боку, Ҷумҳурии Озорбойҷон, 30.05.2019, Китобхонаи миллии Озорбойҷон) ширкат намуданд.
Лоиҳаи хурди «Созмондиҳии захоири электронии матбуоти тоҷик дар давраҳои солҳои 1924-1945 (барои солҳои 2019 – 2021)» таҳия ва пешниҳод гардид.
Инчунин феҳристи библиографӣ дар мавзўи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳия гардид.
Дар феҳристи алифбоии бойгонӣ баргаҳои беш аз 1400 нусха китоб ва 256 нусхаи фишурдаи [автореферати] дар соли 2018 воридшуда мавриди коркард ва барганависиву ҷойгирнамоӣ ба феҳристи алифбоӣ қарор доранд, ки тибқи муқаррарот дар Бойгонии матбуоти муассиса китобҳо, ҷузва ва фишурдаи рисолаҳои [автореферати] илмӣ дар қуттиҳои махсус мутобиқ ба рақамҳои мушаххас ва соли воридот ҷойгир ва ҳифзу нигоҳдорӣ мегарданд.
Ҳамкориҳо бо муассисаҳои соҳавӣ ва маҷаллаҳои илмии хориҷӣ, аз ҷумла, бо Палатаи китобҳои Россия (“Библиография” ва “Библиография и книговедение”), Донишкадаи давлатии фарҳанги Москва (“Вестник МГИК”), Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Қазон (“Вестник культуры КазГУКИ”), Академияи давлатии фарҳанг ва санъати Челябинск (“Вестник ЧГИКИ”, “Вестник Института культуры детства”), Донишкадаи давлатии фарҳанги Чувашистон (“Вестник ЧГИКИ”), Китобхонаи давлатии Россия (“Библиотековедения”) ва ғайра идома доранд.
Равобити ҳамкорӣ на танҳо бо Палатаи китобҳои Федератсияи Россия, балки бо Палатаи китобҳои Қазоқистон, Белорус, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Маркази ISBN дар Британияи Кабир, Шўро ва дигар ташкилотҳои хориҷӣ сол то сол тақвият меёбад.
Соли дувуми мавзўи илмӣ-тадқиқотии «Таҳқиқи илмии бойгонии «Палатаи китоби Тоҷикистон», созмондиҳии репертуари мукаммали китоби миллӣ, феҳристи электронии «Китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Матбуоти даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (солҳои 2017 – 2021)» аз ҷониби Вазорати молия маблағгузорӣ гардид, ки албатта, ба рушди муассиса таъсири хуб хоҳад расонид.
Дар нимсолаи аввали соли 2019 ба бойгонии муассиса зиёда аз 811 номгўй китоб, 1751 нусха рўзнома, 151 нусха маҷалла ва 232 номгўйи фишурдаи [автореферати] рисолаҳои илмӣ ворид гардид, ки таҳлилу коркарди библиографии матни онҳо барои ворид намудан ба феҳристи ҷории давлатии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” идома дорад. Кормандони муассиса ба зиёда аз 180 матбааву нашриётҳо, редаксияи маҷаллаву рўзномаҳо, донишкадаву донишгоҳҳо, мағоза ва дўконҳои фурўши китоб бо мақсади назорати фаъолият ва расонидани ёрии методӣ ташриф оварда, иҷроиши талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар шаш моҳи соли 2019 асосан ба гирдоварӣ ва таҳриру тасҳеҳи мақолаҳои «Энсклопедияи миллии тоҷик» ҷиди 8 (бо ҳарфҳои «И» ва «К» оғозшаванда), «Донишномаи Фарҳанги мардуми тоҷик» ҷилди 3 (Наврўз ва ҷашнҳои дигар), «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ҷилди 4 (Таъомҳои мардумӣ) ва «Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои асри 21» ҷилди 2 машғул буд.
Дар ин муддат 980 мақола барои китоби «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ҷилди 8 таълифу таҳрир гардида, қисме ҳам дар қолиби китоб саҳифабандӣ (ҳоло 224 саҳифа) шудаанд. Хонишу вероиши саҳифаҳои дигари китоб тибқи барномаи кор идома дорад.
Ҷилди 3-и «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» мавсум ба «Наврўз ва ҷашнҳои дигар» дар 168,84 ҷузъи чопии нашриву ҳисобӣ (800 саҳифа) чоп ва рўзи 18 марти соли 2019 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рўнамоӣ шуд.
Маводи китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ҷилди 4 (Таъомҳои мардумӣ) дар 457 саҳифа бо шумули расмҳо таҳриру тасҳеҳ ва саҳифабандӣ шуда, вероишу пероиши расмҳо ва хонишу ғалатгирии мақолаҳои боқимонда идома дорад.
Мақолаҳои ҷилди 2-и «Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои асри 21» дар 500 саҳифа (шомили шарҳи ҳол ва осори 250 донишманди тоҷик) таълифу таҳрир шуда, гирдоварии мавод оид ба шарҳи ҳол ва осори беш аз 400 олими дигар давом дорад.
Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012–2020» таҳия ва чопи тақвими рангаи «Ёдгориҳои Саразм ва Ҳулбук»-ро ба анҷом расонида, китоби «Ҳунармандии Хатлон дар замони Сомониён» (муаллиф Хоҷаев Ш.)-ро таҳрир ва нашр намуд.
Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар давоми шаш моҳи соли равон китобҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ҷилди 18,19 дар ҳаҷми 72 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 2000 нусха, «Уфуқҳои Истиқлол» (бо забони тоҷикӣ дар ҳаҷми 32 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 500 нусха, «Независимость Таджикистана и возрождение нации» ҷилди 16 бо теъдоди 1000 нусха , 36ҷ.ч., «Независимость Таджикистана и возрождение нации» ҷилди 17 ботеъдоди 1000 нусха , 36ҷ.ч., «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён » 1000 нусха, 74 ҷ.ч ба чоп расонида шуд.
