Сомонаи пешина | Шб, 20 Июл 2019 | 17:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ГУЛҲОИ ХУДРӮЙ. Ҳайати экспедитсияи санъатшиносони тоҷик бо мақсади дарёфти онҳо ба ноҳияҳои Данғара ва Темурмалик сафар намуд

 

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як гурӯҳ санъатшиносон барои пайдо кардани чеҳраҳои нави ҳунару санъат аз миёни аҳолӣ ба ноҳияҳои Данғара ва Темурмалики вилояти Хатлон сафар карданд.

Тавре аз Академияи илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар  доданд, ба гурӯҳи мазкур ходими илмӣ Кароматулло Раҳимов,  Мурод Эшонқулов ва Ҳофизи Халқии Тоҷикистон Дона Баҳром шомиланд.

Роҳбари  гурӯҳ Кароматулло Раҳимов зикр намуд, ки табъу завқи сокинони ноҳияи Данғара нисбат ба санъати мусиқӣ, шеър ва навозандагӣ қобили таҳсин аст.

«Дар баробари Файз Мадудов, яке аз истиқоматкунандагони  деҳаи Ҷартеппаи ноҳияи Данғара даҳҳо нафар сокинони санъатдӯсту фарҳангпарвари деҳу ҷамоатҳои ноҳия шод аз он буданд, ки   санъатшиносон ба суроғашон омадаанд», — илова намуд мавсуф.

Ба гуфтаи номбурда, фалак ва шашмақомхонӣ яке аз намудҳои олии ҳунарҳои мардумӣ  ба шумор рафта, дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар ноҳияи Данғара низ маълуманд. «Имрӯз дар миёни мардум шояд садҳо фалакхоне ҳастанд, ки ҳунари онҳоро муаррифӣ бояд кард», — гуфт Кароматулло Раҳимов.

Ҳофизи Халқии Тоҷикистон Дона Баҳром зикр намуд, ки шахсони ҳунардӯст ва ҳунарҷӯе, ки мо дар ин ноҳия вохӯрдем, метавонанд дар рушди санъати миллати тоҷик саҳми бориз гузоранд. «Сафари мо то 11 июл идома ёфта, бо ин мақсад аз ноҳияи Темурмалик низ дидан менамоем», — афзуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки чунин экспедитсия охирин маротиба солҳои 80-уми қарни гузашта доир шуда, дар ин замина фолклор дар шакли умум ҷамъоварӣ гардидааст.

 

АМИТ «Ховар»