Дар ин муддат Муассисаи нашриявии «Ирфон» аз ҳисоби додани тамға (гриф варақамҳои ISBN) ба китобҳо, ки миқдори 77 адад мебошанд, маблағи 9477 сомонӣ даромад ба даст овардааст. Аз фуруши китобҳо, ки 714 адад мебошад, маблағи 25058 сомонӣ даромад кардааст. Инчунин 523 нусха китоб ба маблағи 17914,16 сомонӣ ба таври ройгон дода шудааст. Дар анбори муассиса 25691 адад китоб ба маблағи 1093375 сомонӣ мавҷуд аст.
Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09. 02. 2016, №53 тасдиқ гардидааст. То ба ҳол муассиса 23 номгўйи китобҳои нақшавиро ба миқдори 14690 (чордаҳ ҳазорушашсаду навад) адад ба табъ расонида, вориди анбори китоб намуд, ки бо назардошти андози соддакардашуда маблағи умумии он 73034 (ҳафтоду се ҳазору сиву чор ) сомониро ташкил медиҳад.
Муассиса то ба ҳолати 24 июни соли 2019дар маҷмўъ ба маблағи 28 ҳазору 579 сомонӣ китобҳоро ба таври ғайринақдӣ дар асоси шартномаи тарафайн барои фурўш баровардан ба КВД “Таъминот ва савдои китоб” 9050 (нуҳ ҳазору панҷоҳ сомонӣ) ва ба маблағи 19529 (нуздаҳ ҳазору панҷсаду бисту нуҳ сомонӣ) китобҳоро ба ТҶБХ ”Олами китоб” ирсол намуд.
То ба ҳолати 24 июни соли 2019 бақияи анбори китоб 48 ҳазору 122 нусха буда, маблағи он 387 ҳазору 522 сомониро ташкил медиҳад.
Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Матбуот” дар шаш моҳи соли 2019 ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ маҳсулоти полиграфӣ истеҳсол намуд. Корхона дар ин давра ҷамъ ду фармоиш қабул кардааст, ки ҳаҷми умумии он 34 ҷузъи чопӣ буда, теъдоди китобҳо 150000 нусха китобу ҷузваро дар бар мегирад.
ҶДММ “Табъу нашр ” барои чопи варақаҳои китоби “Забони тоҷикӣ” барои синфҳои 11-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 000 нусха, 17,0 ҷузъи чопӣ ба маблағи бо НДС 39777,8 сомонӣ ҳаҷми корҳоро ба анҷом расонидааст.
Инчунин ҶДММ “Сомониён” барои чопи китоби “Забони тоҷикӣ” барои синфҳои 7-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 80000 нусха, 17,0 ҷузъи чопӣ ба маблағи 100000 сомонӣ ҳаҷми корҳоро иҷро намуд.
Ҳайати эҷодии маҷаллаи «Тоҷикистон» дар давоми шаш моҳи соли 2019 шумораи 1-2,3-4 ва 5-6 и маҷалларо дар ҳаҷми 13 ҷузъи чопӣ омода намуда, ба чоп пешниҳод намуд. Ҳайати эҷодии маҷаллаи «Фирўза» дар давоми шаш моҳи соли равон баробари инъикоси муҳимтарин рўйдоди сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, аз ҳаёти ибратомўзи бонувони дар корҳои давлатӣ муваффақ ва занони шинохтаву ҳунарманд, оилаҳои намунавӣ ва мавзўъҳои доғи рўз мақолаҳои хонданибобро нашр намуд.
Кормандони эҷодии маҷалла чорабиниҳои Рўзи кўдакон, Рўзи Осорхонаҳо, Рўзи Ғалаба ва дигар рўйдодҳои фарҳангии дар ин давра доиршударо ба таври васеъ инъикос намуданд.
Аҳли эҷод ва дигар кормандони Муассисаи давлатии Маҷаллаи “Илм ва ҳаёт», Муассисаи давлатии «Рўзномаи Анбоз» дар шаш моҳи соли 2019 доир ба мавзўи сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии терроризму экстремизм ва паст кардани таъсири ифротгароӣ, мазҳабу ҳаракатҳои номатлуб, рафъи табъизи нажодӣ, нашъамандӣ ва нашъаҷаллобии наврасон ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муқовимат бо коррупсия, хизмати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи марзу буми аҷдодӣ мақолаҳои гуногунро чоп намуд.
Дар ин давра шумораи 2-юми имсолаи маҷаллаи “Истиқбол” дар асоси дастуру фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуд. Қисмати асосии маҷалла ба Ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки дар водии Рашт баргузор гардид, бахшида шуд.
Боиси таассуф аст,ки напардохтани ҳаққи қалам хонандагони фаъоли маҷаллаву рўзномаҳоро ба кори эҷодӣ ҳавасманд намекунад. Бо ҳамин сабаб шумораи навиштаҳои навниҳолони эҷодкори «Чашма» кам шудааст.
Муассисаи давлатии “Рўзномаи “Баҳори Аҷам” дар давоми 6 моҳи соли равон 19 шумораи рўзномаро бо сифати баланд ва бо фарогирии маводҳои инъикосгари рўйдодҳои муҳими рўз ба табъ расонд.
Бо пешниҳоди Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби ҳайати эҷодӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд, зеро алоқамандии бештаре ба фаъолияти сохтору идораҳои вазорат дорад ва ба ин муносибат дар рўзнома рубрикаи алоҳидае, ки буд, идома ёфта истодааст. Нашри матлабҳои “Идомаи соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ беҳтарин иқдом аст”, “Истеҳсолот дар иқтисодиёт ва иқтисодиёт дар истеҳсолот рушд мекунад”, “Нақши забони англисӣ дар тарбияи мутахассисони соҳаи туризм” аз ин ҷумлаанд.
Ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ аз чорабиниҳои муҳимми сатҳи байналмилалӣ мебошад. Рўзнома ба муносибати он чопи силсиламатлабро ба нақша гирифтааст, ки “Саразми қадим аз нигоҳи бостоншиносони хориҷӣ”, “Саразм” аз ин ҷумла мебошанд.
Муассисаи давлатии маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” дар муддати 6 моҳи соли равон шаш шумораи рангаи маҷалларо бо маводҳои ҷолиб дар мавзўъҳои муҳими рўз, аксу суратҳо ба табъ расонид.

IV. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН

Соҳаи ҳуқуқи муаллиф фаъолияти худро бештар ба татбиқи қонуну қарорҳои соҳавӣ, таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими муносибатҳои корӣ бо вазорату муассисаҳое, ки бо объектҳои ҳуқуқи муаллиф сару кор мегиранд, таҳияи маводҳои аҳдномаҳои байналмилалӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи соҳавӣ, равона сохт.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2020» ва «Нақшаи кори Шўрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар бораи рафти корҳои иҷрошуда ба котиботи Шўро ва ба мақомоти дахлдор ҳисобот пешниҳод карда шуд.
Дар ин муддат оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №691 «Дар бораи Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)» дар нимсолаи якуми соли 2019 маълумоти дахлдор таҳия гардида, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод карда шуд.
27 феврали соли 2019 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар ҳузури Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева ба Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) намояндаи вазорат санади ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон зарардида ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбати асарҳои нашршуда»- ро супорид.
Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои шахсони нобино ва онҳое, ки қобилияти маҳдуди биноиш доранд ва мутобиқ намудани қонунгузории соҳаи ҳуқуқи муаллиф ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2018, №256 «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон зарардида ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбати асарҳои нашршуда» тасдиқ шуд ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки он 8 июни соли 2018 дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва он аз 27 майи соли 2019 барои Тоҷикистон эътибор пайдо кард. Ҳамчунин бо мақсади дар амал татбиқ намудани муқаррароти Шартномаи мазкур тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.05.2019с, №20212(29-11) бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоти Ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон 21 июни соли 2019 ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Намояндаи шуъба дар ҷаласаҳои Гурўҳи кории байниидоравӣ вобаста ба омодагӣ ва таҳияи лоиҳаи якумин ҳисоботи тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) ва дигар масъалаҳои марбут ба он иштирок кард.
Ҷиҳати иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби ҷамъоварӣ ва ҷойгир кардани иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ дар Интернет-портали муттаҳидаи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020, Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020» аз 23 декабри соли 2014, №762 тасдиқ шудааст, маълумот таҳия ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод гардид.
Дар ин давра муаллифон ва соҳибҳуқуқоне, ки асарҳояшонро барои сабти ном ба шуъба пешниҳод карданд, аз ҷониби кормандон ва коршиносон баррасӣ гардид ва тибқи «Тартиби бақйдгирии асарҳои муаллифон», ки аз 28 сентябри соли 2011 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №626 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ба 8 муаллиф шаҳодатномаи муаллифӣ дода шуд.
Бо дарназардошти васеъ гардидани фаъолияти соҳаи ҳуқуқи муаллиф, дар амал татбиқ намудани муқаррароти қонунҳои соҳавӣ, санадҳои байналмилалӣ, ҳуҷҷатҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) масъалаи тақвият бахшидани соҳаи ҳуқуқи муаллиф, ба роҳ мондани фаъолияти намояндагон дар вилоятҳои ҷумҳурӣ ва таҷдиди назар намудани сохтори шуъба, баррасӣ карда шаванд.

V. РУШДИ ИЛМ ВА ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Бо мақсади ба роҳ мондани низоми ягонаи тайёр намудани мутахассисони соҳа, ташаккули низоми устувори такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои соҳа, баланд бардоштани самаранокии таҳсилот дар соҳаи фарҳанг ва санъат, тақвияти базаи моддӣ-техникӣ ва илмию методии муассисаҳои таълимӣ, мукаммалгардонии шаклҳои тарбияи кадрҳо, тақвияти мақоми иҷтимоӣ ва такмили касбияти кормандони педагогӣ ва эҷодии муассисаҳои таълимӣ ва рақобатпазирии таҳсилоти соҳа корҳои мушаххас ба сомон расонида шуд. 
Тибқи Нақшаи фаъолияти раёсату шуъбаҳои вазорат барои соли 2019 дар оғози сол Комиссия оид ба қабули имтиҳонҳои довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии фарҳангии Федератсияи Россия таъсис дода шуд. Дар натиҷаи кори Комиссия бо мақсади тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъат дар хориҷи кишвар тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия (58 нафар) барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар тавассути Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон (Россотрудничество) 54 нафар ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд.
Ҳамин тариқ, айни замон 54 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии Россия роҳхат гирифтаанд.
Дар ин муддат, баҳри мутобиқ гардонидани сохтор, мазмун, муҳлат ва сифати таҳсилоти ҷавобгў ба стандартҳои давлатӣ ва байналмиллалӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи “Низомнома дар бораи тайёр намудани мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон” омода гардида, пас аз баррасии муассисаҳои таълимӣ ба ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг пешниҳод карда мешавад.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 95 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг амал менамояд, ки аз ин миқдор бевосита дар тобеияти Вазорати фарҳанг 11 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 3 мактаби олӣ – Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, 6 коллеҷи соҳавӣ, 2 – мактаб - интернати махсусгардонидашудаи соҳаи мусиқӣ ва санъат фаъолият менамоянд.
Муассисаҳои таълимии соҳа дар иртибот ба эълон гардидани солҳои 2018-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар мавзўъҳои гуногун лексияю суҳбатҳо, вохўрию конференсияҳоро баргузор намуданд.
Донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва берун аз он фаъолона ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд. Аз ҷумла, дар даври аввали Озмуни телевизионии «Парвин», ки бо ташаббуси ширкати телевизионии «Баҳористон» баргузор гардид, 12 нафар донишҷўёни Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, аз ҷумла 7 нафар дар жанри навозандагӣ ва 5 нафар дар жанри сарояндагӣ фаъолона иштирок намуданд ва 6 нафари онҳо ба даври дуюми озмун роҳхат гирифта, дар даври дуюм аксарияти онҳо ба даври ҷамъбастӣ роҳхат гирифтанд. Боиси тазаккур аст, ки донишҷўёни Коллеҷи санъати ба номи Содирхони Ҳофиз низ ҳамасола дар озмунҳое, ки берун аз кишвар баргузор мегарданд фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷойҳои аввал мегарданд. Дар соли 2019 низ донишҷўёни коллеҷи мазкур дар пойтахти Қазоқистон ҳунарнамоӣ карда сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Аз тарафи ҳамаи муассисаҳои таълимӣ омодасозии эълону рекламаҳо, варақаҳои ташвиқотӣ, дискҳо, буклетҳо, эълонҳо ба воситаи рўзнома, садо ва симо оиди дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимӣ ташкил ва фиристодани гурўҳҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳо бо мақсади ҷалб ва дарёфти ҷавонони болаёқат тибқи нақшаи кории комиссияҳои қабул фаъолона ба роҳ монда шуда, ҳамзамон дар ҳамаи ин муассисаҳо маъракаи «Рўзи дарҳои кушод» гузаронида шуданд.
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзодаро 439 нафар хатм карданд, ки 274 нафар рўзона ва 165 нафар ғоибона мебошанд. Аз инҳо 146 нафар ба шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва 9 нафар шуъбаҳои маориф ба кор сафарбар шуда, 18 нафар ба магистратура дохил шуданд.
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 131 нафар хатм карданд, ки 127 нафар рўзона ва 4 нафарашон ғоибона буда, 66 нафар дар соҳаи фарҳанг, маориф ва иқтисодиёт ба кор ба сафарбар шуданд.
Консерваторияи миллии Тоҷикистонро 55 нафар хатм карданд, ки 43 нафар рўзона ва 12 нафарашон ғоибона мебошанд. Аз инҳо 9 нафар ба Филармонияи давлатӣ, 5 нафар ба Кумитаи телевизион, 9 нафар ба Театри опера ва балет, 3 нафар ба Оркестри давлатӣ, 5 нафар ба муассисаҳои таълимӣ ва 18 нафар ба шуъбаҳои фарҳанг ба кор сафарбар шуданд.
Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқуловро 56 нафар хатм карданд, ки 42 нафар рўзона ва 14 нафарашон ғоибона буда, 9 нафар ба кор ба сафарбар шуда, 27 нафар ба мактабҳои олӣ дохил шуданд ва 20 нафари дигар ҳуқуқи озодона ба кор таъминшавӣ гирифтанд.
Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи К. Қурбоновро 74 нафар хатм карданд, ки 24 нафар рўзона ва 50 нафар ғоибона буда, 65 нафар дар шуъбаҳои фарҳангу китобхонаҳо ба ҷои кор сафарбар шуданд.
Коллеҷи хореографии ҷумҳуриявии ба номи М. Собироваро 22 нафар хатм карда, 5 нафар ба Театри опера ва балет, 3 нафар ба ансамбли рақсии «Гулрез» ба кор ба сафарбар шуда, 14 нафар ба мактабҳои олӣ дохил шуданд.
Коллеҷи санъати ба номи С. Ҳофизи шаҳри Хуҷандро 120 нафар хатм карданд, ки 74 нафар рўзона ва 46 нафар ғоибона буда, 28 нафар ба муассисаҳои фарҳангӣ ба кор ба сафарбар шуда, 46 нафар ба мактабҳои олӣ дохил шуданд.
Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П. Буйдоқовро 278 нафар хатм карданд, ки 66 нафар рўзона ва 212 нафарашон ғоибона буда,31 нафар дар шуъбаҳои фарҳангу китобхонаҳо ба ҷои кор сафарбар шуда, 12 нафар ба мактабҳои олӣ дохил шуданд.
Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимовро 39 нафар хатм карда, 8 нафар ба ҷои кор сафарбар шуда, 11 нафар ба мактабҳои олӣ дохил шуданд ва 4 нафар ҳуқуқи озодона ба кор таъминшавӣ гирифтанд.
Дар давраи ҳисоботӣ рафти иҷрои татбиқи «Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» (қарори ҲҶТ №200, аз 30 апрели соли 2012)-ро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи фарҳангу санъати ҷумҳурӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дошт.
Дар нимсолаи аввали соли 2019 иҷрои лоиҳа ва мавзўъҳои илмӣ аз ҷониби ходимони илмии пажўҳишгоҳ тибқи нақшаҳои фардии корҳои илмию тадқиқотӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин давра аз ҷониби кормандони илмии пажўҳишгоҳ 95 кори илмӣ, пажўҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ ба табъ расидааст, ки аз онҳо 8 китобу дастур, 34 мақолаи илмӣ, 29 мақолаи илмию оммавӣ ва 24 нашри электронӣ мебошанд.
Иловатан, бештар аз 130-мақола доир ба фарҳангу ҳунар, воситаҳои ахбори омма, фарҳанги ғайримоддӣ ба саҳифаи тоҷикии Донишномаи озоди электронӣ – Википедия (tg.wikipedia.org) ворид карда шуд.
Ҳамчунин, бо ташаббуси олимони пажўҳишгоҳ 6 чорабинии илмӣ, аз қабили конфронсу мизҳои мудаввар баргузор гардид. Дар ин давра ходимони илмии пажўҳишгоҳ дар 20 ҳамоиши илмӣ, конференсия ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок ва бо маърўзаҳои илмӣ баромад карданд.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ олимони пажўҳишгоҳ тибқи супоришҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳуҷҷатҳои номинатсияи “Меҳргон”-ро муштарак бо коршиносони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳаҷми 26 саҳифа таълиф намуда, барои сабт ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод намуданд. Ҳамчунин дар ин давра ҳуҷҷатҳои номинатсияи “Суманакпазӣ” ба забони тоҷикӣ омода гардида, ба Вазорати фарҳанг пешниҳод карда шуд.
Таҳлили ҳисоботи хаттӣ ва омории муассисаҳои таълимӣ собит намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳаи фарҳангу санъат тибқи нақшаҳои кориашон фаъолият намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардидаанд.

VI. ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

Дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эҳёи таъриху фарҳанги миллати тоҷикро бемайлон амалӣ намуда, дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 вазорат мутобиқи моддаи 17 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ»-ро таҳия намуд, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 майи соли 2019, №195 ба тасвиб расид. Бояд қайд намуд, ки таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ тибқи дастури Пешвои муаззам, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешак шуҳрати кишварамонро афзун менамояд.
Ҳамчунин бо назардошти аҳамияти миллии масъалаи болозикр корҳои омодасозии номинатсияи «Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук», ҷиҳати дар соли 2020 ба Феҳристи мероси фарҳанги моддии ЮНЕСКО пешниҳод намудани ин ёдгории нодири миллат идома ёфта, корҳои асоснокнамоии ёдгории болозикр ба анҷом расонида шуда, ба мақомотҳои марбута пешниҳод гардидааст.
Бояд қайд кард, ки ҷиҳати пешбурди фаъолияти самараноки соҳавӣ, инчунин мутобиқат бо талаботҳои соҳавии байналмилалӣ ҳар сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ дар самти ҳифзи сарватҳои мероси ғайриманқул мукаммал мегардад. Кормандони шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорат вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» (№42 аз 06.08.2001с.) дар якҷоягӣ бо намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни болозикрро дар таҳрири нав омода намуданд, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 апрели соли 2019 №1593 ба тасвиб расид.
Вобаста ба ташвиқу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар тавассути васоити ахбори омма 9 намоишу гузоришҳо омода гардида, китоби «Санъати ҳунармандии Хатлон дар давраи Сомониён», дастурамали методии «Кашф ва бақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мероси ғайриманқул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», роҳнамои «Мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тақвими рангаи «Саразм-Ҳулбук-2019», 3 мақола ва 2 тақриз ба рисолаҳои илмӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Ҳамчунин бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 18 апрели соли 2019, семинари ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо иштироки доираи васеи мутахассисони касбии кишвар баргузор гардид.
Бояд тазаккур дод, ки бақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз солҳои 1950 (қарори Ҳ.Ҷ.Т №35 аз 19.01.1950, ва соли 1971(қарори Ҳ.Ҷ.Т №408 аз 31.12.1971) оғоз гардида буд.
Тибқи бақайдгирии солҳои 2017-2018 дар қайди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» №356 аз 31.08.2018с., 3413 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин миқдор мутаносибан 70,5%-бостонӣ 23,4%-меъморӣ ва 6% -ро монументалӣ ташкил медиҳанд.
Аз ҷониби мутахассисони соҳавии Вазорати фарҳанг дар ҳудуди ҷанубу шарқии деҳаи Тудабоёни Ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ду адад ёдгориҳои мероси ғайриманқул: нақби асримиёнагӣ ва иншооти хоҷагидорӣ бо боқимондаи хумҳои мансуб ба давраи Кўшониён мавриди таҳқиқ ва бақайдгирӣ қарор дода шуд.
Вобаста ба пешгирии қочоқи сарватҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин оид ба андешидани тадбирҳо барои саҳм гузоштан дар ҳифзу таҳкими сулҳу суботи кишвар, вазорат дар ҳамбастагӣ бо мақомотҳои дахлдори кишвар ҳамкориҳои зичро ба роҳ мондааст. Дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 мутахассисони вазорат дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомотҳои марбута 65 ташхисҳои соҳавиро ба анҷом расониданд. Ҳамчунин ҷиҳати пешгирии паҳн ва тарғиб намудани маводи номатлуб дар ҷомеа ва қочоқи сарватҳои таърихию фарҳангӣ ва нумизматикӣ ба мақомотҳои марбута тибқи муқаррарот 17 хулосаи ташхис ва маълумотнома пешниҳод карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар ҷумҳурӣ корҳои тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» ба анҷом расонида мешавад.
Тибқи Нақшаи мазкур дар марҳилаи дуюм (солҳои 2016-2020) барои соли 2019, тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои меъмории Қалъаи Ҳулбук, Қалъаи Муъминобод, Барқарорнамоии Мақбараи Шоҳи Хомўш, Барқарорнамоии Мақбараи Хоҷаи Заррин, Тармими Масҷиди Далёни Боло, тармими Мадрасаи Абдуллохон, Қалъаи Вамар ва таҳқиқҳои бостоншиносӣ дар ёдгориҳои бостони Ҳулбук, Ямчун, Мадрасаи Хоҷа Машҳад ба нақша гирифта шудаст.
Тибқи дархости Вазорати фарҳанг аз 19.03.2019с. №1-03/720 ҷиҳати муайян намудани маблағгузории Барномаи мазкур ва пешниҳоди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон №2-2(б)-04/266 аз 12.04.2019с. дар давраи солҳои 2013-2018 мувофиқи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» дар маҷмуъ мувофиқи харҷнома дар доираи имкониятҳои мавҷудаи буҷети давлатӣ ба маблағи 5384,0 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст, ки таносуби иҷрои маблағгузориҳо нисбат ба Нақшаи чорабиниҳо 18,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2019 бо ин мақсад 480 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, дар давраи то 1.06.2019 маблағи 170 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ёдовар менамоем, ки амалӣ намудани корҳои тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангии ба Нақшаи Барнома воридгардида инчунин дар кулли ҷумҳурӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба ҳифзу тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ»-«МДМЁ»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида мешавад.
Корҳои тармим ва барқарорсозӣ дар ёдгории меъмории «Қасри Ҳоким»-и шаҳри Ҳисор, ки тибқи лоиҳаи «Барқарорнамоии ёдгориҳои шаҳри Ҳисор вобаста ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор» амалӣ мегардад, дар давраи соли 2019 вобаста ба имкониятҳои молиявии кишвар мавқуф гузошта шудааст.
Новобаста ба маҳдуд намудани норасоии воҳидҳои корӣ дар самти ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар маҳалҳо тибқи қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг аз №2/7 аз 12.04.2016 аз ҳисоби маъмурияти муассисаҳои зертобеи вазорат бо таври сарборӣ нозирони минтақавӣ дар Водии Зарафшон (директори МТФ “Панҷрўд”), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (директори МТФ Ҳисор), минтақаи Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон (директори ОМҶ Данғара), минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон (директори МТФ Ҳулбук) ва ноҳияҳои кўҳистони вилояти Хатлон (директори муҷтамаи осорхонаҳои Кўлоб) таъин гардида, ҳифзи мероси ғайриманқули кишварро бо таври ҷамъиятӣ таъмин менамоянд.
Маъмурияти муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» самаранок фаъолият намуда, таҷлили ҷашнҳои давлатӣ ва миллии «Садда», «Рўзи Модарон», «Наврўз» ва Ваҳдати миллиро бо иштироки намояндагони илму фарҳанг ва маориф дар сатҳи хотирмон ба анҷом расониданд, ки писанди иштирокчиён ва тамошобинон гардид.
Дар маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрўд дар ҳамкорӣ бо аъзоёни фаъоли китобхона ба ифтихори ҷашну санаҳои таърихӣ як қатор чорабиниҳои адабию фарҳангӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, вобаста ба рўзи Артиши Миллӣ, Рўзи Модарон, Ҷашни байналмилалии Наврўз базмҳои шеъру тарона, конференсияи илмию адабӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуданд.
Кормандони муассисаи давлатии осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара фаъолияти муассисаро аз рўи нақшаи солона ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ 8 сайрҳои осорхонавӣ барпо намуда, ҷашнҳои миллию давлатиро дар сатҳи арзанда таҷлил карданд. Бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021, инчунин таҷлили ҷашни Наврўз маъмурияти муассиса чорабинии фарҳангиро бо ҷалби ҳунармандони моҳир баргузор намуда, буклет ва маводҳои тарғиби фарҳангиро омода ва нашр намуд. Вобаста ба корҳои ободкорӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди иншооти дар тавозуни муассиса қарордошта 616 адад дарахту буттаҳои сояафкан ва гулҳои ороишӣ шинонда шуд.
Дар маҷмўъ рафти корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар муассисаҳои зертобеъ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, қабул ва хизматрасонии фарҳангӣ ба меҳмонон ва сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тибқи муқаррарот ба роҳ монда шудааст.


VII. ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бо назардошти баргузор намудани Рўзҳои фарҳанг дар соли 2019 таърихи мушаххаси Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб (Шарҷа) инчунин, Рўзҳои фарҳанги Давлати Қатар ва Қувайт, Ҷумҳурии Лаҳистон (Полша) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мукотибаи расмӣ ва розигии тарафайн муайян карда шуда, айни замон зимни иҷозату ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи шоиста гузаронидани чорабиниҳои номбурда корҳои омодагӣ идома доранд. 
Дар ин давра мутахассисони шуъба дар ҷаласаҳои гурўҳҳои кории комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукуматҳои Ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Россия, Туркия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Беларус, Хитой, Бангладеш ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуда, бобати густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ба протоколҳои ҷаласаҳои номбурда пешниҳодҳои мушаххас ворид намуданд.
Барои таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ 10 нафар ҳунармандон дар Фестивали 33-уми байналмилалии “Сураҷкунд мелла”, ки моҳи феврал дар шаҳри Фаридободи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид, иштирок намуданд.
Гурўҳи эҷодӣ иборат аз 6 нафар дар ҷашнвораи Иди байналмилалии Наврўз дар санаи 26-28 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ширкат варзида, ҳунарнамоӣ карданд.
Моҳи апрел вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва се нафар гурўғлисароёни Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии санъати бахшиҳо дар шаҳри Термези Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок варзиданд.
Рўзи 2 май намояндагони Тоҷикистон дар таҷлили зодрўзи Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ба шаҳри Тошканд сафарбар гардиданд.
Вазири фарҳанг дар рўзҳои 16-22 майи соли ҷорӣ дар мулоқоти вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон иштирок намуда, барои густариши ҳамкориҳо мувофиқаҳо ба даст омаданд.
Тибқи иҷозат ва розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 14-18 моҳи май 2 нафар дар Конфронси байналмилалӣ оид ба муколамаи тамаддунҳо дар Осиё ва Форуми сайёҳии фарҳангӣ ва равобити мардумӣ, дар умум теъдоди гурўҳи эҷодӣ иборат аз 30 нафар дар Карнавали тамаддунҳо, ки дар шаҳри Пекини Хитой барпо гардида буд, ширкат варзиданд.
Дар санаи 15-17 майи соли ҷорӣ Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки 41 нафар ҳайати расмию эҷодӣ дар шаҳрҳои Пекин ва Сиан баргузор гардиданд.
Моҳи май намояндагони Вазорати фарҳанг ҷиҳати боздид, табодули таҷриба, ташкили синфҳои маҳорат ва кушодани гўшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Донишгоҳи илм ва санъати шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.
11 июни соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии китоби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин “Дар бораи идоракунии давлатӣ” баргузор гардид.
Ҳамзамон, дар ин муддат вохўрии роҳбарияти вазорат бо сафирони Ҷумҳуриҳои Полша, Эрон, Италия, Афғонистон, Мисри Араб, Кордори Сафорати Корея ва Роҳбарияти Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематографияи ба номи А.С.Герасимов, роҳбарияти намояндагии “Россотрудничество” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия, Роҳбарияти Бонки чаҳонӣ, намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон баргузор гардиданд.

VIII. СИЁСАТИ КАДРӢ

Дар нимсолаи аввали соли 2019 вазорат тибқи Дастурамали мансабии хизматчиёни давлатӣ ва уҳдадориҳои мансабӣ бо мақсади татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кўшишу имкониятҳо ва таҷрибаи муфидро бобати фароҳам овардани заминаҳои мусоид баҳри ташаккули омўзиш, интихоб, ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва таъмини болоравии касбии кормандон равона намуда, назорати мунтазами иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар барномаҳои давлатии соҳавиро дар доираи фаъолияташ сармашқи кори худ қарор дода, як қатор корҳои назаррасро ба аҷом расонидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вазорат тибқи санадҳои амалкунанда 267 фармоишҳо таҳия ва қабул гардидаанд.
Айни ҳол, дар сохтори дастгоҳи марказии вазорат 9 ҷойҳои кории холӣ мавҷуд мебошад, ки барои пурра гардонидани ҷойҳои холӣ чораҳо андешида мешаванд.
Ҳамзамон, дар шашмоҳаи фаъолияти соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва қобилиятнок ба хизмати давлатӣ, инчунин таъмини болоравии касбии хизмати давлатӣ дар вазорат тибқи тартиби муқарраргардида 2 маротиба озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи марказии вазорат гузаронида шуд, ки аз 6 нафар довталабоне, ки ҳуҷҷат пешниҳод карданд, 4 нафарашон ҷиҳати фаъолияти минбаъда ба кор қабул карда шуданд.
Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондан, интихоб, ҷобаҷогузорӣ, тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ, гирифтани иттилооти объективӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва сатҳи дониши касбии хизматчиёни давлатии маъмурӣ дар дастгоҳи марказии вазорат 2 маротиба аттестатсия гузаронида шуд, ки дар он 19 нафар хизматчиёни давлатӣ иштирок кардаанд ва ҳамаашон ба мансаби ишғолнамудаи маъмурии хизмати давлатӣ мувофиқат намуданд.
Ҳамчунин, ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии кормандони соҳа барои муваффақиятҳо ва комёбиҳои назаррас, навоварию эҷодкорӣ, дар амал татбиқ намудани нақшаю барномаҳои соҳаи фарҳанг, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида ба ҷашни Рўзи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон», Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» ва бахшида ба 10-солагии Муассисаи давлатии вилоятии «Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд чанд нафар кормандони соҳаи фарҳанг бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

IX. СОХТМОНИ АСОСӢ

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №594 аз 29.12.2018 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» барои иншоотҳои сохташавандаи вазорат аз ҳисоби маблағгузории мутамарказ 2 млн. 400 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Маблағи зикргардида, мутобиқи нақшаи дурнамои сохтмони асосӣ ба иншоотҳои зерин тақсим гардиданд: барои давом додани сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод – 900 ҳазор сомонӣ, сохтмони Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шаҳринав - 900 ҳазор сомонӣ, сохтмони Маркази фарҳанг дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ – 520 ҳазор сомонӣ ва барои омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии сохтмони иншооти солҳои оянда – 80 ҳазор сомонӣ. Номгўи иншоотҳо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардида, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кушодани маблағгузорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.
Дар моҳи феврали соли ҷорӣ дархостҳои тендерӣ барои муайян намудани пудратчиёни сохтмони иншоотҳои зикргардида ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, моҳи апрели соли равон озмуни интихоби пудратчиёни сохтмони иншоотҳо гузаронида шуда, корҳои сохтмонӣ аслан аз семоҳаи дуюм оғоз гардида буд. Айни ҳол дар ҳар се иншоот ба маблағи 644,4 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардид, ки ин 57% нақша ташкил медиҳад.
Корҳои таъмиру сохтмонӣ.
Соли ҷорӣ, бинобар сабаби таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, маблағгузории корҳои таъмирии аксарияти муассисаҳои тобеъ қатъ гардидааст. Танҳо ба баъзе муассисаҳои таълимӣ, Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон, Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи М.Миршакар маблағ пешбинӣ шудааст. Дар муассисаҳои мазкур санадҳои нуқсонии корҳои зарурии таъмиру сохтмонӣ тартиб дода, барои маблағгузорӣ пешбинӣ шудаанд.
Ҳамчунин, бо фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №48 аз 06.03.2019 ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳои тобеъ вазифадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои таъмиру сохтмонӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмон шартномаҳо баста, ба корҳои аввалиндараҷа, яъне омодагии биноҳо ба фаъолияти устувор дар давраи тирамоҳу зимистон, таъмини бехатарӣ аз сўхтор диққати ҷиддӣ диҳанд.
Ҳамчунин, тибқи супоришу дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №19 аз 30 январи соли 2019 ҷиҳати омодагӣ ва баргузории таҷлили «Иди байналмилалии Наврўз» ва дигар ҷашнҳои пешомад ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳои тобеъ вазифадор шудаанд, ки барои саривақт омода намудани намои биноҳои худ, ободонӣ ва кабудизоркунии гирду атрофи онҳо чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин, аз ҳисоби кормандони дастгоҳи марказии вазорат шахсони мутасаддӣ ба ҳар як иншоот вобаста гардида, супориши мазкур таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

X. АУДИТИ ДОХИЛӢ

Дар нимсолаи якуми соли 2019 мувофиқи нақша ҷиҳати назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар 9 муассисаи зертобеъ, аз ҷумла дар як муассисаи театрӣ, ду рўзнома, се маҷалла ва се осорхона вобаста ба мувофиқати хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, даромадҳои дохилӣ, ҳолати воқеии ҳисоботҳои муҳосибавӣ таҳлилҳои аудиторӣ гузаронида шуд.
Ҳангоми гузаронидани таҳлилҳо дар баъзе аз муассисаҳо зарари молиявӣ ошкор гардид, ки қисми асосии онро рўйпўшкунии андозҳо бақияи маблағҳои буҷетии хароҷот нагардида, зиёд пардохти сафари хизматӣ, камомади молу маводи арзишдор, барзиёд пардохт намудани музди меҳнат ва дигар хароҷотҳои ғайриқонунӣ ташкил намуд.
Инчунин вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1504 аз 30.08.2013, «Дар бораи тасдиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва Нақшаи дохилиидоравии зидди коррупсионии соҳаи фарҳанг барои солҳои 2017-2019, ки қаблан бо фармоиши вазири фарҳанг аз 12.04.2017, №68 тасдиқ гардида буд, бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фаҳмондадиҳии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрӣ гузаронида шуд.
Дар давраи гузаронидани таҳлилҳои аудиторӣ ба роҳбарон ва шахсони масъул ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳо, беасос пардохти иловапулиҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва даромадҳои дохилӣ, кам кардани бақияпулиҳо ва саривақт бартараф кардани қарзҳои беасоси дебиторӣ ва кредиторӣ, аз меъёр зиёд пардохти сарбориҳо инчунин истифода аз нақшаи ягонаи ҳисобҳо (НЯҲ) тавсияҳо дода шуд.

XI. ТАҲЛИЛ ВА ДУРНАМОИ ИҚТИСОДӢ

Барои ҳамаи соҳаҳои вазорат бо дарназардошти тағйиротҳо дар нимсолаи аввали соли 2019 – 41644,4 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла: барои соҳаи матбуоти даврӣ ва нашриёт –2122,5 ҳазор сомонӣ, муассисаҳои таълимӣ- 17424,2 ҳазор сомонӣ, соҳаи фарҳанг ва санъат – 19900,2 ҳазор сомонӣ, дастгоҳи марказӣ –1070,5 ҳазор сомонӣ ва сохтмони асосӣ- 1127,0 ҳазор сомонӣ.
Буҷети Вазорати фарҳанг дар нимсолаи аввали соли 2019 ва маблағгузории он аз тарафи Сарраёсати хазинадори марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2018

Соҳаҳо Нақша
Ҳақиқӣ
Таносуби иҷро
Тасдиқ шуда Иҷрошуда Маблағи истифоданашуда %

2018
2019
2018
2019
2018 2019 2018 2019
1 4 5
Матбуоти
даврӣ ва
нашриёт 1798,1 2122,5 1798,1 2122,5 0 0 100 100
Муассисаҳои таълимӣ 13755,2 17424,2 12651,7 16243,4 1103,5 1180,9 92 93,2
Муассисаҳои фарҳанг ва санъат 17120,4 19900,2 14881,8 17322,3 2238,6 2577,9 86,9 87
Дастгоҳи марказӣ 967,2 1070,5 813,8 991,3 153,4 79,2 84,1 92,6
Сохтмони асосӣ 1127,0 1127,0 926,5 644,4 200,5 482,6 82,2 57,2
Ҳамагӣ 34767,9 41644,4 31071,9 37323,9 3696,0 4320,6 89,4 89,6

Чуноне ки аз ҷадвал дида мешавад, иҷрои ҳақиқии буҷет дар нимсолаи аввали соли 2018 маблағи 31071,9 ҳазор сомонӣ ё нисбати нақша 89,4 %-ро ташкил дода буд, мустақиман ба матбуоти даврӣ ва нашриёт 1798,1 ҳазор сомонӣ ё ин ки 100 %, таълимгоҳҳо 12651,7 ҳазор сомонӣ ё ин ки 92 %, ба соҳаи санъат ва фарҳанг-14881,8 ҳазор сомонӣ ё ин ки 86,9 %, дастгоҳи марказӣ-813,8 ҳазор сомонӣ ё ин ки 84,1 % ва сохтмони асосӣ 926,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 82,2% маблағгузорӣ шуда буд. Дар нимсолаи аввали соли 2018 –3696,0 ҳазор сомонӣ ҷудо нагардида буд.
Дар нимсолаи аввали соли 2019 барои ташкилоту муассисаҳои тобеъ ба воситаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 37323,9 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки 89,6 %- и нақшаро ташкил медиҳад, аз ҷумла ба матбуоти даврӣ ва нашриёт – 2122,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 100 %, муассисаҳои таълимӣ – 16243,4 ҳазор сомонӣ ё ин ки 93,2 %, соҳаи фарҳанг ва санъат – 17322,3 ҳазор сомонӣ ё ин ки 87 %, дастгоҳи марказӣ – 991,3 ҳазор сомонӣ ё ин ки 92,6 % ва сохтмони асосӣ 644,4 ҳазор сомонӣ ё ин ки 57,2% маблағгузорӣ гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ 4320,6 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ нагардидааст, ки он 10,3%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Дар миқёси вазорат дар нимсолаи аввали соли 2019 маблағҳои ҷудонашуда аз моддаҳои сафарҳои хизматӣ, таъмир, харидории таҷҳизот, хароҷотҳои намояндагӣ ва ғайраҳо иборат мебошад.
Дар Вазорати фарҳанг айни замон чор барномаи соҳавӣ қабул ва маблағгузорӣ гардида истодааст. Аз ҷумла дар нимсолаи аввал: «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» тибқи нақша 170,0 ҳазор сомонӣ ҳақиқӣ 170,0 ҳазор сомонӣ, «Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019» тибқи нақша 170,0 ҳазор сомонӣ ҳақиқӣ 114,9 ҳазор сомонӣ, «Барномаи давлатии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ барои солҳои 2013-2020» тибқи нақша 297,8 ҳазор сомонӣ, ҳақиқӣ 17,7 ҳазор сомонӣ, «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» тибқи нақша 282,5 ҳазор сомонӣ, ҳақиқӣ 156,8 ҳазор сомониро ташкил намуданд.
Маблағгузории барномаҳои соҳавӣ дар тамоми давраи фаъолият тибқи ҷадвал чунин мебошад:

«Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» «Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019» «Барномаи давлатии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ барои солҳои 2013-2020» «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»
Солҳои 2012-2019 Солҳои 2013-2019 Солҳои 2013-2019 Солҳои 2016-2019
Тибқи барнома Тибқи смета % Тибқи барнома Тибқи смета % Тибқи барнома Тибқи смета % Тибқи барнома Тибқи смета %
38605,0 5807,0 15 7610,0 4425,0 58,1 4939,0 4829,0 97,7 8685,0 2155,5 24,8

Даромади маблағҳои махсуси муассисаҳои зертобеъ, аз ҷумла таълимӣ, табъу нашр, муассисаҳои театрию консертӣ, китобхона, осорхонаҳо ва дастгоҳи марказӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 тибқи нақша 9 372,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои ҳақиқии он ба 5 310,8 ҳазор сомонӣ баробар аст, ки ин 56,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳисоботҳои омории солона, ҳармоҳа, дурнамои давлатии иҷтимоию иқтисодии соҳаи фарҳанг дар соли 2020 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2021-2022, дурнамои андозҳо иҷроиши воқеии соли 2018, баҳодиҳӣ барои соли 2019, дурнамои соли 2020 ва нишондиҳандаҳо барои солҳои 2021-2022, Буҷети заминавии соҳаи фарҳанг барои соли 2020 ва параметрҳои дурнамои он барои солҳои 2021-2022 таҳия карда шуда, ба мақомотҳотҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.

XII. КЎМАКҲО

Бо мақсади ҳифзи тақвияти иҷтимоӣ дар шаш моҳи сипаригардида ба мактаб- интернати №1- и ноҳияи Лахш барои харидории маводҳои зарурӣ ба андозаи 6000,0 сомонӣ кумакпулӣ пардохта шуд.
Ҳамзамон, дар арафаи ҷашни Рўзи модарон, ҷашни Наврўзи баналмилалӣ ва Ваҳдати миллӣ ба собиқадорони соҳа, шахсони камбизоат ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ба маблағи 23208,95 сомонӣ кумакпулӣ расонида шуд.

XIII. АСНОДИ РАСМӢ ВА КОРГУЗОРӢ

Дар давраи ҳисоботӣ ба вазорат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои тобеъ ва хориҷ 2753 адад ҳуҷҷату мактуб ворид гардидаанд, ки 685 ададаш аз Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ин миқдор, 10 адад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 адад фармон, 5 фармоиш, 7 адад Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 625 адад ҳуҷҷатҳо ва супоришҳои ҳукуматӣ мебошанд. 
Аз 685 санад — 251 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 379 адади он иҷро гардида, 35-тоаш мавриди иҷро қарор дорад. Ҳамзамон, дар ин давра 130 адад арзу шикоят ворид гардидааст, ки 116 адади он иҷро, 14 адад мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷумла тариқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 адад аризаву дархост ворид гардида, аз ин миқдор 22 адад иҷро гардида, 3 адад мавриди иҷро қарор дорад. Аз ин миқдор 6 ариза такроран ворид гардидааст. Инчунин ҳангоми қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият 109 нафар ба ҳузур пазируфта шуда, ниёз ва хоҳиши 71 нафари онҳо аз рўи имкониятҳо иҷро шудаанд. Дар ин давра 280 адад ҳуҷҷатҳои дохилиидоравӣ аз қабили ариза, дархост ва гузоришҳо ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби раёсату шуъбаҳои масъул коркард ва иҷро гардидаанд.
Аз дигар идораву ташкилотҳои дохилу хориҷ ба вазорат 2068 адад мактуб ворид гардида, аз ин миқдор 1002 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 664 адади он иҷро гардида, 402 адади боқимондаи он айни замон, дар раёсату шуъбаҳо мавриди таҳлилу омўзиш қарор доранд. Дар ин радиф вазорат 1721 санад омода ва ба унвони мақомотҳои дахлдор аз ҷумла, 288 адад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1433 адад ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва шаҳрвандони алоҳида пешниҳод намуд.
Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ҷадвали тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст.
Вазорати фарҳанг тамоми бурду бохтҳои аҳли санъату фарҳанг, раёсату шуъбаҳо ва бахшҳоро хаматарафа таҳлил карда, барои амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чораҳои амалӣ меандешад.